ДУШАНБЕ – МАРКАЗИ ИЛМУ ФАРҲАНГ ВА ТАМАДДУНИ МИЛЛӢ

7

Имрӯз (22.04.2026) дар факултети физикаи ДМТ ҳамоиши илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе таҳти унвони «Душанбе – маркази илму фарҳанг ва тамаддуни миллӣ» баргузор гардид.

Ҳамоишро декани факултет, дотсент Қодирзода З.А. оғоз бахшида, иброз намуд, ки Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тули солҳои охир ба маркази муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии кишвар табдил ёфтааст. Имрӯз шаҳри мо бо кӯчаҳои васеъ, биноҳои замонавӣ, боғҳои зебо ва фазои орому созандааш намунаи равшани пешрафт ва ободонӣ мебошад.

Зимнан дар ҳамоиш доктори илмҳои физикаю математика, профессори кафедраи мошинҳои ҳисоббаро, система ва шабакаҳо, Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмиддиниён Асадулло Мирзо дар мавзуи «Душанбе — шаҳри ормонҳо ва имкониятҳо», доктори илмҳои физикаю математика, профессор Солиҳзода Давлат Қуват оид ба мавзуи «Рӯзи пойтахт: рамзи рушд ва пешрафт» ва донишҷӯи курси дуюми факултет Оқилшозода Эраҷ дар мавзуи «Нақши ҷавонон дар рушди пойтахт» маърузаҳо намуданд.

Дар идомаи ҳамоиш дониҷӯёни факултет дар васфи шаҳри Душанбе шеърҳо қироат намуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки таҷлили Рӯзи пойтахт моро водор месозад, ки ба гузашта назар афканем, дастовардҳои имрӯзаро қадр намоем ва барои ояндаи боз ҳам дурахшон нақшаҳои нав тарҳрезӣ кунем. Ҳар яки мо бояд дар доираи имкониятҳои худ барои ободонӣ, пешрафт ва рушди пойтахти азизамон саҳмгузор бошем.