Барги зуф ва хосиятҳои шифобахшии он

585

Зуф (барги зулф) – а) (лот. Plantago major), (русӣ: подорожник большой), зӯф, зуф, барги зулф, филгӯш, зуфтурум, занбарак, забони барра, гӯши хар,Зуф (зулфак) б) (лот. Plantago lanceolata), (русӣ: подорожник ланцетный), зулфи ятимак, зулфак, морпечон, морпечак, тӯрмочак, чифак, чифи борик, рустаниест аз хонадони зуфиҳо. Растании доруворӣ. Дар илми тиб истифода бурда мешавад.Зуфҳо (ҳар ду намудаш) гиёҳи бисёрсолаанд. Дар тамоми Тоҷикистон дар киштзорҳо, дар намзамину шӯрзаминҳо, лаби ҷӯйбору атрофи чашмаҳо вомехӯрад. Барги ин гиёҳ, аз қадим дар байни мардуми ҳамчун дармони дардҳои гуногун ба кор меравад. Масалан, дар миёни мардум онро ҳамчун дармони захму ҷароҳатҳои ҳам берунӣ ва ҳам дарунӣ медонанд.Ин рустанӣ ду навъ мебошад. Якеро баргаш камбару дароз, аз миёни баргҳояш пояиборике мехезад, ки дар сари он поя тухм мебандад. Навъи дигареро барг васеъ ва шакли он дароз нест, назар ба барги хели якум калонтар. Агар банди барг ё баргашро аз бандаш ҷудо кунанд, чизҳои риштамонанд аз он зоҳир мегардад. Ин навъаш аз миёнаи поя то нӯгаш зич тухм мебандад. Баргашро барги зуф меноманд. Мо бо воситаи мушоҳидаҳои худ низ муайян намудем, ки ҳар ду навъаш ҳам барои давогӣ мешояд. Тухми навъи дуввумаш сиёҳтоби кулӯла майдатар аз навъи якум мебошад. Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум сард ва хушк аст, вале дар тухм ва решааш хушкӣ зиёдтар мебошад.• ҳар як қисми зуфро бихӯранд, хун қай карданро манъ мекунад ва тамоми хунравиҳоро аз ҳама узвҳои ботинӣ банд менамояд (аз ҷумла хуни биниро ҳам) ва барои иллати саръ даво мешавад. Агар онро дар бинӣ бирезанд ё дар пеши сар ва сина гузошта банданд, ҳамин таъсирро дорад. • Обашро нимгарм батакрор дар гӯш чаконанд, дарди гӯшро, ки аз гармӣ бошад, таскин медиҳад. • Решаашро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд ё баргашро бихоянд, дарди дандонро таскин медиҳад, ҷӯшиш ва дигар бемориҳои даҳанро шифо мебахшад, ҳатто доначаҳои дар он дамидаро ҳам, ки бадтарин иллати даҳан аст, дафъ мекунад, милки дандони сустгаштаро мустаҳкам менамояд ва хунравиро аз он бозмедорад. Ва ё оби навъи борикбарги онро дар даҳан гардонанд, ҷӯшиши даҳанро дафъ мекунад. • Оби баргашро хоҳ бичаконанд ва ё бимоланд, дарди чашмро, ки аз гармӣ бошад, шифо мебахшад. Доруҳои чашм дар оби ин гиёҳ сойида мешаванд ва худаш низ ба давоҳои чашм дохил карда мешавад. • дамкӯтаҳиро шифо мебахшад. • Усораи онро, ки обашро дар офтоб ғафс гардонидашудаи он аст, биёшоманд, барои иллати диқ (лоғаркунанда), сил, хун қай кардан, захми шуш, дамкӯтаҳӣ ва ғалабаи хун, яъне аз фишори баланди хун ва саръ даво мешавад. Хӯрдани усораи он ҷигар, сипурз ва гурдаи гарммизоҷро қавӣ мегардонад, инчунин гиреҳи ин узвҳоро мекушояд, шиддати ташнагиро мешиканад, вайронии ҳазми таомро дафъ мекунад., хун қай карданро бозмедорад, хунравиҳоро, ки аз ҳар як узвҳои ботинӣ бошанд, манъ менамояд, сӯзиши пешобро, яъне сӯзокро шифо мебахшад., Усораашро, яъне оби баргашро дар офтоб ғафс гардонида биёшоманд ё тухми онро дар об ҷӯш дода, бо он об нимгарм ҳуқна кунанд, захми рӯдаҳоро шифо мебахшад ва хуни бавосирро мебандадАгар усораи барги онро бо 113 грамм шароб даромехта биёшоманд, табҳои тезро дафъ мекунад. Решааш ё баргашро кӯфта гузошта банданд, варамҳои гармро таҳлил медиҳад, мӯрчагазак, шаро (аллергия), сурхбод, варами пушти гӯш ва ханозер (хукгардан)-ро шифо мебахшад. Агар решаашро ба гардан овезанд ҳам, барои ханозер хуб таъсир мекунад. Вале мегӯянд, ки истеъмоли ин ба дарун барои шуш зарар дорад. Барои дафъи ин зиёнаш асал бояд хӯрд. Инчунин усораашро бихӯранд, ба сипурз зиён дорад – дар ин ҳолат мустако бояд биёшоманд, то ки зарари он ислоҳ ёбад. • Миқдори як бор нӯшидан аз оби барги он дар як рӯз аз 50 то 150 грамм аст. Ба ҷойи ин туршаки (щавели) бӯстониро истеъмол намоянд, раво бошад. • Хосияти тухмаш монанди усораи барги он аст. Агар бо равғани бодоми ширин ё равғани гулисурх чарб карда бихӯранд ё танҳо худашро дар об ҷӯшонида, он обро бо тухмҳояш якҷо биёшоманд, дарди рӯдаҳоро дафъ мекунад, хунравиҳоро, ки аз дарун бошанд, мебандад. • Миқдори як бор хӯрдан аз тухмаш дар як рӯз то 10,5 грамм аст. • Ин ҷо ду калима аз бозёфтҳои худ дохил намоем. Ҳар рӯз ба дили наҳор оби барги зуфро, яъне ним ё як соат пеш аз ноништа ва бегоҳи рӯз низ аз 150 то 180 грамм то як моҳ бинӯшанд, саратони меъдаро шифо мебахшад.Зуф (барги зулф)- ин растанӣ ду навъ мебошад. Якеро баргаш камбару дароз, аз миёни баргҳояш пояи борике мехезад, ки дар сари он поя тухм мебандад. Навъи дигареро барг васеъ ва шакли он дароз нест, назар ба барги хели якум калонтар. Агар банди барг ё баргашро аз бандаш ҷудо кунанд, чизҳои риштамонанд аз он зоҳир мегардад. Ин навъаш аз миёнаи поя то нӯгаш зич тухм мебандад. Баргашро барги зуф меноманд. Мо ба воситаи мушоҳидҳои худ низ муайян намудем, ки ҳар ду навъаш ҳам барои давогӣ мешояд. Тухми навъи дувумаш сиёҳтоби кулӯла ва майдатар аз навъи якум мебошад.Мизоҷаш дар дараҷаи дувум сард ва хушк аст, вале дар тухм ва решааш хушкӣ зиёдтар мебошад. Агар инро дар бинӣ бирезанд ё дар пеши сар ва сина гузошта банданд, ҳамин таъсирро дорад.Обашро нимгарм батакрор дар гӯш чаконанд, дарди гӯшро, ки аз гармӣ бошад, таскин медиҳад.Решааш ё баргашро кӯфта гузошта банданд, варамҳои гармро таҳлил медиҳад; мӯрчагазак, шаро (аллергия), сурхбод, варами пушти гӯш ва ханозер (хукгардан)-ро шифо мебахшад. Агар решаашро ба гардан овезанд ҳам, барои ханозер хуб таъсир мекунад.Миқдори як бор нӯшидан аз оби барги он дар як рӯз аз 50 то 150 грамм аст. Ба ҷойи ин туршаки (щавели) бӯстониро истеъмол намоянд, раво мебошад. Хосияти тухмаш монанди усораи барги он аст. Ин ҷо ду калима аз бозёфтҳои худ дохил намоем. Ҳар рӯз ба дили наҳор оби барги зуфро ним ё як соат пеш аз ношито ва бегоҳи рӯз низ аз 150 то 180 грамм то як моҳ бинӯшанд, саратони меъдаро шифо мебахшад.

Давлатмамадова Саъбик н.и.ф.-м,

ассистенти кафедраи оптика ва спектроскопияи факултети физикаи ДМТ