Иштироки донишҷӯи факултети физика дар Мактаби тобистонаи Баҳри Арал

89

Дар олимпиадаи донишҷӯён доир ба Ҳадафҳои Рушди Устувор миёни донишҷӯён, магистрантон ва докторони Ph.D-и Осиёи Марказӣ донишҷӯи курси сеюми ихтисоси гидрометеорология ва климатологияи факулетити физикаи ДМТ, Нозимов Саъдӣ рӯзи 5-уми июн иштирок намуда сазовори ҷойи аввал гардид. Ҷоиза барои ашхосе ки ҷойҳои ифтихориро сазовор мегарданд, иштирок дар Мактаби тобистонаи Баҳри Арал буд. Бо сарпарастии Донишгоҳи Қазоқу Олмон дар ин мактаби тобистона, ки аз 20 то 31-уми августи соли ҷорӣ баргузор гардид, Нозимов Саъдӣ иштирок варзида бо шаҳодатнома сарфароз гардид.