Муҳаббат ба Ватан

4617

Ватан ҷоест, ки мо дар он таваллуд шуда, то охирин нафаси ҳаёт кор ва фаъолият менамоем, чи тавре, ки дар урфият мегӯянд: Ватан он ҷоест, ки хуни нофи ту чакидааст. Аммо вожаи Ватан танҳо ба зодгоҳ маҳдуд нест, он  як минтақаи бузургеро дар бар мегирад, ки дар он урфу одат, расму оин, забон, фарҳанг ва дигар омилҳо якранганд. Мо табиати Ватан, мардуми он, таърихи сарзаминамонро дуст медорем, аз гузаштагонамон ифтихор дорем, бо  Ватани зебою биҳиштосоямон фахр мекунем.    Аммо ватандӯстӣ на танҳо аз эҳсоси муҳаббат ба Ватан, балки ҳар лаҳза ба ҳимояи он омода буданро ифода мекунад. Барои ба ҳимояи Ватан омода будан пеш аз ҳама далерӣ, ҷасурӣ, зиракӣ ва бисёр хислатҳои хуби инсониро доро будан зарур аст. Беҳуда шоири бузурги мо Абулқосим Фирдавсӣ дар  «Шоҳнома» – и безаволи худ  андешаҳои ватандӯстӣ ва меҳанпарастиро ҷой надодааст.  Ҳар як инсон ҳамчун шахси меҳанпарасту ватандӯст бояд барои муҳофизати марзу буми кишвару ватани худ ҳамеша омода бошад:

Нигаҳ кун бадин лашкари номдор,

Ҷавонони шоистаи корзор.

Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,

Зану кӯдаки хурду пайванди хеш.

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Нафрату кинаву адовати беандоза нисбат ба душман яке аз хусусиятҳои аввали ватандӯстӣ ба шумор меравад:

Ҳама размро дил пур аз кин кунем,

Тани душманон ҷойи зубин кунем.

Ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ яку якбора пайдо намешавад, он зина ба зина аз оила оғоз гардида то охири ҳаёти инсон давом мекунад. Дар натиҷаи таълиму тарбия, омӯзиш ва муносибат бо одамони гирду атроф дар дили одам нисбат ба макони таваллуд, кӯча, деҳа, диёри худ як шӯълае пайдо мешавад ва он дар мавриди тарки Ватан кардан, боз ҳам шӯълавар мегардад, ва ёди Ватан ӯро ҳеҷ гоҳ тарк намекунад. Беҳуда дар урфият нагуфтаанд: хоки Ватан аз қасри Сулаймон хуштар аст. Дар ниҳоят, бисёриҳо ҳангоми зиндагӣ дар давлатҳои дигар, дарҳол аз зебоӣ, ҳашамат ва зебогии меъмории онҳо ҳаловат мебаранд. Аммо пас аз чанде онҳо дарк мекунанд, ки дар ин ҷо барои онҳо ҷой нест, зеро онҳо бегонаанд. Ва одам беш аз пеш пазмони Ватани худ мешавад ва ёди он мекунад. Бинобар ин мо бояд пеш аз ҳама баҳри ободиву сарсабзии Ватани азизи худ кӯшиш намоем. Ҳар як шахс кӯшиш намояд, ки заррае ҳам бошад, дар ободиву гул-гулшукуфии Ватани азизамон саҳми худро гузорад. Мо ватанамонро тавре обод намоем, ки на мо аз зебоиву ҳашамати дигар давлатҳо ҳаловат барем, балки дигарҳо аз сарсабзии диёри мо ҳаловат баранд.

Бисёр адибони ба мамлакатхои дигар рафта, дар асарњои худ навиштаанд, ки илњоми эљод карданро надоранд ва умуман асарњои нав навишта наметавонанд, зеро илҳом аз муҳаббат ба Ватан ҷӯш мезанад.

Аксари одамон ба шарофати падару модарони масъулиятшинос, ки ин ҳиссиётро дар дили онҳо ҷой кардаанд, чӣ будани Ватанро дарк мекунанд. Ҳангоми садо додани Суруди миллӣ ҳама хомӯшона ва ботантана рост истода аз ободию оромии кишвари худ шукргузорӣ мекунанд.

Маълум, ки ватандустон Ватани худро бечунучаро дуст медоранд ва аз он фахр мекунанд. Дар њар як мамлакати љањон ватандустон одамоне њастанд, ки тайёранд барои мамлакати худ коре кунанд. Аммо ба назар мерасад, ки имрӯзҳо дар пайи афзоиши рақобат дар ҳама соҳаҳо ва тағйир ёфтани тарзи зиндагии мардум рӯҳияи ватандӯстӣ суст шуда истодааст. Дар гузашта бисёриҳо тарафдори бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ дар байни ҳамватанон буданд. Ватандустон љамъомадњо гузаронда, лекцияњо мехонданд ва дигар воситањоро ба кор бурда, атрофиёнро руњбаланд менамуданд. Ба ҳамин тартиб, имрӯз бояд дар насли наврас ҳисси ватандӯстиро талқин кард. Ин бояд дар ҳоле анҷом дода шавад, ки онҳо ҳанӯз ҷавонанд. Мактабҳо ва коллеҷҳо, донишгоњњою донишкадањо бояд ташаббус нишон диҳанд, ки кӯдакон, наврасон ва љавононро дар рўњияи муҳаббат ва эҳтиром ба ватани худ тарбия кунанд. Миллате, ки дар он ҷавонон ватанро дӯст доранд ва барои беҳбуди вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ талош кунанд, бешубҳа беҳтар мешавад. Ватандӯсти ҳақиқӣ касест, ки ба манфиати кишвараш кор мекунад. Вай барои беҳбуди вазъи кишвараш ҳарчӣ бештар саҳм мегузорад. Ватандӯсти ҳақиқӣ на танҳо барои бунёди миллати худ кор мекунад, балки атрофиёнро низ рӯҳбаланд менамояд.

Бо ҳамин мавзӯъро бо чакидаҳо аз Шоири бузург Лоиқ Шералӣ дар бораи Ватан ба сомон мерасонем. 

Ватан сар мешавад аз гаҳвора,

Зи шири поку аз пистони модар.

Ватан сар мешавад аз он тавора,

Ки онро сохта дастони модар.

Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,

Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост.

Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман.

Модар яктост, Тоҷикистон яктост.

Ояд аз шеъру сухан бӯи Ватан,

Бинам аз рӯи сухан рӯи Ватан.

Ҳар кӣ нируманд бошад дар ҳунар

Такя дорад гар ба нируи Ватан.

Шоирӣ аслан ватандорӣ бувад,

На суханбофӣ ба ҳар кӯи Ватан.

Шоирӣ он аст, ки бо савқи шеър

Беватанро оварад сӯи Ватан.

Шеър аз меҳри Ватан сар мезанад,

Дар фазои ҷовидон пар мезанад.

Бо фалакпаймо ба кайҳон мепарад,

Сикка бар моҳу ба ахтар мезанад.

Мо ҳам аз мардони меҳнатзодаем,

Сина бар амри Ватан бикшодаем.

Баҳри ҷуброни ҳама қарзи замон

Ҷумла дар поси замон истодаем.

Гар ҳама дороии мо як дил аст,

Дил ба рӯи дасти даврон додаем.

Ҳам ба азму ҳам ба назму ҳам ба разм

Пайрави Айниву Турсунзодаем!

Р.Б.Ҳамроқулов н.и.ф.-м., дотсент мудири кафедраи электроникаи физикии факултети физикаи ДМТ