Дар Институти педагогии Туркманистон ба таври маҷозӣ олимпиадаи IV–уми интернетӣ аз фанни физика баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни факултети физика фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.
Аз ҷумла, Қурбонзода Муҳсин – магистранти курси якуми ихтисоси физика соҳиби ҷойи дуюм, Шарипова Анаҳито ва Лоиқзода Алиакбар – донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси физика соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар олимпиадаи мазкур 450 нафар донишҷӯёну макистрон аз 18 кишвари хориҷӣ ширкат доштанд.
Гуфта мешавад, ки мақсади асосии баргузории олимпиадаи мазкур, пеш аз ҳама, баланд бардоштани шавқу завқи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба илмомӯзӣ ва дар оянда ҷалби онҳо ба соҳаҳои мухталиф мебошад.