Кафедраи физикаи ҳаста

Таърихи кафедраи физикаи ҳаста

Кафедраи физикаи ҳаста с. 1960 таъсис ёфтааст. Нахуст мудири кафедра то с. 1964 дотсент Кашкарёв Л.Л. буд. Дар ин давра дар кафедра устодон Иваненко В.М., Рязанов Д.К. ва Ғафуров В.Ғ. ва проф. Чердинцев В.В. аз қисмҳои гуногуни физикаи атом ва ҳаста дарс мегуфтанд. Лабораторияҳои таълимӣ, практикуми махсус, кабинети лексионӣ аз физикаи атом ва ҳаста дар ҳамон давра ташкил ва таҷҳизонида шуданд. Солҳои 1964-1974 вазифаи мудирии кафедраро номзади илмҳои физика-математика Ғафуров В.Ғ. бар ӯҳда дошт.Дар ин давра барои тайёр кардани мутахасисони соҳавӣ бо ташабуси академикҳои АИ ИШ Флёров Г.Н. ва инчунин бо дастгирии президенти академияи улуми Тоҷикистон академик Умаров С.У. ва баъдтар, академик М.С. Осимӣ, декани факулта Ф. Ҳакимов, мудири кафедра Ғафуров В.Ғ. гурӯҳи донишҷӯён ва аспирантони лаёқатманд, аз ҷумла Январ Шукрии Самарқандӣ ба ш.Дубна АМТҲ (ОИЯИ), С.Қодирӣ, У.Орифходҷаев , С. Шухиев (ба аспирантураи МГУ ба номи Ламоносов) Қ. Шарифов,Ҳ. Нарзиев , Файз Нормуродов, В. Шариф-Зода, А. Саломов , Қ. Ҷанобилов барои коромӯзи ба шаҳрҳои Дубна, пажуҳишгоҳи «Измеран» ( назди ш. Москва, Обнинск), Ленинград ва дигар марказҳои илми тадқиқоти роҳхат гирифтанд. Дар тайёр кардани кадрҳои соҳавӣ олимони шинохтаи собиқ ИШ Г.Н. Флёров, И.М. Франк, Ф. Л. Шапиро, Ю. Ц. Оганесян, К.Д. Толстов, С. А. Карамян, Л.П. Старчик саҳм гузоштаанд. Солҳои 1974-1979 вазифаи мудири кафедраро дотсент А. А. Ястрибинский, 1979- 1982 Г. Г. Самойлов, 1982-1984 дотсент Қ. Шарипов, 1985-1991Н.Султонов, 1991-2004 А. Саломов, 2004-2005 Январ Шукрии Самарқандӣ , 2005-2010 профессор Ф. Нормуродов иҷро намудаанд. Аз соли 2011 инҷониб вазифаи мудири кафедраро дотсент Махсудов Б.И. ба ӯҳда дорад.

Фаъолияти кафедра баъди таъсисёбӣ се давраро дарбар мегирад: солҳои 1960-1970, солхои 1970-2011 ва аз соли 2011 то имрӯз.

Давраи аввал омода кардани мутахассисони тахассуси соҳаи физикаи ҳаста , давраи дуюм тадриҷан пурқувват намудани заминаи моддӣ-техникӣ, илмӣ-омӯзгории он ва давраи сеюм давраи эхёи корхои илми- тадкикоти, тайёр намудани кадрхои зарури ва ба зинаи сифатан нав баровардани макоми кафедра дар рушти илми физикаи Точикистон.

Дар кори ба миён овардани китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимии соҳавӣ ва корҳои лабораторӣ устодон Я. Ш. Самарқандӣ, С. Қодирӣ, Қ. Шарифов, Ҳ. Нарзиев, В. Ғафуров, А. Саломов О. Аббосов, Ф. Нормуродов ва Б,И.Махсудов саҳми зиёд доранд.

Дар ин давра ба забони тоҷикӣ китоби «Бунёди физикаи ҳастаи атом»и С. Қодирӣ ва «Физикаи атом» , «Маҷмӯъи масъалаҳо аз физикаи атом», «Энергетикаи атоми», «Физикаи заррахо»-и Я. Ш. Самарқандӣ , «Гузариши зарраҳои бунёдӣ аз тариқи модда»-и Файзи Нормуродов ва А. Саломов ., «Асосҳои физикаи атому ядро ва дозасанҷӣ» Нарзиев А., Махсудов Б.И. «Лазерҳо.Лазерҳо дар тиб» Муллоев Н., Махсудов Б.И., «Экологияи радиатсионӣ ва дозасанҷӣ» Нарзиев Х., «Физикаи атом ва хаста» О. Аббосов, Я. Ш. Самарканди, Ҷ.А. Саломов. Корҳои лабораторӣ аз физикаи атом ва ҳаста-и С. Қодирӣ ва Я. Ш. Самарқандӣ, корҳои лабораторӣ аз физикаи атом ва ҳаста-и Ҳ. Нарзиев, корҳои лабораторӣ аз дозасанҷи ва нурҳои радиоактив-и Ҳ. Нарзиев, корҳои лабораторӣ аз физикаи ҳастаӣ О.Аббосов , Б.И. Махсудов, Я.Ш. Самарқандӣ, С. Шухиев С., Қурбонова Х. ва ғайра нашр шудаанд.

Дар тӯли хеш кафедра аз 11 нафар омӯзгорони баландихтисоси физикаи ҳаста доктори илм (Ф. Нормуродов) ва зиёда аз 10 нафар номзадҳои илм (Я. Ш. Самарқандӣ С. Қодирӣ, У. Орифходҷаев, О. Аббосов, Қ, Шарифов, Ҳ. Нарзиев, С. Шухиев, В. Шариф-зода, А. Саломов, Қ. Ҷанобилов) тайёр кардааст. Бо қалами устодони кафедра садҳо мақолаҳои илмӣ, илмӣ -методӣ, фишурдаи маърузаҳо, китобҳои дарсӣ, васоитҳои таълимӣ, тавсия коркардҳои методӣ, монографияҳо, барномаҳои таълимӣ таълифу дастрас гаштаанд.

Дар кафедра маҳфили илмии «Изотоп» амал менамояд. Имрӯз дар кафедра 8 нафар устодон Я.Ш. Самарқандӣ, О. Аббосов, Ҳ. Нарзиев, С. Шухиев, Махсудов Б.И., Хочаев Ю. ки дараҷа ва унвони илмӣ доранд ва як нафар ассистент Камолиддинов Ф. ба фаъолияти илмӣ-омӯзгорӣ машғуланд.

Аз соли 2014 сар карда бо ташаббуси кафедра ихтисоси «Радиоэкология» кушода шуд, ки муҳандисони соҳаи амнияти радиатсионии инсон ва муҳити зистро тайёр менамояд.

Холо кафедра бо марказхои илмии бисьёр давлатҳо ҳамкории илми дорад. Масалан ДДМ ба номи М. В. Ломоносов, Пажуишгохи физикаи ба номи П.Н.Лебедев, Донишгоҳи миллии пажуҳишҳои ҳастаи (МИФИ), ПБТХ ш. Дубна(Россия), ДДБ (Белорус). Дар солхои охир як гурух донишчуёни кафедра барои ичрои рисолахои дипломи ба марказҳои илмии хориҷи кишвар равона шуданд (Камолиддинов Ф., Латипова С., Сафаров С., Қурбониён М.С.,Рахмонов Х., Меликхуҷа Наврӯз ). Камолиддинов Ф. ва Латипова С. дар аспирантураи ДДМ ба номи М.В.Ломоносов ва Сафаров С. дар магистратураи ДДБ (ш.Минск) таҳсил менамоянд.

Маълумотномаи мудири кафедра