“РОҒУН” – ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

85

НБО-и “Роғун” на танҳо манбаи гармию рӯшноӣ, балки омили муҳимми ба кор андохтани садҳо корхонаҳои саноатии замонавӣ, иншооти иҷтимоӣ, марказҳои илмию тадқиқотӣ, муҳайё сохтани ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ, ғанӣ гардонидани буҷети кишвар ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.

«Бунёди ин иншооти бузурги аср, ки ҷабҳаи созандагии мардуми фидокору сарбаланди мо эълон шудааст, дар ташаккули фарҳанги техникии ҷомеа нақши муассир мегузорад» Эмомалӣ Раҳмон

Бо ибтикори раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мо ҳайати устодону кормандони Донишгоҳ аз сохтмони иншооти бузурги гидроэнергетикӣ дар минтақа ва ҷаҳон аз наздик шинос гардидем. Воқеан ҳар нафаре, ки ин нерӯгоҳи азимро бо чашми хеш мебинад, таассуроташ дигар мешавад. Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” иншооти бузурги аср буда, ҳадафи сеюми стратегии кишвар – таъмини истиқлолияти энергетикӣ маҳсуб меёбад. Бо талошҳо ва заҳматҳои пайгиронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтумони НБО-и “Роғун” дар замони соҳибистиқлолии мамлакат дубора оѓоз гардид.Бояд зикр кард, ки Ҳукумати мамлакат ба сохтмони “Роғун” афзалияти махсус медиҳад. Ин иншоот ҷиҳати рушди бемайлони иқтисодиёт, равнақи иҷтимоъ ва дар маҷмуъ, баланд шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нақши бориз ва ниҳоят муҳим дорад. НБО-и “Роғун” яке аз истеҳсолкунандагони асосии “неруи сабз” дар минтақа башумор меравад. Хулоса НБО-и “Роғун” бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон ба ҳисоб меравад.

Муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети физика, Имомов Назаралӣ