Кафедраи астрономия

КАФЕДРАИ АСТРОНОМИЯ

Таърихи кафедра. Кафедраи астрономия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 1999 №13/4-16,1-2 бо пешниҳоди Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи АИ ҶТ дар назди факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис ёфт. Аввалин мудири кафедра – академик Пӯлод Бобоҷонов (1999-2001) буданд. Солҳои 2001-2004 ва баъдан 2010-2011 вазифаи мудирии кафедра ба зимаи узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Х.И.Ибодинов вогузор гардид. Солҳои 2004-2010 ва 2012-2017 дар якчанд навбат вазифаи мудирии кафедраро дотсент А.А.Раҳмонов ба ӯҳда доштанд. Аз моҳи майи соли 2017 то июли соли 2019 вазифаи мудирии кафедра ба души У. М. Шоимов буданд. Ҳоло (аз 1 июли соли 2019) вазифаи мудири кафедраро А.Ғ. Сафаров ба душ доранд. Дар тӯли 21 сол аз рӯзи таъсисёбии кафедра саҳми П.Бобоҷонов, Х.И.Ибодинов ва А.А. Раҳмонов дар ташаккулу инкишофи кафедра, мураттаб сохтани нақшаву барномаҳои таълимӣ, пеш бурдани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва тарбиявии олимони ҷавон назаррас аст. Дар солҳои аввал ба ҳайати кафедра дотсент А.А.Раҳмонов ва ходими илмӣ О.Наимов ба кор ҷалб шуданд ва баъдан сафи онҳоро шогирдони кафедра А.Ғ.Сафаров, А.А.Иброҳимов, А.М.Буриев, У.Х.Ҳамроев, Л.А.Одинаева, Ҷ.Қ. Исмоилов, Ҷ.Х.Ҳаитов, С.О.Мирзохонова, Ҷ.Ғ.Шарипов, М.В.Маҳмадшоева, Ш.Б.Бобоев, Н.А.Лутфуллоев, М.Ҳ. Зуҳуров ва Т.Ҳусенова пурра намуданд. Дар ин муддат кормандони Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи АИ ҶТ Н.Х.Миниқулов, М.И.Ғуломов, Ф.А.Тупиева, Н.А.Коновалова, О.Алимов, М.Нарзиев, Г.И. Қоҳирова барои хондани курсҳои махсус ва гузоранидани мушоҳидаҳои астрономӣдар солҳои гуногун ба кафедра ҷалб шуданд.

Бо мақсади иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо ва омодасозии мутахассиси ҷавон дар кафедраи астрономия, байни ДМТ ва Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи АИ ҶТ шартномаи ҳамкорӣ баста шудааст. Мушоҳидаҳои астрономии таълимӣ ва таҷрибаҳои астрономии донишҷӯён дар расадхонаи астрономӣ Пажӯҳишгоҳи номбурда гузаронида мешаванд. Маводҳои зарурӣ барои навишти корҳои курсӣ, рисолаҳои дипломӣ, рисолаи хатм ва рисолаҳои магистрӣ дар ин базаҳо гирифта мешаванд. Кафедра дорои расадхона ва лабораторияҳои таълимӣ мебошад, ки онҳо бо телескопҳо ва асбобҳои айёнӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Телескопи асосии расадхона MEADE 16 LX200-ACF буда, масофаи конуниаш ба 4064 мм ва қутри оинааш 406,4 мм аст. Ба воситаи он объектҳои кайҳонии қадри ситоравиашон то 15,5m мушоҳида карда мешавад. Кори илмии кафедра ба ҳалли проблемаҳои таъсири фаъолнокии Офтоб ба равандҳои дар кометаҳо гузаранда алоқаманд аст. Ширкати устодони кафедра дар конфронсусимпозиумҳои дараҷаҳои гуногуни дохилӣ ва берунӣ самаранок аст. Кафедра дар якҷоягӣ бо Пажӯҳишгоҳи астрофизика якчанд конфронсҳои байналхалқӣ ва ҷумҳуриявиро гузаронд, бо олимони барҷастаи хориҷи дуру наздик семинарҳои илмӣ ташкил намудааст.

Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён «Астрономи ҷавон» амал менамояд ва аъзоёни он дар конфронсҳои донишгоҳию берун аз он маърӯзаҳои илмӣ намуда, соҳибиҷоизаҳо шудаанд. Ҳамасола дар кафедраи астрономия рӯзи 12 апрелбахшида ба «Парвози нахустини Инсон ба Кайҳон», 30 июн бахшида ба «Рӯзи астероид» ва 4 октябр бахшида ба «Ҳафтаи байналмилалии кайҳон, 4-10 октябр» семинарҳои илмию амалӣ ва назариявӣ бо доираи васеъи олимони тоҷик ва устодону донишҷӯёни ихстисоси астрономия гузаронида мешавад.

Аз соли 2014 инҷониб донишҷӯёни ихтисоси астрономия барои дарёфти Ҷоми академия, дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба дарёфти «Ҷоми Академия» ширкат меварзанд. Дар тӯли ин солҳо Хуҷаназаров Ҳ. соли 2014, Давлатов У. солҳои 2015, 2017, Файзов Ш. соли 2016, Гадоев С. соли 2018, Мавлонов Б. соли 2019 ва Нормаҳмедов Н. соли 2020 сазовори дипломи дараҷаи 1 васоҳиби «Ҷоми Академия» гаштанд.

Маълумотномаи мудири кафедра

Устодони кафедра

БАХШИДА БА 60-УМИН СОЛГАРДИ АВВАЛИНИ ПАРВОЗИ ИНСОН БА КАЙХОН