ПАРЧАМ – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИ МЕҲАНУ ОЗОДИИ МИЛЛАТ

142

Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мусаллам аст, ки аз замони пайдоиши нахустин давлатҳо то ба имрӯз парчам яке аз рамзҳои муҳимми давлати соҳибистиқлол ба шумор меравад. Барои халқи шарифи тоҷик Парчамдориву парчамбардорӣ ба аз аҷдодон мерос монда, пайдоиши парчам таърихи хеле қадимӣ дорад. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардуманд. Яъне, дар ҳама давру замон Парчам чун рамзи давлат, салтанат, ғуруру ифтихор аз даст ба даст мегузашт. Зери парчам, чун нишони муттаҳидӣ, озодӣ ва истиқлол дида мешуд, ки сипаҳсолорон лашкарро аз майдони ҳарбӣ мебурданд ва ғолиб мешуданд.

Дар таърихи миллати тоҷик «Дирафши Ковиён» ҳамчун нахустин парчашм ва рамзи соҳибдавлатӣ мақоми махсус дошта, дар «Шоҳнома»-и безволи Ҳаким Фирдавсӣ бо номҳои «Дирафши Ковиён» ва «Ахтари Ковиён» баён гардидааст. Зери ин парчам Фаридун ҳамчун меросбари қонунии шоҳони Пешдодӣ ба тахт оварда шуд, то зулмро барканор ва адолатро пойдор кунад. Аз ин рӯ, «Дирафши Ковиён» чун анъана ва рамзи асосии давлатдорӣ ба наслҳои минбаъдаи шоҳони миллати мо бо фарҳанг интиқол ёфтааст. Бояд зикр намуд, ки «Дирафши Ковиён» то замони мо аҳамияти таърихии худро ҳифзкардааст ва он дар маркази Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ ёфтааст, ки рамзи абадӣ, бардавомии таърихии давлатдории миллии тоҷикон мебошад.

Меҳани маҳбуби мо – Тоҷикистон пас аз касби истиқлоли комили сиёсӣ Парчами худро дартаърихи 24 ноябри соли 1992 қабул намуд. Тавре маълум аст, аз рӯи намои Парчам давлати дахлдорро муайян намудан мумкин аст. Зери парафшонии парчам ифтихори миллии ҳар як фарди ба нангу номус ва соҳибватан ҳамеша танинандоз мебошад. Ин рамзи муқаддаси давлатӣ дар марҳалаҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз санаи 24 августи соли 1990 заминаҳои ҳуқуқии худро дар Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон пайдо намуда буд. Аз ҷумла, дар моддаи 18 Эъломияи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарар шудааст, ки Нишони миллӣ, Парчам ва Суруди миллӣ рамзҳои истиқлоли Тоҷикистон буда, муқаддасанд ва дахлнопазирии онҳоро қонун ҳимоя менамояд.

Дар ҳамин асос Шурои Олии Тоҷикистон 28 июни соли 1991 «Дар бораи рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул кард.

Ҳамин тавр, вобаста ба ҳар як рамзи давлатӣ бо қабули қонун низомномаҳои алоҳида қабул гардид. Минҷумла, 24 ноябри соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Сипас, бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 3 муқаррар гардид, ки рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ мебошад. Баъд аз қабули Конститутсия зарурияти қабули ҳамаи қонунҳо бо тарҳи нав мутобиқ ба давлати соҳибистиқлол ва ягона ба миён омад.

Дар ин раванд санаи 12 майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки он танзими ҳуқуқии ҳарсеи рамзҳои давлатии моНишон, Парчам ва Суруди миллиро муайян кард.

Маврид ба таъкид аст, ки дар баробари Нишон, Парчам, Суруди миллӣ Асъори миллӣ, Марзи давлатӣ ва Артиши миллӣ низ муқаддасоти миллӣ буда, рукнҳоиасосии давлату давлатдории миллӣ мебошанд. Ин ҳама рамзҳо баёнгари хусусият, ифшогари ниёзҳо ва инъикоскунандаи сарватҳои маънавию моддии миллатанд. Аз ин рӯ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлоли воқеии меҳани маҳбубамон буда, дар худ тамоми арзишҳоифарҳангу тамаддуни миллиамонро таҷассум намудааст.

Зеро Парчам барои таҳкими истиқлоли давлатӣ нақши хеле бузург дошта, далели давлати соҳибихтиёри тоҷикон аст ва хушбахтона, имрӯз мардуми шарифи меҳан ба ин рукни муҳимми давлатдорӣ эҳтироми хоса қоиланд.

Зери Парчам инсонҳои садоқатманд, бебок ва ростқавлу баномус гирд меоянд, барои ҳамзистии осоишта, ҳамоиши неруҳои ақлонӣ, сафарбаркунӣ ба корзор ҷадал менамояд. Парчам дар тӯли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури ниёконамон буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати пурарҷ доштааст. Вақте ки ба таърихи гузаштаи халқамон назар меандозем, возеҳ мебинем, ки ниёкони бузургамон зери Парчам саф кашида, барои ҳимояи марзу буми хеш чӣ ҷонбозиҳо кардаанд. Зеро дар шинохти ҳар давлати озоду мустақил дар асоси мавҷудияти рамзҳои хоси соҳибихтиёрии он, бахусус тавассути Парчами давлатӣ сурат гирифта, басо муҳим аст, ки шаҳрвандони аз нигоҳи сиёсӣ ҳушёру зирак ва аз диди ҳуқуқӣ соҳибмаърифати он намунаи волои худшиносии миллӣ ва ватанпарварию ватандӯстӣ нишон дода, ба Парчами давлатии хеш эҳтироми доимӣ дошта бошанд, чунки донистани қадру манзалати рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ маънии пос доштани ин сарзамин, гузаштаи таърихии он ва ҳифзу гиромидошти арзишҳои муқаддаси Истиқлоли давлатиро дорад.

Ҷойгоҳи Парчами миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун рамзи шинохти давлати комилҳуқуқу соҳибихтиёр хеле муҳим аст, зеро мардуми сайёра Ҷуҳурии Тоҷикистонро тавассути Парчами фарқкунандаи он мешиносанд. Агар Суруди миллӣ қалби миллатро ифода кунад, Парчамро метавон сари баланди халқ номид. Зеро, ҳар ҷое, ки Парчам барафрохта шавад, мардум бо сари баланд ба сӯи он менигаранд ва дар вуҷудашон эҳсоси ватандориву меҳанпарастӣ меафзояд. Қадршиносӣ аз Парчами миллӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, гузаштаи дур ва имрӯзи фирӯзу фардои дурахшони халқ аст. Ҳангоми музаффариятҳои варзишгарони меҳанамон дар мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ маҳз Парчами миллӣ баланд бардошта мешавад, ки рамзи ғурури миллӣ ва ифтихори ватандории ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.

Таҳти парафшонии Парчами миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои бузурги хешро баҳри ҳалли мушкилоти глобалии сайёра аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба миён гузошта, бо ин роҳ эътибори байналмилалии ҷумҳуриамон ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар миқёси дунё торафт боло рафта истодааст.

Ҳамин тавр, Парчами миллӣ рамзи шоистаи сарфарозӣ аз истиқлолу соҳибватанӣва омили муҳими ифтихор аз давлатдориву мустақилият буда, миллати тоҷик ҳанӯз дар гузаштаҳои дури таърихӣ дорои суннатҳои бошарафи парчамдорӣ буд. Аз ин рӯ, ҳар як фарди бомаърифат ва соҳибхиради кишвари озоду мустақили мо бояд Парчами миллиро чун рамзи сарбаландӣ ва сарфарозию ифтихор дуруст шинохта, ба бузургӣ ва муқаддас будани он ба таври шоиста арҷгузорӣ карда, бо чунин муносибати ватандӯстона дар бунёди ҷомеаи пешрафта саҳм гузошта, садоқатмандона ва бо масъулияти баланд баҳри таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, боз ҳам баланд бардоштани обрӯ ва эътибори миллату давлатамон дар сатҳи ҷаҳони муосир саҳмгузории арзанда намояд. Зеро эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад. Итминони комил дорам, минбаъд низ ҳар як фарди бонангу номус ва миллатдӯсту меҳанпарасти тоҷик, хусусан ҷавонони шуҷои кишвар аз Парчами миллии худ ифтихор менамоянд, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ ва озодиву истиқлоли Ватан ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои оянда мерос мегузоранд.

НОРМАТОВ Ином,мудири кафедраи метеорология ва климатология