КАФЕДРАИ МОШИНҲОИ ҲИСОББАРОР, СИСТЕМАҲО ВА ШАБАКАҲО
Раванди бошитоби информатсиякунонии ҷомеаи муосир, ки ба татбиқи васеи комёбиҳои информатика ва техникаи компютерӣ асос меёбанд, дар назди маорифчиён вазифа мегузорад, ки муҳассилинро барои фаъолияти ояндаи касбии онҳо ҳамаҷониба тайёр намоем. Мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ технологияи компютерӣ аз соҳаҳои сохтории системавӣ иборат аст, тайёр кардани мутахассисон бояд мутобиқи ин стандартҳо сурат гирад.
Маҳз барои қонеъ гардонии талаботи бозори меҳнати имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 бо ташаббуси раёсати ДМТ ва садорати факултети физика ихтисоси «Мошинҳои ҳисоббарор, комплексҳо, системаҳо ва шабакаҳо» кушода шуд. Поягузори асосии ихтисоси мазкур профессор Комилов Қ. (собиқ декани факултети физика) ва узви пайвастаи АИ ҶТ, профессор Мӯминов Ҳ.Ҳ. мебошанд.
Ихтисос 40020100 – Мошинҳои ҳисоббарор, комплексҳо, системаҳо ва шабакаҳо, ба равияи «Информатика ва техникаи ҳисоббарор» тааллуқ дошта, тахассуси хатмкунанда: бакалавр, мутахассис, магистр; Касби хатмкунанда: муҳандис- техники системавӣ мебошад. Нақши техникаи ҳисоббарор дар ҷаҳони муосир баҳо надорад. Онро дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҳаёти инсон, аз ҷумла кайҳон, энергетика, нақлиёт, телекоммуникатсия ва алоқа васеъ истифода мебаранд.
Кафедраи «Мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо» соли 2006 таъсис ёфта, то ин ҷониб мутахассисонро аз рӯи ихтисоси 40020100 «Мошинҳои ҳисоббарор, комплексҳо, системаҳо ва шабакаҳо» тайёр менамояд. Дар назди кафедра чунин озмоишгоҳҳо фаъолият доранд: шабакаҳои глобалӣ, локалӣ, беноқил ва бехатарии информатсияҳо.
Ҳар як донишҷӯ дар зинаҳои зерин интихоби таълимро ба роҳ монда метавонад: 1. Маълумоти олӣ аз рӯи барномаи бакалавр (4 сол). 2. Маълумоти олӣ аз рӯи барномаи мутахассис (5 сол). 3. Пас аз гирифтани дипломи бакалавр ё мутахассис, дохил шудан ба магистратура аз рӯи барномаи «махсуси стандарти давлатӣ (мувофиқ ба имкониятҳои ДМТ интихоб мешавад).
Донишҷӯён фанҳои тахассусии зеринро меомӯзанд: назарияи автоматҳо; схемотехникаи МЭҲ; ташкили МЭҲ, комплексҳо ва системаҳо; шабакаи МЭҲ ва мӯҳити телекоммуникатсионӣ; системаҳои оператсионӣ; васоити таҷҳизотҳои МЭҲ; таъминоти системаҳои программагӣ; технологияи барномасозӣ ва ғайраҳо. Дар курсҳои болоӣ донишҷӯён чунин фанҳои тахассусиро меомӯзанд: моделсозии равандҳои физикӣ, ирсоли системаҳои маълумотӣ, асосҳои техники МЭҲ (схемаҳои техникӣ) ва ғайра.
Корҳои методии устодони кафедра назаррас аст. Устодон пеш аз ҳама фаъолона ба навиштани барномаҳои таълимии стандартӣ, барномаҳои намунавӣ ва корӣ (силабус) машғул мебошанд. Дар асоси ин барномаҳо матни лексияҳо аз фанҳои таълимии кафедра, дастурҳои таълимӣ, маводҳо оиди корҳои лабораторӣ ва амалӣ омода намудаанд. баъзе аз ин маводҳои таълимиро номбар кардан мумкин аст:
Ҷӯраев Х.Ш. Усулҳои ададӣ. Фасли 1. с. 2007, Фасли 2. с. 2014; Ҷӯраев Х.Ш., Олимов А.Р. Васоити компютерӣ. с. 2014; Мараҷабов С.И. Асосҳои барномасозӣ дар забони С++. с. 2015; Мараҷабов С.И., Наҷмиддинов А.М. Системаи MATLAB. с. 2015. Ҷӯраев Х.Ш., Асомиддинов З.Ш., Норматов З.С., Умаров А.Н. Маҷмӯаи корҳои лаборатории шабакаҳои компютерӣ. с. 2019. Чӯраев Х.Ш., Муминов Ҳ.Ҳ. Технологияи барномасозӣ (Муҳити барномасозии Matlab). С. 2020. Инчунин се монография рӯи чопро дидааст: Ҷӯраев Х.Ш., Наҷмиддинов А.М. Моделсозии математикии ҳодисаҳои ғайрихаттии статсионарии гармигузаронӣ. с.2017. Ҷӯраев Х.Ш. Комилов К., Норматов З.С. Таҳқиқоти раванди гармо- ва массокӯчиш дар муҳити конденсӣ бо усулӣ гиперболикунонии сунъӣ. с. 2019. Махсудов Б.И., Ҷӯраев Х.Ш., Каримов З.Д. Таснофи мавҷи ва гармигузарониилазерҳои инжексионӣ дар асосӣ гетеронаносохтор. с. 2019.
Тибқи маълумотҳои фанҳои тахассусӣ хатмкунандагон дар бозори иқтисодӣ ба кор таъмин карда мешаванд. Алалхусус тайёр намудани муҳандисони соҳаҳои лоиҳакашии дастгоҳҳои рақамӣ, усулҳои омӯзиш ва иҷрои барномаҳои амалӣ имрӯз амри воқеъист.
Донишҷӯёни ихтисоси мошинҳои ҳисоббарор, комплексҳо, системаҳо ва шабакаҳо ба таҳқиқотҳои илмӣ дар кафедра сафарабар карда мешаванд. Равияҳои асосии илмӣ дар кафедра технологияи барномасозӣ, моделсозии равандҳои физикӣ, корҳои васлкунии системаҳо ва шабакаҳо мебошанд. Ҳар сол донишҷӯёни беҳтарин дар озмунҳои гуногун иштирок намуда, таълимро дар хориҷи кишвар давом медиҳанд. Инчунин, теъдоди муайяни донишҷӯёнро барои иҷрои корҳои дипломӣ ва таҷрибаи истеҳсолӣ ба донишкадаю донишгоҳҳои хориҷи кишвар фиристода мешаванд.
Сарварии кафедраро аз рӯзи таъсисёбиаш дотсент Х.Ш.Ҷӯраев ба ӯҳда доранд. Ҳоло дар кафедра 8 нафар устодони штатӣ: Х.Ш.Ҷӯраев- мудири кафедра, Ҳ.Ҳ.Мӯминов – узви пайвастаи АИ ҶТ, профессор, Н.Нарзуллоев –н.и.ф.м.,дотсент, И.Ш.Маҳмудов–н.и.ф.м., муаллими калон, З.С. Норматов – н.и.ф.м., муаллими калон, З.Д. Каримов – н.и.ф.м., ассистент, З.Ш. Асомиддинов – муаллими калон, Ш.Ю. Восидов – ассистент фаъолияти таълимӣ, илмию методии худро пеш мебаранд. Ҳоло корҳои техники кафедра ба ӯҳдаи лаборанти калон Қурбонназарова Р. ва лаборант Имомов Н. мебошад.
Аз соли таъсисёбӣ то ин ҷониб кафедра равияи илмиро дар риштаи моделсозии равандҳои физикӣ ва масъалаҳои характери татбиқидоштаи физикаю математика пеш гирифтааст. Дар ин раванд як рисолаи докторӣ (дотсент Чӯраев Х.Ш.) ва 4 рисолаи номзадӣ (ассистент Норматов З.С., аспирантон Мараҷабов С.И., Наҷмиддинов А.М., Каримов З.Д.) дифо карда шуда, соҳиби дараҷаи илмӣ шуданд. Муаллими калон Асомиддинов З.Ш. ва ассистент Восидов Ш.Ю. аз муҳокимаи назди кафедра гузаштаанд, то охири соли 2020 сазовори дараҷаи илмӣ мегарданд. Айни ҳол дар кафедра аз рӯйи ин ихтисос як нафар (Якубов Б.) дар аспирантура таҳсил менамояд ва як нафар (Мамадқулова Н.О.) дар докторантураи PhD Таҳсил доранд ва чор нафар (Мараҷабов С.И., Восидов Ш.Ю., Наҷмиддиноа А., Каримов З.Д., Ҳасанов С.) аспирантураро хатм намудаанд. Инчунин бештар аз 140 нафар донишҷӯ (бакалав) дар курсҳои 1-4 бо тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ таҳсил менамоянд.
Кафедра бо ташкилотҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз он ҷумла Институтҳои физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров ва математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АИ ҶТ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар ДДМ ба номи М.В. Ломоносов, Лабораторияи технологияи информатсионии Институти муттаҳидии тадқиқотҳои ҳастаӣ шаҳри Дубнаи Федератсияи Руссия, Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург ва Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубии шаҳри Челябински ФР, Институти технологии Массачусетс, Шӯъбаи ҳисоби квантӣ ИМА, шаҳри Кембриҷ, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии техникии Қазон ба номи А.Н. Туполев-КАИ, Донишкадаи физикаю техникаи Масков (УТИ «МФТИ») алоқаи илмию корӣ барқарор кардааст.