8-уми март – Рӯзи Модарон

1839

Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,

Ҳарчи дорад ин ҷамоъат аз дуои модар аст .

Ончи дар васфи биҳишт фармуд қуръони карим,

Соҳиби қуръон бигуфто, зери пои модар аст.

Рӯзи байналхалқии занон — идест бахшида ба занон, ки дар баъзе кишварҳо рӯзи 8-уми март ҷашн гирифта мешавад.Рӯзи байналхалқии занон дар аввал рӯзи мубориза бар зидди беҳуқуқии занон буд. Он иди Бонувон набуда, балки ҷашни занони инқилобгар буд.Амрико ва ё иттифоқҳои касабаи занон8-уми марти соли 1857 дар шањри Ню-Йорк коргарзанони фабрикаҳои пойафзол ва дӯзандагӣ гирдиҳамоӣ карданд. Онҳо даъвои кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ, беҳтар кардани шароити меҳнат ва маоши ба мардон баробарро талаб карданд. Он вақтҳо занон то 16 соат дар як шабонарӯз меҳнат менамуданд, вале барои корҳояшон музди ночизе мегирифтанд. Мардон баъди намоишҳои эътирозї, рӯзи кории худро то 10 соат кам карда буданд. Дар бисёр корхонаҳои ИМА иттифоқҳои касаба пайдо шуданд. Пас аз 8-уми марти соли 1857 як иттифоқи касабаи нав созмон дода шуд, ки бори аввал дар таърих занон аъзои он гардиданд. Дар ин рӯз дар аксари кӯчаҳои Ню-Йорк садҳо занон ба намоишҳои эътирозӣ баромаданд ва даъвои соҳибшавӣ ба ҳуқуқи овоз доданро карданд.Аврупо ва Клара СеткинТаърихи ҷашнгирии Иди занон бо номи Клара Сеткин алоқаманд аст. Ў гурӯҳи инқилобии худро, ки аз занон иборат буд барои мубориза бар зидди истисморгарон, ташкил додааст. Ҳарчанд ки барои ин кор на як рӯз сарф шуда бошад њам, аъзоёни гурӯҳ ба қароре омаданд, ки рӯзеро чун Зодрӯзи “пролетариати занон” ҷашн гиранд. Соли 1910 дар шаҳри Копенгагени Дания, дар конфронси дуюми занони сотсиалист, бо пешниҳоди Клара Сеткин қарори ҷашнгирии рӯзи “муборизаи занон барои ҳуқуқҳояшон” қабул карда шуд. Дар он гуфта мешуд, ки ҳар сол бояд рӯзи занон ҷашн гирифта шавад ва он бояд “пеш аз ҳама барои ташвиқи ба занон додани ҳуқуқи овоздиҳӣ” хизмат кунад. Ҷашнгирии Иди Бонувон чун даъвате ба муборизаи занон барои баробарҳуқуқӣ, қашшоқӣ, эҳтироми занон ва ҳуқуқ ба меҳнат буд. Санаи ҷашнгирии рӯзи Байналхалқии занон мувофиқи пешниҳоди узви Кумитаи Марказии ҳизби сотсиал-демократӣ Елена Гринберг 19-уми март таъин шуда буд. Бори аввал рӯзи Байналхалқии занон соли 1911 дар Олмон, Австрия, Дания ва Швейсария маҳз 19-уми март ҷашн гирифта шуд. Соли 1912 он дар ҳамон кишварҳо, рӯзи Байналхалқии занон 12-уми май баргузор гардид. Соли 1913 аз мушкилоти ташкилотӣ ихтилофот ба вуҷуд омад: дар Олмон онро 12-уми март, дар Австрия, Чехия, Венгрия, Швейсария, Ҳоланд – 9-уми март, дар Фаронса ва Русия – 2-юми март ҷашн гирифта буданд. Танҳо соли 1914 дар тамоми ҷаҳон рӯзи Байналхалқии занонро 8-уми март ҷашн гирифтанд, чунки рӯзи ғайрикорӣ-якшанбе буд. Баъд аз ин њар сол дар санаи зикргардида рўзи Байналхалќии занон дар тамоми љањон љашн гирифта мешавад.Ҷашнгирӣ дар ИҶШСДар Русия рӯзи Байналхалқии занон маротибаи аввал соли 1913 дар Петербург ҷашн гирифта шуд. Аз солҳои аввали ҳокимияти Шӯравӣ, 8-уми март иди давлатӣ гардид. Дар моҳи марти соли 1917 занон ҳуқуқи овоздиҳӣ пайдо карданд ва дар Сарқонуни соли 1918 сиёсати баробарҳуқуқии занон акс ёфта дар ҳаёт татбиқ шуд. Оҳиста – оҳиста рӯзи Байналхалқии занон аҳамияти сиёсии худро гум кард. Аз соли 1965 бо қарори Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС он рӯзи ғайрикорӣ гардид. Дар айни замон маросими ҷашнӣ-расмии дар ин рӯз мавҷуд буд: дар ин рӯз дар чорабиниҳои пурдабдаба давлат оиди сиёсаташ нисбати занон ҳисобот медод.Ҷашнгирии рӯзи байналхалқии Занон дар ҒарбБо ташаббуси созмонҳои феминистӣ аз солҳои 1960-ум Рӯзи байналхалқии занон дар кишварҳои Ғарб ҳам ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз занҳои Ғарб дастовардҳои худро дар соҳаи мубориза барои ҳуқуқҳояшон ҷашн мегиранд.Рӯзи байналхалқии Занон ва СММ.Аз сабаби соли Байналхалќии занон будани соли 1975, СММ 8-уми мартро чун рӯзи байналхалқии Занон эълон дошт.Рӯзи ғайрикорӣБаъд аз барњам хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ 8-уми март чун иди Бонувон дар Тоҷикистон боқӣ монд. Он дар дигар мамолики муштаракулманофеъ, аз қабили Русия, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Молдова, Туркманистон ва Украина чун рӯзи байналхалқии Занон ; дар Ҷумҳурии Беларус ва Ӯзбекистон чун рӯзи Модар; дар Арманистон 7-уми апрел чун рӯзи Модар ва Зебоӣ ҷашн гирифта мешавад.АнъанаДар Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои собиқ ИҶШС анъана шудааст, ки дар ин рӯз занон аз мардон таваҷҷӯҳ, гул ва тӯҳфаҳо интизоранд. Дар гўшаву канори мамлакат ба муносибати ин ид, аз ҳукуматҳо сар карда то идораву корхонаҳои хурд чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва маҷлисҳо ороста мешаванд. Дар оилаҳои шаҳрвандон ба модарону занон тӯхфаҳо супорида мешаванд.Баъдан аввали моҳи соли 2009 дар Тоҷикистон низ ин ид аз номи “Иди Бонувон” ба “Иди Модарон” номгузори карда шуд ва чун пешин рӯзи 8-уми март ҷашн гирифта мешавад.

Идат муборак!

Эй модари ман, Эй меҳрубонам,

Номи хуши ту – Вирди забонам.

Меҳри ту доим Дар ҷисму ҷонам.

Идат муборак! Идат муборак!

Ман дар бари ту Озода растам.

Меҳри дили худ Бар ту бибастам.

Фарзанди дилбанд Баҳри ту ҳастам.

Идат муборак! Идат муборак!

Модарам, эй модари бахтоварам,

Модари ҷонпарвару хушбоварам.

Бо ҳама ин бахту иқболи баланд,

Пеши поят сар фуруд меоварам.

Бахт мехоҳӣ барои хоҳарам,

Шодмонӣ аз ҳаёти додарам.

Ту дуогӯ ҳастӣ доим дар барам,

Модарам, эй модарам, эй модарам.

Дар фарҷоми суханҳои худ, тамоми бонувони тоҷик, модарони олиҳаҳусну фаришта сиришт ва тамоми хоҳарони азизу меҳрубонро табрик гуфта, баҳри онҳо тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам. Орзуманди онам, ки ҳамеша ханда дар лабони тамоми бонувони тољик ҳувайдо бошад.

ИДАТОН МУБОРАК МОДАРОН ВА БОНУВОНИ АЗИЗ!

Асисстенти кафедраи метеорология ва климатологияи факултети физикаи ДМТ, Одинаев Қодир