20 – СОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ

1094

Илм бузургтарин маъво, асоситарин мафҳум ва маъхазест, ки ҳаёт бо он пайваста мебошад. Рушди тамоми соҳаҳо вобаста аст ба оне, ки дар ин самт чигуна дигаргуни мешавад. Дигаргуни низ албатта сохтаи тафаккур, эчод ва идеяи олиме ва ё донишмандест. Пайрохаи илм бисёр як пайрохаи борик ва душворгузар аст. Барои гузаштан аз ин пайроха ва фатхи куллаи илм пеш аз хама кулвори пур аз сабрро бояд хамеша бо худ дошт, то дар ин рохи душвор мувафак шави, вагар на дар нимарох хохи монд. Хадафи хар кадом илм низ манфиат овардан ба чомеа ва бевосита тадбик шудани он дар амал мебошад. Маҳз ба хотири рушди илмҳои дақиқ ва тайёр намудани мутаххассисони баландихтисоси ин соҳа аз ҷониби сарвари давлат солхои 2020-2040 бистсолаи омӯзиши фанҳои та биатшиноси дақиқ дакик ва риези дар сохаи илму техника эълон гардид, то ҷавонон бештар рӯ биоранд ба омӯзиши фанҳои дақиқ. Ин пешниҳод бо дарназардошти пешрафти босуръати илму технология пешниҳод гардидааст. Дар ҷомеаи мутарақӣ, ки илму техника бо суръти кайҳонӣ пеш меравад, ҳарруз ба майдони илм як техникаи нав ворид мешаваду дар илми ҷаҳони як назарияи нав руи кор меояд. Техникаву технологияи навтарин низ натичаи заҳмат ва меҳнати чандинсолаву ихтирои олимон аст. Аз ин ру ҳар як давлат мекушад, то ба ин соҳа маблағзгузори кунад то ба василаи ихтироъ ва дастовардҳои олимонаш кишварашро дар арсаи олам муаррфӣ намояд. Тоҷикистон, ки узви комилҳқуқи ҷомеаи ҷаҳонист дар самти илму технология низ аз кишварҳои дигар қафо мондани нест, аз ин ру сол то сол соҳаи илм низ дар кишвари мо ру ба рушд аст. Албатта ҷои пушида нест, ки дар зарфи панҷ-шаш сол ва ё даҳ дувоздаҳ сол наметавон дар соҳаи илм мувафақ шуд, зеро илм як соҳи хеле маблағталаб аст ва дар ин баробар барои ихтирои як техника ва тадбиқи он дар амал даҳсолаҳо лозим аст. Аммо аз оне, ки сол то сол ба ин соҳа таваҷҷуҳи бештар дода мешаваду оҳиста-оҳиста ба кишвари мо низ навтарин технология ва таҷхизот барои озмоишгоҳҳо ворид мешавад, ин суръати пешрафти илмро дар кишвари мо метезонад. Сол то сол шумораи экспедитсияиҳои илмӣ дар кишвари мо зиёд шудаистодааст. Албатта тавре болотар кайд кардем барои ба дст овардни кучактарин дастовард дар соҳаи илм, ки он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони эътироф мешавад олимони соҳа бояд солҳо заҳмат бикашанд. Албатта аксар вақт бисёриҳо бар он назарнд, ки илми бадастовардаи олимони точик дар куҷо тасдиқ шудааст. Воқеан барои бархе соҳаҳо метавон дар зарфи панҷ шаш сол як навгонеи пешниҳод кард ва пас аз озмоишҳо онро метавон дар амал тадбиқ кард. Аммо боз соҳаҳое дигари илм низ мавҷуд аст, ки мо аз он наметавонем дар амалия истифода барем. Агарчи дар муқоиса ба кишварҳои пешрафта суръати рушди технология дар мо то як андоза сусттар аст, аммо нисбат ба аксар кишварҳои Осиёву аврупо дастовардҳои олимони мо низ назаррас аст. Агарчи илмҳои ҷомеашиносӣ бештарашон беистифода аз асбобу техникаву технология анҷом дода шаванд, вале барои кучактарин дастовард дар илмҳоли дақиқ технологияи мусоир ва озмоишгоҳҳо лозим аст, то олимон тавонанд натиҷаҳои бадастовардаи худро аз озмоиш гузаронида барои дар амал тадбиқшудан онро пешниҳод намоянд. Аз ин ру олимоне, ки дар самти илмҳои дақиқ пажуҳиш мебаранд мушкилоти асосии онҳо камбудани озмоишгоҳҳои замонавӣ аст. Аммо ҳар сол се-чор озмоишгоҳ ё таҷҳизоти он бо наръхи гарон аз хориҷи кишвар харидори шуда ба кишвари мо ворид мешаванд то олимон тавонанд корҳои худро бо истифода аз онҳо хуб ба роҳ монанд. Аз ҷониби ҳукумати кишвар низ маблағҳои зиёд ба соҳаи илм, махсусан илмҳои дақиқ ҷудошудааст. Албатта чун ҷомеа бо суръати баланд пеш меравад ва технология низ хеле рушдкардаистодаасту ҳар руз ба майдони илм як технологияи нав ворид мешавад, олимони мо низ инро ба назар гирнад ва дар паи ба дстовардани натиҷаҳои дилхоҳ бештар сайъ намоянд то натиҷаи заҳмати чандсолаи онҳоро олимони дигар кишварҳо пешниҳод накунанд. Мегуянд ҷое, ки кор аст камбуди низ ҳаст. Бо вуҷуди оне, ки имруз дар кишвар институтҳои алоҳиди тадқиқоти мавҷуд аст, Академияи илмҳо фаъолият мекунаду дар аксари донишгоҳҳои бузурги кишвар Шуроҳои олии дисертатсиони фаъолият мекунанд, аммо бо вуҷуди ин норасоии кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгу ба талаботи замони муосир ба чашм мерасад. Воқеан агар мантиқан фикр кунем аксарияти навгони ва пешрафте, ки дар ҷомеа мешавад ин натиҷаи захмату талош ва пешниҳоду идеия олимон аст. Аммо тавре болотар кайд кардем чун чомеа бо суръати кайхони пеш меравад мо низ дар самти илм бояд кушиши харчи бештарро ба харч дихем то аз чомеаи чахон ақиб намонем. Умед аст, ки бо эълон гардидани бистсолаи омӯзиши фанҳои дақиқ шавқу рағбати ҷавонон ва тавваҷҷуҳи онҳо ба ин илмҳо зиёд мегардаду дар оянда аз ҳисоби онҳо олимони ҷавону мутаххасисони баландихтисоси соҳа ба воя расад ва онҳо ба воситаи ихтирои худ, ба воситаи пешниҳодҳои манфиатбахши худ мусоидат кунанд дар рушди ин ва ё он соҳа.

Нилуфари И. лаборанти кафедраи физикаи ҷисмҳои сахти факултети физика