Кафедраи оптика ва спектроскопия

                  ТАЪРИХИ КАФЕДРА

         Кафедра  соли 1961 дар асоси ихтисоси “Оптика ва спектроскопия” ташкил ёфта, мудири нахустини он номзади илмҳои физикаю математика Мустафин К.С.  буд.  Баъд дар муддати зиёда аз 10 сол вазифаи мудириро дотсент Альперович Л.И. ба ӯҳда дошт. Дар солҳои 1976-1985 дотсент  Нарзиев Б.Н., солњои 1986-1991 дотсент Ҷумъабоев Қ. ва солҳои 1992-2009 Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, профессор  Нарзиев Б.Н. муддати 28 сол мудири кафедра буданд. Дар тањти роҳбарии профессор Нарзиев Б.Н.  як қатор масъалаҳои илмӣ, таълимӣ ва методӣ ҳалли худро ёфтанд ва дар тараққӣ додани самтњои асосии фаъолияти кафедра ҳиссаи калон гузоштанд.

          Солњои 2009-2018 кафедраро, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Исломов З.З. роҳбарӣ намуд. Соли 2010 кафедра ба бинои таълимии нав  кучид. Ҳамаи лабораторияњои таълимӣ, илмӣ аз нав таҷҳизонида  шуданд. Масъалањои  таълимӣ-илмӣ ва методӣ бо зудӣ ҳалли худро ёфтанд. 

Аз соли 2018 то 2022  ин вазифаро доктори илмҳои физикаю математика, профессор Муллоев Н.У. ба ӯҳда дошт. Алҳол иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраро дотсент Файзиева М.Р. ба уҳда дорад. Ҳоло дар кафедра   номзади илм, дотсент Исломов З.З., Файзиева М.Р. ассистентон Давлатмамадова С.Ш.,    Ҳодиев М.Ҳ.), мудири лаборатория н.и.ф.-м Давлатҷонова Ш ва муҳандис Саидова С.  кор  мекунанд.

Самти асосии илмии кафедра 

Мавзуъи илмии тадқиқоти кафедра  «Таҳқиқи таъсири байни ҳамдигарии молекулаҳои бисёратома бо ёрии усулҳои спектроскопӣ ва ҳисобкуниҳои кванто-химиявӣ».

Дар тўли мављудияташ кафедраро зиёда аз 1600 нафар донишљўёни шўъбањои рўзона, шабона ва ѓоибона хатм кардаанд.  Аз  онњо 150 нафарашонро номзадон ва докторони илм ташкил мекунанд. Хатмкардагони кафедра дар бисёр корхонаву муассисањои илмї, истењсолї ва давлатии ЉТ ва берун аз он дар шањрњои Москва, Санкт-Петербург, Новосибирск, Уфа, Ќазон, Воронежи ФР ва Мински ЉБ бомуваффаќият кор  карда истодаанд.

Аз љумлаи хатмкардагони кафедра дар солњои гуногун Мустафин К.С., Альперович Л.И., Марупов Р.М., Ястребинский А.А., Осимов М.М., Немец В., Забиякин Ю.Е., Нарзиев Б.Н., Нуруллоев М., Коровина В.М., Абдуллоев С.Ф., Норматов И.Ш., Муллоев Н.У. ва ѓ.  рисолањои доктории худро њимоя  намуданд.

Корҳои таълими

Кафедраи оптика ва спектроскопия иљрои таълими ќисми “Оптика”-и курси физикаи умумиро дар  ихтисосњои физика, радиофизика ва электроника, метеорология ва климатология, астрономия, радиоэкология, мошинњои њисоббарор, системањо ва шабакањо,  метрология-стандарт ва сертификат  таълими фанњои тахассусиро барои донишљўёни курсњои 2.3-4 соњаи “оптика ва спектроскопия” аз курсњои махсуси «Сохтор ва хосиятњои молекулањо», «Спектроскопияи  атомї», «Спектроскопияи таъсири байнимолекулї», «Спектроскопияи молекулї», «Лазерњо»,   «Спектроскопияи амалї», «Тањлили спектралї», «Люминессентсия»,   «Истифодаи МЭЊ дар спектроскопия»-ро таъмин менамояд. Доир ба ин соњањо корњои илмї-тадќиќотї низ  васеъ ба роњ монда шудаанд.

                    Корҳои методии кафедра

Устодони кафедра инчунин ба таълифи китобњои дарсї, дастурњои таълимї, васоитњои методї ва лабораторї диќќати љиддї медињанд. Аз љумла: Нарзиев Б.Н.- «Сохтори молекула ва таъсири байнимолекулї», Ќ.1-2. Душанбе, 1978-1982; Альперович Л.И., Нарзиев Б.Н. ва диргарон- «Оптика», Ќ.1, Душанбе, 1984; Нарзиев Б.Н.- «Спектроскопияи муњитњои конденсї», Душанбе, 2000; Нарзиев Б.Н., Исломов З., Нуруллоев М.- «Корњои амалї аз оптика», Душанбе, 2009; М. Нуруллоев, З. Исломов, М. Файзиева- «Спектроскопияи атомї», Душанбе, 2009; М. Нуруллоев,  З. Исломов, М. Файзиева – «Оптика», Душанбе, 2010; М. Нуруллоев,  З. Исломов,  – «Супоришњои тестї, формула, ќонун ва ќоидањои асосии оптика. Душанбе, 2012;     Муллоев Н.У., Исломов З.З  Дастурамал оиди корњои лабораторї аз фанни «Спектроскопияи молекулї» Душанбе,  2013., Н.У. Муллоев, З.З. Исломов   «Дастурамал оиди корњои лабораторї аз фанни Оптика», Душанбе, 2014; Н. У. Муллоев, З.З. Исломов     «Усулњои оптикии тањлил», Душанбе, 2015; Нарзиев Б.Н., Исломов З.З. «Хосиятњои оптикиву спектроскопї ва донориву аксептории пайвастагињои гетеросиклї», Душанбе, 2018;Оптика маҷмӯи масаълаҳо ва саволҳои тестӣ Н.У.Муллоев ,Т.А.Хоҷаев,Ф.Х.Истамов,Р.М.Сафарова Душанбе соли218 Исломов З., Муллоев Н., Файзиева М., Љумабоев А., Мурадов Ѓ.  «ОПТИКА», Самарќанд, 2019.Спектроскопияи атомӣ Исломов З.З.,Файзиева М.Р.,Ҳодиев М.Ҳ., Душанбе -2022

Корњои илмї-тањќиќотї љузъи калонтарини кафедра ба шумор  мераванд. Мавзўъњои илмии буљавии кафедра дар наќшањои координатсионии АИ СССР дохил гардида буданд. Дар асоси иљрои ин наќшањо усулњои нави таљрибавї ва њисобии муайян намудани хосиятњои  оптикии  моддањои гуногун (моеъњо, мањлулњо, лавњањо) ва сохтори онњо дар соњаи баѓоят васеи спектри фурўбурди молекулањо кор  карда  шуданд. Дар солњои 1980-1990 базаи моддї-техникии кафедра аз њисоби иљрои корљои шартномањои хољагї, ки на танњо ањамияти илмї, балки илмї-амалї доштанд, ба таври назаррас  афзуд. Натиљањои илмї доир ба мавзўъњои њам буљавии давлатї ва њам  шартномавї дар коркарди усулњои оптикии назорати тозагии муњити атроф, технологияи лазерї, дар њалли як ќатор масъалањои физикаи моеъњо, тиб, фармакология ва дигар соњањои омехта татбиќи худро ёфтанд. 

Натиљањои корњои илмї дар матбуоти соњавии марказї ва љумњуриявї, инчунин  дар маљмўањо чоп гардида, дар конференсия ва симпозиумњои Байналхалќї ва Љумњуриявї маърўза  шудаанд. Дар  кафедра корњои ихтироотї низ ба роњ монда шудаанд. Кормандон ва устодони кафедра соњиби 20 шањодатномаи  муаллифї  гардидаанд.

 Соли 2011 бахшида ба 50-солагии кафедра конференсияи байналмилалї дар мавзўи «Масъалањои муосири спектроскопияи молекулии муњитњои конденсї» ва соли 2018 конференсияи байналмилалии «Масъалањои актуалии физикаи муосир» бахшида ба 80-солагии ёдбуди Арбоби илм ва техникаи Тољикистон, доктори илмњои физикаю математика, профессор  Нарзиев Б.Н. дар сатњи баланд гузаронида шуданд.

Ҳамкориҳои байналмилалӣ

Кафедра бо як ќатор  муассисаву донишгоњ ва пажўњишгоњњои илмии  Федератсияи Россия, Љумњурињои Украина, Белоруссия, Ўзбекистон ва як ќатор муассисањои ЉТ алоќањои зичи илмї дорад.

Марказҳо, кабинетҳо, лабораторияҳо:

Дар кафедра доир ба  соњањои њозиразамони оптика ва спектроскопия  курсњои тахассусї хонда шуда, корњои лабораторї, курсї, дипломї ва магистрї иљро мегарданд. Дар корњои илмї-тањќиќотї донишљўён низ фаъолона иштирок намуда, њаммуаллифи корњои илмї ва фишурдаи маърўзањо мебошанд.

Њамин тариќ, оптика ва спектроскопия соњаи замонавї ва ояндадори  физика буда, усулњо ва принсипњои он дар аксарияти соњањои хољагии  халќи  љумњурї ва берун аз он истифода  мешаванд.

Докторантура вааспирантура:

Дар кафедра аспирантон ва докторантон кору фаъолият менамоянд

Кори асосии кафедра ин тайёр намудани мутахасисони соҳаи илми педагогӣ

АЪЗОЁНИ КАФЕДРА

Файзиева Малохатхон Рахимджоновна

И.в. мудири кафедра

E-mail; fayzieva-mr@mail.ru

Тел: +992 907815024

к. Рудакӣ 17, факултети физика, ДМТ

Файзиева Малоҳатхон Рахимҷоновна – иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи оптика ва спектроскопия н.и.ф.-м., дотсент.

Файзиева Малоҳатхон Рахимҷоновна соли 15.11.1970 дар ноҳияи Ленин Ҳоло Рӯдакӣ Ҷумҳури Тоҷикистон тавалуд шудааст . Соли 1977-1988 дар мактаби миёнаи №3 ноҳия хондааст. Соли 1988 ба донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуда онро солди 1993 хатм намудааст.

Баъд аз хатми донишгоҳ   Файзиева Малоҳатхон Рахимҷоновнаро аз рӯй тақсимот ба кафедраи оптика ва спектроскопия ба  ба ҳайси лабарант ,лаборанти калон мудири лабораторияи таълимӣ,ассистенти кафедра, муаллими калон ба аспирантураи донишгоҳ  дохил шуда онро хатм намуда соли 2017 рисолаи номзадиашро ҳимоя намуда аз соли 2019 ба вазифаи дотсенти кафедра кору фаъолият намуда истодааст . Ҳоло Ҳозир корҳои илми худро доир ба омузиши таъсири байни ҳамдирари молекулаҳои бисёратома бо усули спектроскопи ва ҳисоби кванто химияви давом дода истодааст.

+++++IMG_7710

Исломов Зафар Зулфонович

Н.и.ф.-м доценти кафедра

Тел: +992 907805828

E-mail; optik_laser@mail.ru

к. Рудакӣ 17, факултети физикаи ДМТ

Исломов Зафар Зулфонович  соли  25.04.1967 дар ноҳияи Айнии деҳаи Урметани вилояти Суғди  таваллуд шудааст

Баъди хатми мактаби миёна ба донишгоҳи давлати Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохилшуда онро соли 1992 хатм намудааст. Аз соли 1992 ин ҷоноб дар факултети физика кафедраи оптика ва спектроскопия кору фаъолият мекунад. Соли 1997 ба аспирантураи донишгоҳ дохил шуд. Соли 1999 рисолаи номзадиашро дифоъ намудааст.  

У дар вазифаҳои ассистенти кафедра, муаллими калон,мудири кафедра муовини декан оид ба таълим ва айни ҳол дотсенти кафедра шуда кор мекунад.   

IMG_1313

Н.и.ф.-м., ассистенти кафедра

+992 937240990

E-mail; masrur_hodiev@mail.ru

К.. Рудакӣ 17, факултети физикаи ДМТ

Ходиев Масрур Хомидхочаевич к.ф.м.н. соли 24.09.1990 дар ноҳияи Айнии деҳаи Сангисони вилояти Суғди  таваллуд шудааст  . Соли  1997 то 2008 дар мактаби миёнаи №19 таҳсил ва хатм намудлааст.. Баъд аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳи мили Тоҷикистон 2009дохил шуда онро соли 2014 хатм намудааст. Аз соли 2014 то инҷониб дар факултети физика кафедраи оптика ва спектроскопия кору фаъолит мекунад . Соли 2017 ба аспирантураи донишгоҳ дохил шуда онро соли 2020 хатм намуд соли 2022 рисолаи номзадии худро дифоқ намудааст 

Давлатмамадова Сабик Шомамадовна

Н.и.ф.-м., ассистенти кафедра

+992 93-538-26-67

E-mail; sabik1980@mail.ru

К.. Рудакӣ 17, факултети физикаи ДМТ

Давлатмамадова Сабик Шомамадовна соли 20.06.1980 дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ таваллуд шудааст. Соли 1998 мактаби миёнаи № 9 шаҳри Хоруғро хатм намуда ҳамон сол ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи  М.Назаршоева, ба факултети физика дохил шуда онро соли 2003 хатм намудааст. 

Баъди хатми донишгоҳ соли 2003 ба ДДТ ба кафедраи оптика ва спектроскопия ба ҳайси лаборант ба кор омад.соли 2004 ба вазифаи мудири лабораторияи таълими аз соли 2011то 2013 аспиранти кафедра аз соли 2014 ба ҳайси вазифаи ассистенти кафедра кору фаъолият дорад. Соли 2022 рисолаи номзадиашро дифоъ намуд.

Давлатджонова Шукуфа Худжамбердиевна

Н.и.ф.м., мудири лабораторияи таълимӣ

E-mail; shukufa-d@mail.ru

к. Рудакӣ 17, факултети физикаи ДМТ

Давлатджонова Шукуфа Худжамбердиевна соли  22.02.1986 дар ноҳияи Ишкошими вилояти ВМКБ таваллуд шудааст . Баъди хатми мактаби миёнаи №15 Ӯ соли 2005 ба Донишгоҳи милли Тоҷикистон факултети физика ихтисоси физика дохил шуда онро соли 2010 хатм намудааст.Баъди хатми донигоҳ ба мактаби №15 ба ҳайси муаллимаи фанни физика ба кор шӯруъ намудааст. Соли 2011 ба донишгоҳ ба ҳайси лаборанти калон дар институти илми тадқикоти ДМТ дар шуъбаи физикаи муҳитҳои конденсӣ ба кор шуруъ кард.  Соли 2012 ба  аспирантура дохил шуда онро соли 2015 хатм намудааст соли 2022 рисолаи номзадиашро дифоъ намуд . Аз сентяри соли 2022 ба кафедраи оптика ва спектроскопия ба ҳайси мудири лаборатория   коркарда истодааст.   

20190214_140527

муҳандиси кафедра

Тел: +992 93812.52.22

к. Рудакӣ 17, факултети физикаиДМТ

Саидова Сония Хайдаровна  соли  1996  дар кафедраи физиологияи одам ва ҳайвони факултети биологияи ба ҳайси лаборант кор кардааст.  Аз аз соли 2001 то ҳол   дар факултети физикаи ДМТ дар корҳои зерин   : диспечери шуъбаи ғоибонаи  соли 2003то 2008 донишҷуи шуъбаи ғибонаи  методисти шуъбаи ғоибона. Аз соли 2010 то ин ҷониб муҳандиси кафедраи оптика ва спектроскопия шуда кор мекунад .