Кафедраи физикаи назариявӣ

Таърихи кафедра Кафедраи физикаи назариявӣ соли 1958 таъсис ёфтааст. Асосгузор ва мудири аввалини он олими намоёни тоҷик академик Султон Умаров буданд. Ҳофизаи баланди илмӣ ва ташкилотчигӣ ба ӯ имконият дод, ки дар муддати кӯтоҳ дар атрофии худ ҷавонони болаёқатро муттаҳид намуда, самтҳои асосии тадқиқоти илмии кафедра, аз қабили физикаи оморӣ, физикаи плазма, физикаи ҷисмҳои сахт ва дигарҳоро муайян намояд.

Адҳамов Акобир Адҳамович, узви пайвастаи (академик) АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, директори Институти физакаю- техникии ба номи С. У. Умарови АИ ҶТ, солҳои 1964-1965 мудири кафедраи физикаи назариявии ДДТ ба номи В. И. Ленин буданд ва то охири умр дар вазифаи профессори кафедра кор кардаанд. Таҳти сарварии академик А.А. Адҳамов гурӯҳи зиёди олимон тадқиқоти илмӣ бурда, то ҳол дар кафедраҳои факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дигар мактабҳои олиии Ҷумҳурӣ ва давлатҳои муштаракулманофеъ шогирдони ӯ фаъолият карда истодаанд. Бояд гуфт, ки олимони шинохтаи тоҷик академик С. Одинаев, профессор А. Асоев, профессор Т.Х. Солиҳов, профессор М.С. Салоҳиддинов, профессор Ш.Ш. Шокиров, дотсент Абдурасулов аз ҳамин мактабанд.

Узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Ҳакимов Ф. Х солҳои 1965-1967, 1969-1980, 1982-1987 ва 1992-1996 вазифаи мудирии кафедраро ба ӯҳда дошт. Дар ин муддат як зумра дастпарварони кафедра рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намудаанд. Масалан, Қ. Комилов дар мавзӯи «Назарияи сеченакаи конденсатҳои ленгмюрӣ», Д. Қ. Солиҳов дар мавзӯи «Равандҳои ғайрихатии пароканиш дар плазма», И. Сарҳадов дар мавзӯи « Паҳншавӣ ва ангезиши мавҷҳои электромагнитии сатҳӣ дар плазмаи маҳдуд», С.Б. Канашкин дар мавзӯи «Проблемаи монандӣ дар гидродинамикаи магнитҳо», М. И.Кооп дар мавзӯи «Генератсияи майдонҳои магнитӣ ва плазмаи чархзананда» ва ғайраҳо.

Минбаъд вазифаи мудири кафедраро дотсент Ҳ.Р. Раҳимов (1967-1969), дотсент Ш.Ш. Шокиров (1980-1982) ва дотсент Қ.К.Комилов (1987-1992) Ҳ.О. Абдуллоев (1996 – 2010) ва дотсент Зарипов А.Қ. (2010-2015) ба ӯҳда доштанд. Аз соли 2015 то имруз роҳбарии кафедраро номзади илмҳои физика математика дотсент Одилов О.Ш. ба ӯҳда дорад. Ҳоло дар кафедра 12 устод аз ҷумла 2 академик (С. Одинаев, Ф.Қ. Раҳимӣ), 3 профессор (Ҳ.О. Абдуллоев, Қ. Комилов, Д.Қ. Солиҳов), 4 номзадҳои илм- (дотсентон А.Қ. Зарипов, О.Ш. Одилов, муаллими калон Р. Маҳмадбегов) ва5 ассистент (номзади илм Алишери М., Хоҷаев А.,Ҳобилов Д.,Нурулҳақов Ш., Қодирзода З)фаъолияти илмию омӯзгорӣ машғуланд.

Проблемаи асосии тадқиқоти илмии кафедра ба омӯзиши ҳодисаҳои хаттӣ ва ғайрихаттӣ дар муҳитҳои конденсӣ таалуқ дорад. Оиди татқикотҳои масъалаҳои ғайрихаттии ҷисмҳои сахт бо роҳбарии профессор Ҳ.О.Абдуллоев се рисолаи докторӣ аз ҷумла Х.Т. Холмуродов- «Ҳалли математики эффектҳои ғайрихаттӣ дар системаҳои конденсӣ» 1996, ш. Дубна, Ҳ.Ҳ. Муминов- «Масъалаҳои назарияи анизотропӣ бо назардошти майдонҳои мультиполӣ»-1996, ПМТЯ (ОИЯИ) ш. Дубна, Ф.Қ. Раҳимов ИМТЯ АИ Ҷумҳурии Қазоқистон, ва 5 рисолаҳои номзадӣ ва зери роҳбарии профессор Т.Ҳ. Солиҳов як рисолаи докторӣ У. Мадвалиев «Коркарди усулҳои нави спектроскопияи фотоакустикии муҳитхои конденсӣ »-2007, институти акустика, ш. Москва ва 5 рисолаҳои номзадӣ ҳимоя карда шудаанд.

Фаъолияти таълимии кафедраи физикаи назариявӣ асосан ба таълими фанҳои физикаи назариявӣ, аз қабили механикаи назариявӣ, механикаи квантӣ, термодинамика ва физикаи оморӣ, электродинамика, усулҳои физикаи математикӣ ва ғайра бахшида шудааст. Дар тӯли фаъолияти худ кафедра зиёда аз 350 назар мутахассисони соҳаҳои мухталифи физикаи назариявиро тайёр намудааст, ки 22 нафарашон доктори илм ва зиёда аз 100 нафарашон номзади илм мебошанд.

Имрӯзҳо хатмкардаҳои кафедра дар вазифаҳои пурмасъули роҳбарии вазорату мактабҳои олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, акдемики АИ ҶТ, профессор С. Одинаев – собиқ ректори Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, академик Ф.Қ. Раҳимӣ– президенти академияи илмҳои ҶТ, академик Ҳ.Ҳ. Мӯминов – Мушовири президенти АИ ҶТ, дотсент А.Абдурасулов – собиқ ректори Донишгоҳи техникии ҶТ, А.Т. Мақсудов собиқ ректори Донишгоҳи омӯзгории Хуҷанд, доктори илмҳои физикаю математика Д.Қ. Солиҳов – собиқ директори институти тадқиқтӣ- илмии назди ДМТ, ҳоло декани факултети физикаи ДМТ мебошанд.

Дастовардҳои илмии кафедра дар шаш монографияи илмӣ, 15 дастурҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва садҳо мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ, хориҷи кишвар, Руссия ба чоп расидаанд. Аз ҷумла, монографияи илмии С.В. Владимиров, В.Н. Цытович, С.И. Попель, Ф.Ҳ. Ҳакимов « Таъсири мутақобилӣ дар плазма» 1995 (бо забони англисӣ) Ф.Ҳ. Ҳакимов «Протсесҳои бисёрмавҷӣ дар физикаи плазма» Душанбе, 1989, Ҳ.О. Абдуллоев, А.В. Маханков, Ф.Ҳ. Ҳакимов « моделҳои классикии ғайрихаттӣ дар муҳитҳои конденсӣ» – Душанбе,1989. Ҳ.О. Абдуллоев, Ф.Қ.Раҳимов, А.В.Маханков «Муқаддима оиди назарияи солитонҳо» -Душанбе, 1997 ва ғайраҳо ба чоп расидаанд.

Махсусан солҳои охир дар кафедра навиштани дастурҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ бо забони давлатӣ , ки бешубҳа дар раванди таълим барои донишҷӯён, унвонҷӯёну аспирантон мавриди истифода қарор мегиранд, ҷоннок шудааст. Аз ҷумла ба забони тоҷикӣ китобҳои дарсии зерин нашр шудаанд:

1. М. Ҷамолов., Қ.Комилов лексияҳо аз механикаи назариявӣ қисми 1 кинематикаи нуқта ва ҷисми сахт динамикаи нуқта , Душанбе – 1982 с.

2. Д.Қ. Солиҳов., Ҳ.О. Абдуллоев., курси мухтасари назарияи функсияҳои тағйирёбандаи комплексӣ, Душанбе – 2006 с.

3. Д.Қ. Солиҳов., Ҳ.О. Абдуллоев., курси мухтасари муодилаҳои физикаи математикӣ, Душанбе – 2007 с.

4. Д.Қ. Солиҳов, Ҳ.О. Абдуллоев, Ф.Қ. Раҳимов «Усулҳои физикаи математикӣ», Душанбе – 2008 с.

5. Д.Қ. Солиҳов, Ҳ.О. Абдуллоев, А. Абдурасулов, Ф.Қ. Раҳимов Консепсияи табиатшиносии муосир , Душанбе – 2010 с.

6.Қ. Комилов, А.К. Зарипов.Механикаи назариявӣ,Душанбе –2013 с.

7. Ҳ.О. Абдуллоев, Д.Қ. Солиҳов, Ф.Қ. Раҳимов Физикаи статистикӣ Душанбе–2014 с.

8. Қ. Комилов, А.К. Зарипов, Р. Маҳмадбегов Асосҳои таҳлили векторӣ ва тензорӣ, Душанбе –2015 с.

9. Ҳ.О. Абдуллоев, Д.Қ. Солиҳов. Татбиқи назарияи функсияҳои тағирёбандаи комплексӣ дар ҳалли масъалаҳои физикаи назариявӣ. Душанбе – 2015 с.

10. Алишери М., Одилов О., Хоҷаев Ю.П., Консепсияҳои табиатшиносии муосир, Душанбе –2016 с.

11.Ҳ.О. Абдуллоев, Д.Қ. Солиҳов, Ф.Қ. Раҳимӣ – Термодинамика. Душанбе-2016. 430 сах.

12. Ҳ.О. Абдуллоев, ДҚ. Солиҳов, Ф.Қ. Раҳимӣ – Асосҳои математикии физикаи назариявӣ. Душанбе-2016. 276 сах.

13. Ҳ.О. Абдуллоев, ДҚ. Солиҳов, Ф.Қ. Раҳимӣ – Термодинамика. Душанбе-2016. 430 сах.

14. Солиҳов Д.Қ,, Комилов Қ., Зарипов А.Қ., Истамов Ф.- Маҷмуи масъалаҳо аз физика»-Душанбе-2017 с. «ТоРус». 303 саҳ.

Яке аз паҳлӯҳои муҳими фаъолияти кафедра робитаҳои илмии он бо муассисаҳои илмии хориҷи кишвар мебошад. Аз ҷумла шартномаҳои тарафайн оид ба иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо Пажӯҳишгоҳи Муттаҳиддаи Таҳқиқотҳои Ядроии ш. Москваи Федератсияи Русия. Институти физикаи ба номи П.Н. Лебедеви АИ ФР, ш.Москва, Донишгоҳи миллии ш. Киев, Украина. Институти физикаи муҳитҳои конденсии Академияи миллии илмҳои Украина, ш. Лвов ва ғайраҳо амал доранд, ки дар заминаи онҳо мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои гуногуни байналмилалӣ ба чоп расиданд. Самти дигари фаъолияти устодони кафедра иштироки онҳо дар корҳои тарбиявӣ ва ҷамъиятӣ дар факултет мебошад. Аксарияти устодони кафедра кураторони гурӯҳҳои академӣ, узви Шӯрои олимони факултет ва донишгоҳ мебошанд. Кафедра барои тайёр кардани мутахассисони болаёқат ҳамаи шароитҳоро дорад.

Маълумотномаи мудири кафедра

Самти корҳои илмӣ

ТАЪРИХИ КАФЕДРА