Кафедраи усули таълими физика

Таърихи кафедраи методикаи таълими физика

Дар ибтидои фаъолият кафедра номиметодикаи таълими физика ва математикаро дошт. Соли 1966 баъди ба дуфакултет ҷудо шудани факултети физикаю математика номи кафедраи методикаи таълими физикаро гирифт. Нахустин мудири кафедра дотсент Қодиров Т.Қ. буд. Роҳбарии кафедраро таи солҳои гуногун дотсентон: Ҷамолов М. (1976-1987), Муҳаммадиева А. (1989-1993), Ҳамзаев Б.Ҳ. (1993-2009), Дустов И. (2009-2011),Раҷабов Т. (2011-2012), Нарзуллоев Н. (2012-2015), профессор Шукурзод Т.А (2015-2018) ба ӯҳда доштанд.

Аз соли 2018 инҷонибин кафедраро номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Истамов Ф.Х. роҳбарӣ менамояд.

Ҳоло дар кафедра 9 нафар устодон: профессор Шукурзод Т.А., дотсентон: Истамов Ф.Х., Аловиддинов А., Акимбеков Х., муаллимони калон: Насимова Ҷ. Б., ҚудусоваС. Ва ассистентон Қурбонхолов Т., Султонов С. дар таълиму тарбияи муттахасисони оянда саҳмихудро гузошта истодаанд.Самтиасосиикорҳоиилмӣ-методии кафедра рушди илми физика дар Тоҷикистон мебошад.

Дар кафедра таълими фанҳои “методикаи таълими физика” барои донишҷӯёни курси 4-ум, курси махсус, кори курсӣ ва таҷрибаомӯзии педагогӣ дар курсҳои 4-5,курси физикаи умумӣ барои шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи факултетҳои кимиё, геология, биология ва дорусозӣ дар асоси нақшаҳои таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Дар кафедра барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷуён маҳфили «Муаллони ҷавон» бо роҳбарии устод Қурбонхолов Т.Т. фаъолият дорад. Аъзоёни кафедра: аъзои Шӯрои олимони факултет, аъзои Шӯрои илмӣ-методии донишгоҳ устод Истамов Ф.Х. ва раиси ҶИД -и факултет ҚурбонхоловТ.Т мебошанд.

Имрӯзҳо дар кафедра рисолаи илмии Насимова Ҷ.Б. дармавзӯи “Беҳтарсозии низоми баллӣ-рейтингии баҳодиҳии дониши донишҷӯён оиди омӯзиши физика дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (дар мисоли Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)”аз рӯйи ихтисоси 13.00.02 – назария ва методикаи омӯзишу парвариш (методикаи таълими физика) дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6Д.КОА-035 дар пойгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (735140, ш.Бохтар, кӯчаи Айнӣ,67) бомуваффақият ҳимоя гардид. Рисолаҳои номзадии Султонов С., Қурбонхолов Т.Т., Қудусова С.А. омода гардида, дар арафаи ҳимоя мебошанд. Алоқаи кафедра бо кафедраи методикаи таълими физикаи Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айни, кафедраи методикаи таълими физикаи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, кафедраи методикаи таълими физикаи Донишгоҳи Давлатии Қургонтеппа ба номи Н. Хусрав, кафедраи методикаи таълими физикаи Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ, кафедраи методикаи таълими физикаи Донишгоҳи Давлатии Хоруг ба номи М. Назаршоев, Донишгоҳи Педагогии Давлатии Киев, Ҷумҳурии Украина, Донишгоҳи Омӯзгории Давлатии Маскав, кафедраи физикаи Донишгоҳи миллии Теҳрон дар Ҷумҳурии Эрон робитаи зичи корӣ дорад. Устодони кафедра зиёда аз 400 номгӯи мақолаҳои илмӣ – методӣ, 40 воситаҳои таълимӣ ва дастурҳои методӣ тайёр кардаанд. Устодони кафедра дар таҳияи барномаҳои таълимӣ, васоити методӣ, воситаҳои аёнӣ ва китобҳои дарсии физика барои мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии чумҳурӣ сахми арзанда мегузоранд.

Аз тарафи устодони кафедра дар 5 соли охир 6 китобу дастурҳои таълими бо забони тоҷикӣ таҳия ва нашр шудаанд.

Маълумотномаи мудири кафедра

МАКТУБИ ИТТИЛООТИ КОНФЕРЕНСИЯ 2021