Мувофиқи нақша чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар бораи таъйин намудани ҳамоҳангсозии “Нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самти амалӣ намудани баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” садорати факултети физика дар пояи кафедраи астрономия семинари илмӣ-амалӣи «Муаммоҳои муосири астрофизикӣ» бахшида ба Рӯзи байналмилалии кайҳоннавардон ва 90-умин солгарди ситорашиноси тоҷик Воситҷон Сотиволдиевро баргузор намуд. Дар кори семинари илмӣ олимони масоили кайҳоншиносӣ аз Институти астрофизика ва Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Ҳамоишро декани факултети физика Қодирзода Зафар Абдуламин ифтитоҳ намуд.
Дар нишаст маърузаи директори Институти астрофизикаи АМИТ, номзади илмҳои физикаю математика Бӯризода Анвар Маҳмад дар мавзуи “Саҳми олимони тоҷик дар рушди кайҳоншиносӣ” шунида шуд. Иброз дошт, ки Институти астрофизика беш аз 90 сол аст, ки барои рушди илми кайҳоншиносӣ хидмат менамояд. Тоҷикистони азизамон дорои марказҳои илмии кайҳоншиносӣ – расадхонаҳои астрономӣ мебошад, ки дар минтақаҳои Ҳисор, Данғара ва Мурғоб ҷойгир буда, олимон пайваста аз ин марказҳо мушоҳидаҳои ҷирмҳои гуногуни кайҳониро ба роҳ монда, онҳоро бо усулҳои навин омӯзишу таҳқиқ менамоянд.
Дар идомаи кори семинар д.и.т., профессор Хаёл Бобоев доир ба рушди кайҳоннавардӣ маъруза анҷом доданд. Қайд карда шуд, ки дар ин муддат омӯзиши ҷирмҳои кайҳонӣ ва умуман фатҳи Кайҳон аз тарафи Инсоният бо шитоб идома ёфта истодааст. Аз аввалин парвози Инсон ба Кайҳон аллакай 65 сол сипарӣ шуд. Аллакай бори дуюм аст, ки амрикоиҳо барои ба сатҳи Моҳ нишастан кушишҳо ва маблағҳои бешуморро сарф намуда истодаанд. Ҳоло омӯзиши Кайҳон на танҳо аз тарафи давлатҳои абарқудрат, инчунин аз тарафи ширкатҳои хусуси низ амалӣ шуда истодааст.
Дар идомаи кори семинар сарходими илмии Институти астрофизикаи АМИТ, номзади илмҳои физикаю математика Обидҷон Алимов суханрони намуданд. Корҳои дар тули солҳои охир анҷомдодашуда ба равандҳои гео ва гелиофизикӣ бахшида шуда, ин падидаҳо бо таҷҳизотҳои муосири астрофизикӣ аз Расадхонаи астрономии Ҳисор пайваста мушоҳида мешавад. Дар қабати ионосфенраи замин, ки зеқабати спородикӣ мавҷуд аст, дар асоси таҳқиқотҳои олимони тоҷик натиҷаҳои басо муҳими илмӣ гирифта шудааст. Инчунин доир ба олими тоҷик, ки тамоми умри худро ба омӯзиши кайҳон бахшида буд, маърӯзаи илмӣ анҷом дод. Сухан дар бораи Воситҷон Сотиволдиев меравад.
Маърӯзаи дигарро мудири кафедра Абдулҷалол Сафаров дар мавзӯи “Нақши олимони тоҷик дар таълиму тарбия дар ДМТ” ироа дошт. Қайд карда шуд, ки аз давраи аввали таъсисёбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети физика барои омода намудани мутахассисони масоили кайҳоншиносӣ нақши назаррас дошт ва то имрӯз он бартариро тақвият дода истодааст. Як қатор олимони шинохтаи тоҷик Сотиволдиев Восит, Алимов Обидҷон, Латипов Абдуҷалол, Махсумов Музаффар, Ибодов Субҳонҷон, Қурбонов Абдукарим, Иркаев Баҳор, Раҳмонов Абдурасул ва ғайра барои рушди илми кайҳоншиносӣ дар Тоҷикистон нақши назаррас доранд, хатмкардаи факултети физика мебошанд. Барои таълиму тарбия дар ДМТ Қ.Ҳ. Сайдов, М.Д. Усмонова, А.Н. Швартс, Н. Маҳмудов, С. Юнусова, Д. Маҳкамбоев, П.Б. Бобоҷонов, Х.И. Ибодинов, О. Наимов, М.И. Ғуломов, Н.Х. Миникулов, Ф.А. Тупиева, Д. Тағоева, А.А. Раҳмонов, Н.А. Коновалова, О. Алимов, М. Нарзиев, В.М. Коровина нақши калидӣ доштанд. Имрӯзҳо барои таълим дар кафедраи астрономия устоди ҷавону кордон А.Ғ. Сафаров, У.М. Шоимов, Н.Х. Миникулов, Ш.С. Бобоев, М.Ҳ. Зуҳуров, Н.А. Лутфилоев, Ҳ.Ғ. Асоев, Н.Р. Собирзода, М.Абдулҳақова, кормандони Институти астрофизикаи АМИТ А.М. Бӯризода, У.Х. Ҳамроев, Д.Қ. Аюбов, Ҳ. Нурзода, С.Н. Сафарзода ва дигарон нақши калидӣ доранд. Ҳамсола даҳҳо ҷавонон кафедраи астрономияро хатм намуда, як қисми онҳо барои идомаи таҳсил дар зинаи магистр дар кафедра ва қисми дигар ба Институти астрофизикаи АМИТ фирисдода мешавад. Ҳоло беш аз 90% кормандони илмии Институти астрофизикаро хатмкунандагони кафедра астрономияи давраи Истиқлолият ташкил медиҳад.
Сафаров А.Ғ.










