ЧУНОНЕ БИЗӢ, КИ ФАРДО ЗИНДА МОНӢ…

231

Овардаанд, ки фоида наёбад таълимгиранда аз илм магар ба таъзими илм ва таъзими устод. Агар барои сарсабзиву рангорангии Замин об лозим бошад, пас барои инкишофу пешрафти инсон, устод мисли об зарур аст. Дар олам одамоне ҳастанд, ки барои худ зиндагӣ намекунанд. Барои беҳрӯзии маънавию моддии халқу Ватан аз худ гузашта, роҳатро фаромӯш мекунанд. Ин нафарон парвардаи мактаби офтобанд, сабақи офтобро гирифта ба тамоми хору хас, касу нокас дар ҳар нафас гармӣ ва рӯшноӣ мебахшанд, аммо беминнат, бомуҳаббат, босадоқат. Аз давраҳои қадим бузургони илму адаб нисбат ба устод эҳтироми хосу бепоён доштанд ва ӯро тарбиятгари инсон, чароғи роҳнамо ба сӯи фардои дурахшон, таконбахши рушди ҷомеъа ва саҳмгузори рушди неруи зеҳниву ақлонӣ медонистанд ва дар ҳамагуна масъалаву мушкилиҳо ба устод муроҷиат мекарданду маслиҳат мегирифтанд. Имрӯз низ ин гуфтаи бузургони илму хирад пойбарҷо буда, ҳамеша аз нақши устод мегӯянд ва ба бузургии ӯ арҷ мегузоранд. Яке аз ин гуна устодони гиромиқадр, олимони соҳибмактаб ва инсони поксиришт олими намоёни физика, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Муллоев Нурулло Урунбойевич буданд. Нурулло Муллоев 7-уми сентябри соли 1962 дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфараи вилояти Суғд дар оилаи зиёӣ дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Номбурда пас аз хатми мактаби миёна, соли 1979 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) дохил шуда, бо пешниҳоди роҳбарияти онвақти факултет ва донишгоҳ ӯро соли 1983 ба Донишгоҳи давлатии Ленинград (Санкт-Петербурги имрӯза) барои идомаи таҳсил равона менамоянд. Донишҷӯи фаъол бо талошҳо ва заҳматҳои зиёд ин боргоҳи илму маърифатро соли 1986 хатм менамояд. Баъд аз хатми донишоҳ ба меҳан бар мегардад ва фаъолияти меҳнатиашро соли 1986 ба ҳайси муҳандис дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оғоз намудааст. Сипас, ба зодгоҳаш баргашта, аз соли 1988 то соли 1991 дар вазифаи муаллими физика дар мактаби миёнаи №8 шаҳри Исфара фаъолият менамояд. Солҳои 1991-1996 ҳамчун коромӯз-таҳқиқотчии кафедраи оптика ва спектроскопияи факултети физикаи ДМТ пайи омӯзишу пажӯҳиш шуғл варзида, таҳти роҳбарии яке аз поягузорони оптика ва спектроскопия дар Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон Нарзиев Бозор Нарзиевич соли 1996 рисолаи номзадиро дифо намуда, ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаю математика шарафёб мегардад. Аз соли 1996 то соли 2000 дар вазифаи муаллими калони ҳамин кафедра кор кардааст. Аз соли 2003 то 2011 дар вазифаи ходими хурди илмии Институти кинетикаи химиявӣ ва сӯзишвории ба номи В.В. Воеводскийи Академияи илмҳои Россия фаъолият намуда, сипас дубора ба ватан бар мегардад ва соли 2011 ҳамчун дотсенти кафедра ва аз соли 2018 то нафаси вопасин мудирии кафедраи оптика ва спектроскопияро ба ӯҳда дошт. Бояд қайд наомем, ки дар замони мудирии профессор Муллоев Н.У. бо якчанд донишгоҳҳои хориҷа аз он ҷумла бо Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишгоҳи давлати Оренбург ва ғ. ҳамкории кафедраи оптика ва спектрокопияи факултетро ба роҳ монда буданд. Маҳз дар давраи роҳбари кафедра буданашон ҳамроҳ бо олимон ва устодони кафедраи «Оптика ва спектроскопия»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва кафедраи «Оптика»-и Донишгоҳи давлатии Самарқанд иқдоми некеро пеш гирифтанд. Устодони ин ду Донишгоҳ зимни ҳамкории муштарак барои бахшҳои бакалавр аз рӯи тахассусҳои физика, астрономия, техника ва шавқмандону соҳаҳои марбут ба физика ва инчунин, омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон китоби дарсии «Оптика» -ро таълиф намуданд. Нашри ин китоб самараи муносибатҳои дӯстона ва натиҷаи ҳамкориҳои устодони факултетҳои физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Самарқанд буда, барои боз ҳам тақвият ёфтани ҳамкориҳои илмӣ ва инчунин, таълифи адабиёти таълимӣ миёни олимони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қадами устуворе гузошт. Устод бо ҷаҳду талошҳои хастанопазир пайи омӯзишу пажӯҳиш рафта, соли 2017 рисолаи докториро дифо намуданд. Ҳамчунин, дар заминаи пажӯҳишҳои комилан нави илмӣ муаллифи ду патенти ихтироот гардид. Профессор Муллоев Н.У. дар асоси натиҷаи корҳои илмӣ-татқиқотӣ бо ҳамроҳии шогирдон зиёда аз 140 мақолаи илмии худро дар маҷаллаҳои бонуфузи Россия, ИМА, Белорусия, Украина, Полша ва дигар кишварҳои хориҷи дуру наздик ба нашр расонидааст. Дар давоми фаъолияти кории худ ғайр аз кори таълимӣ, мунтазам ба корҳои илмӣ-методӣ машғул шуда, бо ҳамроҳии устодони кафедра барои донишҷӯён ва дохилшавандагони мактабҳои олӣ 6 дастури таълимӣ-методӣ навиштааст. Ҳамчунин, таҳти роҳбарии ӯ 4 рисолаи номзадӣ (Файзиева М.Р., Ҳодиев М.Ҳ., Юсуфова Ж.О., Давлатмамадова С.Ш.) дифо шуданд. Устод барои хизматҳои шоёнаш дар соҳаи маориф ва илм бо ифтихорномаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст. Тавъам бо корҳои илмию тадқиқотӣ ва таълимию методӣ, профессор Муллоев Н.У. дар корҳои ҷамъиятӣ, илмӣ низ иштироки фаъолона дошта, аъзои Шӯрои махсусгардонидашуда 1.3.8 доир ба ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ назди ДМТ буданд. Соҳаи илмие, ки профессор Муллоев Н.У. пеш мебурд, дар риштаи физика бисёр муҳим буда, барои пешрафти хосиятҳои протонодонориву протоноаксептори пайвастагиҳои гетеросикӣ нақши муҳим мебозид. Ҳама хизматҳои эшон шаҳодати онанд, ки онҳо аз тарафи олимони мамлакатҳои хориҷӣ ва кишварҳои ИДМ дар сатҳи баланд пазируфта шуда, аксарияташон дар маҷаллаҳои бонуфузи илмӣ интишор ёфтаанд ва дигар олимон низ аз онҳо иқтибос намудаанд. Мутаассифона, ба устод умр бақо накард ва санаи 6-уми апрели соли 2022 дили ин олими бузург ва шахси хайрхоҳу накукор пас аз бемории тулонӣ аз тапидан боз монд. Бо вуҷуди умри кӯтоҳи хеш, ин марди вафодор тавонист барои беҳбудии халқ, пешрафти илму таълим ва тарбияи насли ҷавон содиқона хизмат намояд. Агар марг домангираш намегашт, шояд боз ба қуллаҳои баландтари илм расида шогирдони зиёдеро тарбия менамуд. Ҳарчанд ӯ ҷисман рафта бошад ҳам, вале кору пайкор, қалби софу тинати покаш ҳеҷ гоҳ аз хотираҳо нахохад рафт ва ҳамеша дар қалби наздикон, шогирдон, дӯстону ҳамкасбон зинда боқӣ хоҳад монд. Устоди азиз, набуданатон ҳамаи буданҳоро ба ғам хоҳад кашид. Дилтанагӣ барои аз даст додани чун Шумо муаллими дилсӯз, ки гуфтани надорад. Ҳама медонанд мо чӣ ҷавҳареро аз даст додаем. Имрӯз, агар устод дар ҳаёт мебуданд, ба синни мубораки 60 мерасиданд. Акнун, ки нестанд, барояшон дуои хайр мефиристем: равонатон шоду ёдатон гиромӣ бод, устоди азиз!

Гарчанде мушкил аст, мо устодони кафедра ва шогирдони устод кӯшиш ба харҷ медиҳем то давомдиҳандаи кори ӯ бошем ва номи эшонро абадан зинда нигоҳ дорем.

Гавҳар аз хок бароранду азизаш доранд,

Бахти бад бин, ки фалак гавҳари мо бурда ба хок.

Устодон ва кормандони кафедраи оптика ва спектроскопияи факултети физикаи ДМТ