Ҷамъияти илмии донишҷуён (соли таҳсили 2022-2023)

Ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултети физикаи ДМТ ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрии донишҷӯён мебошад, ки дар асоси манфиатҳои умумии илмӣ муттаҳид шуда, дар кафедраҳо, лабораторияҳо ва дигар кафедраҳо ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ фаъолона машғуланд. Дар факултети физикаи ДМТ 10 маҳфили илмӣ амал мекунад. Ҳар як кафедра ба донишҷӯён вобаста ба фаъолияти илмии онҳо мавзӯъҳои гуногун пешниҳод мекунад. Хонандагон аз руи мавзуъхои гуногун маъруза тайёр карда, дар мачлисхои маҳфил баромад мекунанд. Инчунин, донишҷӯёни дорои қобилияти эҷодӣ метавонанд бо кӯмаки роҳбари худ навовариҳои худро таҳия ва такмил дода, барои ширкат дар озмунҳои гуногун пешниҳод кунанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар баробари ҳузури маҳфилҳои гуногун дар кафедра барои донишҷӯёни факултет маҳфили илмию ҷамъиятии «НЕРУ» низ амал мекунад. Мақсад аз фаъолияти ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултети физикаи ДМТ мусоидат намудан ба баланд бардоштани сифати тайёрии донишҷӯён мутобиқи талаботи муосир ба таҳсилоти олӣ, инкишоф ва истифодаи самараноки неруи эҷодии донишҷӯён ба ҳисоб меравад.

Маҳфили умумифакулететии “НЕРУ”

Маҳфилҳо дар назди кафедраҳо