ЗАБОН ҲАСТИИ МИЛЛАТ

184

Забон воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон аст. Ҷомеъа ва забон баробар пайдо шудаанд ва зуҳури ҳар ду ба меҳнат вобастагӣ дорад. Забон хоси инсон буда, яке аз нишонаҳои асосии миллат, яъне оинаи фарҳанги халқ аст.Миллат бо ҳама шукуҳу шаҳомат, урфу анъана маърифату фарҳанг, ахлоқ, биниш ва ғайра дар забони зиндаи худ аксандозӣ мекунад. Инсон фикри худро бо роҳҳои гуногун имову ишора, ранг, садо ифода карда метавонанд, аммо воситаи умдаи фикрии инсон забон аст. Ҳар як забони зинда аз ҳастии ин ё он миллат дарак медиҳад. Ҳамин тавр вобаста ба рушди ҷомеа забонҳо низ инкишоф ёфта, ба дараҷаи миллӣ расидаанд. Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати олам буда, се марҳилаи тӯлонии инкишофро аз сар гузаронидааст: забони форсии қадим, забони форсии миёна ва забони форсии нав. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷики гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хати сабз аз як китоб ба китоби дигари таърих сабт мекунад. Шоирону нависандагон ва донишмандони оламшумул, мисли Абуабдулло Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Саъди Шерозӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айни ва дигарон асарҳои ҷовидонаву орифонаи худро бо забони тоҷики эҷод карда, шуҳрати ин забонро боз ҳам афзунтар гардонидаанд.Тоҷикон забони худро ниҳоят дӯст медоранд. Новобаста аз фишори чандинкаратаи аҷнабиён ин забон завол наёфта, баръакс асолати таърихии худро нигоҳ дошт. Оре, ҳастии ҳар як миллату давлат ба забони ӯ марбут аст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон низ вазифадор аст, ки забони модарии худро гироми дошта, дигаронро низ баҳри фарогирии он талқин намояд. Ҳифзи ин сарвати беназири миллат барои донистани дигар забонҳо ҳамаҷониба мусоидат мекунад.

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

Омӯхтани сад забон осон гардад.

Раиси шурои духтарон ва занони факултети физика, Иматшоева Н.Д.