Кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт

Таърихи кафедра

Кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт (КФҶС) соли 1955 бо ташаббуси Ходими шоистаи илми Тоҷикистон профессор Б. Н. Нарзуллоев дар заминаи кафедраи физикаи эксперименталӣ ташкил шудааст. Баъдтар, соли 1965 дар заминаи КФҶС Лабораторияи проблемавии физикаи мустаҳкамии полимерҳо, ки ҳоло номи Шӯъбаи илмию таҳқиқотии физикаи муҳитҳои конденсиро (ШИТ ФМК) дорад, таъсис дода шуд. Дар ҳамбастагӣ имрӯзҳо КФҶС ва ШИТ ФМК яке аз марказҳои пуркуввати илмӣ ва таълимии омӯзиши сохтор ва хосиятҳои физикии ҷисмҳои сахт ва полимерҳо дар ҷумҳурӣ ва Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд. Дар тӯли фаъолияти худ кафедра дар ҳамкорӣ бо ШИТ ФМК 15 доктор ва зиёда аз 60 номзадони илмро тайёр намудааст.

Сарварии кафедраро солҳои гуногун профессорон С.Н. Каримов (1965-1972), Б.Н. Нарзуллоев (1972-1982), М.Қ. Қурбоналиев (1982-1997) ва Ш.Т. Тӯйчиев (1997-2009) Ҳ. М. Абдуллоев (2009-2017) ба ӯхда доштанд? Ҳоло мудири кафедра дотсент Р.Т. Қодиров мебошад. Дар кафедра профессорон Ҳ. М. Абдуллоев, Ҷ. Рашидов, дотсентон С.Х. Табаров, Соибов А. А. муаллимони калон н.и.ф.-м. Р.Т. Шоимов Э. Ҷ., И. Юлдошев, ассистентон Ғафоров Ф. А. Тураев А. Х., мудири лабораторияҳои таълимӣ М. Ҷӯраева М., муҳандис Исматов Ш., лаборантон Меликов Б. ва Н. Исмоилзода ба корҳои илмию таълимӣ машғуланд.

Кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт кафедраи воҳиди илмию таълимӣ ва тахассусӣ буда, дар он ба донишҷӯёни курсҳои болои аз курсҳои махсуси физикаи ҷисмҳои сахт, физика ва химияи полимерҳо, таҳлили рентгении сохтори модда, физикаи маҳлулҳои полимерҳо, усулҳои таҳқиқи сохтор ва хосиятҳои ҷисмҳои сахт, физикаи мустаҳкамӣ ва вайроншавии ҷисмҳои сахт ва полимерҳо ва ғайра дарс гуфта мешавад. Илова бар ин устодони кафедра аз курсҳои механика, физикаи молекулӣ, метрология, стандартикунонӣ ва сертификатсия, радиотехника ва радиоэлектроника барои донишҷӯёни ихтисосҳои гуногуни факултети физика ва дигар факултетҳои донишгоҳ таълим медиҳанд. Яке аз самтҳои фаъолияти кафедра нашри китоб ва дастурҳои таълимӣ мебошад, ки ба он диққати махсус дода мешавад. Дар давоми фаъолияти кафедра аз ҷониби кормандони он зиёда аз 20 китоби таълимӣ, 10 монография ва наздики 50 дастури методӣ таълиф карда шудааст, ки ба қалами профессорон Б.Н. Нарзуллоев, С.Н. Каримов, М.Қ. Қурбоналиев, Ш.Т. Тӯйчиев, Ҳ.М. Абдуллоев, дотсентон П.Ҳ. Эрфан, С.Н. Низомиддинов, В.А. Мирзоева, Ю.А. Авазов, А.И. Ҳукматов, Ҷ. Рашидов, С.Х. Табаров, ва дигарон тааллуқ доранд. Кормандони кафедра бо марказҳои илмии шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Киев, Майне (Олмон), Нагано (Япония) ҳамкории илмӣ доранд.

Фаъолияти илмии КФҶС шоёни диққати махсус аст. Таҳқиқоги илмии кафедра ба самти илмии физикаи муҳитҳои конденсӣ тааллуқ дошта, мавзӯи физикаи мустаҳкамӣ ва пластикнокии ҷисмҳои сахт ва полимерҳоро дар бар мегирад. Дар зарфи 5 соли охир аз ҷониби устодони кафедра зиёда аз 60 мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои дохилӣ ва хориҷӣ нашр гардидааст. Кормандони кафедра иштирокчии кулли конфронсҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошанд. Аз ҷониби онҳо зиёда аз 100 номгӯи фишурдаҳои маърӯзаҳо ба табъ расонида шудааст. Кори ихтироот дар КФҶС байни шӯъбаҳои ДМТ сермаҳсул ба шумор меравад. Устодони кафедра дар ҳамкорӣ бо кормандони ШИТ ФМК дорои зиёда аз 20 номгӯйи шаҳодатномаҳои ихтироъ мебошанд, ки ба соҳаҳои гуногуни илм ва техника мансубанд.

Шурӯъ аз соли 2004 устодон ва кормандони КФҶС ба тадқиқи васеи сохтор ва хосиятҳои физикии системаҳои конденсии нанокарбондор, аз ҷумла маҳлулҳои нанокарбонҳо, полимерҳои нанокарбондор ва нанотехнология, ки диққати марказҳои калонтарини илмии ҷаҳониро ба худ ҷалб кардаанд, машгул мебошанд. Олимони кафедра ва шӯъба маҳз ба тавассути дастовардҳои худ дар ин самт ғолиби озмуни маркази байналмиллии илмию техники буданд ва имрӯзҳо барои давом додани барномаи бурси ҳамин ташкилот кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Натиҷаҳои назарраси фаъолияти илмии КФҶС ва ЛИТ ФМП дар солҳои охир, ки дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф шудаанд, зеринанд: 1. Таснифи умумии рентгенограммаҳои кунҷҳои хурди полимерҳо, ки онҳо ба самти илмии нав-«технологияи сохтори маводҳо» замина гузоштанд. 2. Хосиятҳои электрноқилияти полимерҳои табиӣ (пахта ва абрешим) вобаста ба сохтор, таъсири омилҳои беруна ва даври инкишофи биосинтетикии онҳо омӯхта шуданд. Дар асоси ин таҳқиқот масъалаи сохтани асбобҳои нимноқилӣ (термо- ва фоторезисторҳо) пешниҳод гардиданд. 3. Таҳқиқи сохтор, хосиятҳои реомеханикӣ ва релаксатсионии сополиэфирҳои моеъкристаллӣ, имконияти дар асоси онҳо ҳосил намудани нахҳои мустаҳкам ва модули чандирии калондоштаро фароҳам овард, ки онҳо ҳамчун маводи конструксионӣ хизмат хоҳанд расонд. 4. Ҳодисаи тағйироти доимиҳои гармофизикии чандирии панҷараи кристаллии маводҳои техникӣ-конструксионии нурбороншуда кашф карда шуд. Муайян гардид, ки нуқсҳои радиатсионй, гарчанде ба тариқи оморй дар сохтор пайдо шаванд ҳам, вале дар самтҳои муайяни кристаллографӣ ҷамъ мешаванд.

Саҳми кафедра дар тайёр намудани кадрҳои унвондори илмӣ назаррас аст. Дар давоми фаъолияти кафедра Маҳмудов И., Муҳаммад А.Т., Шоимов У., Аловиддинов А., Шоимов Э. рисолаҳои номзадӣ ва дотсент Рашидов Ҷ. рисолаи доктории худро бомуваффақият ҳимоя намуд. Дар кафедра 2 маҳфили илмии донишҷӯён доир ба физикаи полимерҳо амал менамояд, ки дар он донишҷӯёни курсҳои 3-4 оид ба соҳаҳои мухталифи тадқиқотҳои илмии худ бо маърӯзаҳо баромад мекунанд. Саҳми устодони кафедра дар инкишофи илми ҷумҳурӣ, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи маориф калон аст. Барои натиҷаҳои назаррас дар соҳаи илм ва тадрис асосгузори кафедра, профессор Б.Н. Нарзуллоев бо унвони фахрии «Ходими шоистаи илми Тодикистон», профессор Ш.Т.Тӯйчиев бо медали тиллоии маркази байналмилалии патентии Авру Осиё, ҷоизаи академияи илмҳои Ҷумҳурии Тодикистон ба номи академик С.У. Умаров ва бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тодикистон», профессор Ҳ.М. Абдуллоев бо «Ордени Шараф» дарадаи II сарфароз гардидаанд. Дотсент Ҷ. Рашидов барои фаъолияти назарраси ихтироъкорӣ бо Ифтихорномаи дарадаи якуми маркази иттилооту патентии Ҷумҳурии Тодикистон мукофотонида шудааст. Муаллими калон И. Юлдошев «Аълочии маорифи Тоҷикистон» мебошад. Профессорон Х,.М. Абдуллоев, ва дотсент С.Х. Табаров аъзоёни Шӯрои дассертатсионии Донишгоҳ оид ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадианд. Кафедра дорои тадҳизоти зарурии техникӣ аст, ки баҳри танзими ҷараёни илмӣ ва таълимию методӣ истифода бурда мешавад. Соли 2012 дар заминаи кафедра ихтисоси нав: Метрология, стандартонӣ ва сертификатсия (54010104) кушода шуда, устодони нахустини он дотсент Соибов А.А., ассистент Ғаффоров Ф.А., Тураев А. Х. ва Исматов Ш. ҳамчун устодони штатӣ, доктори илмҳои техникӣ Ғаффоров А.А., дотсент Умирзоқов А.А., муаллими калон Ясинов Ш.М., Раҳматуллоев У. ҳамчун устодони ғайриштатӣ фаъолияти илмию омӯзгориро ба ҷо меоваранд.

Маълумотномаи мудири кафедра

Устодони кафедра