Кафедраи электроникаи физикӣ

Кафедраи электроникаи физикӣ соли 1990 дар асоси ихтисоси радиофизика ва  электроника, ки ҳанӯз соли 1980 дар факулта кушода шуда буд, таъсис дода шудааст. Мудири аввалини он профессор Fафуров В.F.(1992-1997) буд. Аз соли 1998 то соли 2009  ва аз соли  2013 то апрели 2018  мудири кафедраро номзади  илмҳои техникӣ, дотсент Гадоев С.М иҷро менамуд. Аз моҳи апрели соли 2018 то  ин ҷониб роҳбарии кафедраро  номзади  илмҳои физикаю математика, дотсент Ҳамроқулов Р.Б.  ба уҳда дорад.

Аз соли 2009 то соли 2012  дотсент  Азизов К.Ҷ. ин вазифаро ба уҳда дошт. Ҳоло дар кафедра як нафар  профессор Султонов Н.С., 1 нафар доктори илмҳои техникӣ Гадоев С.М., дотсентон Акобирова А.Т., Fафуров О.В., Хамроқулов Р.Б. ва 2 ассистентон Наимов У.Р., РаҳматовБ. кор ва фаолият менамоянд.

         Аз бахши фанҳои умумикасбӣ 14 фан ва аз чор фанни интихобӣ  устодони кафедра дарс мегӯянд. Бахши фанҳои тахассусӣ 8 фанро дар бар мегирад. Аз фанҳои умумикасбӣ дар 9 фан  ва аз фанҳои тахассуси дар 6 фан корҳои лабораторӣ гузошта шудааст.

         Дар кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар ду самт иҷро мешаванд ва рохбари ин самтҳои  илми  н.и.ф м. Ҳамроқулов Р.Б. мебошад. Самти аввал ба омӯзиши таъсири омилҳои беруна ба маводҳои нимноқилӣ ва асбобҳои дар асоси онҳо сохташуда тааллуқ дошта (роҳбараш  Гадоев С.М.), самти дигар ба сохтани асбобҳои детекторӣ ва фотоэлементҳои дар асоси пайвастагиҳои нимноқилҳои поликристаллӣ  бахшида  шудааст(роҳбараш Султонов Н.). Устодони кафедра ба ихтирокорӣ низ рағбат доранд. Масалан, ихтирои Акобирова А. ва Обухов Ю.В. таҳти №1794 323А3 дар мавзӯи «Тарзи тайёр кардани пардаҳои детектории нурафкании ионизатсионӣ дар асоси теллуриди кадмий» ва ихтирооти  Гадоев С. ва  Скоробогатов П.К. дар мавзӯи «Такт –ПЗУ 256 КР» ба қайд гирифта шудаанд.

Аз тарафи устодони  кафедра, д.и.т. Гадоев С.М. дастури таълимии «Асбобҳои оптоэлектронӣ», «Контрольно измерительная работа», «Твердотельная электроника», «Основы микросхемой  практики», «Таъсири омилҳои радиатсионӣ ба сохтори технологияҳои нимноқилӣ», «Таъсири афканишоти ионизатсиякунанда ба параметрҳо ва хосиятњои физикии сохторҳои нимноқилии технологияҳои гуногун»,   проф.Султонов Н. «Асосҳои электроника»- қисми 1,2  проф.Султонов Н., дотсентон Азизов К.Ҷ, Акобирова А.Т. ва муаллими калон Ҳамроқулов Р.Б. «Корҳои лабораторӣ аз радиоэлектроника»- қисмҳои 1-2, дастури таълимӣ аз тарафи дотсент Хоҷаев Т.А. ва муаллими калон  Ғафуров О.В. «Корҳои озмоишӣ аз курси махсус» (физикаи тобишзо) нашр шудаанд.  

АЛОҚАҲОИ ИЛМӢ:

1. Институти физикаю техники ба номи С.У.Умаров.

2. Институти ҳаставии Ш.Санкт-Петербург, Федератсияи Россия. ҷикистон.

III. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ.

  1. Донишгоҳи славянӣ – тоҷикӣ.
  2. Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ.
  3. Донишкадаи технологии Тоҷикистон.

VII.Институти муттаҳидии тадқиқотҳои ҳастаӣ, шаҳри Дубнаи, Федератсияи Россия.

Маълумотномаи мудири кафедраи электроникаи физикӣ

Маълумотномаи доктори илмҳои техникӣ Гадоев Сабзаалӣ Мухшулович

Ҳимояи Наимов Умедҷон Розибекович

Фармон оид ба додани дипломи Наимов Умедҷон Розибекович