ҚАДРДОНИИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАЪОЛ

290

Боиси хурсандист, ки имсол дар ҷумҳурӣ 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта шуд. Ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳ дар чорабиниҳои гуногуни ҷашнӣ фаъолона иштирок намуданд. Бо ин мақсад имрӯз (29.09.2021) бо ташаббуси декани факултети физика Д.Қ.Солеҳов бо иштироки намояндагони бахши тарбияи донишгоҳ зумрае аз донишҷӯёни факултет ҷиҳати иштироки фаъол дар тантанаҳои ҷашнӣ бо ифтихорномаҳои факултет қадрдонӣ шуданд.

Ҳамзамон, дар ҷамомад таъйини сарпарастони курсҳои 1-уми ихтисосҳои факултет ва тасдиқи барномаҳои кории сарпарастони гурӯҳҳои академии онҳо барои солҳои таҳсили 2021-2022 мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Таъкид гардид, ки минбаъд давомоти донишҷӯёни фаъол ва иштироки онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ ба назар гирифта шуда, донишҷӯён аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ва садорати факултет бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда мешаванд.

Кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо

Кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳ
Кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо