МАҲФИЛИ ИЛМӢ-ОММАВИИ «НЕРӮ»

146

Дар баробари фаъолият намудани 10-номгӯ маҳфилҳои кафедраҳои факултет, инчунин маҳфили илмӣ-оммавии «НЕРӮ» миёни тамоми донишҷӯёни факултети физика фаъолият мекунад. Дар маҳфили имрӯза (15.03.2023 с) маърӯзаи ду нафар донишҷӯёни факултет Асадуллозода Муҳаммад донишҷӯи соли аввали ихтисоси 40020100-мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо дар мавзӯи «Қадамҳои аввалини инсон ба кайҳон» ва донишҷӯи курси дуюми ихтисоси физика, Қамарзода Мирмаҳмад дар мавзӯи «Гирфити Офтоб ва Моҳ» шунида шуд. Дар охири маҳфил миёни иштирокчиён ва маърӯзагарон мубоҳисаҳои илмӣ баргузор гардид.

Ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултети физика