НАҚШИ СУХАНИ ОМӮЗГОР ДАР РАВАНДИ ДАРСҲОИ ПРОБЛЕМАВӢ АЗ ФАННИ ФИЗИКА

755

Солҳои охир истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар муассисаҳои олии кишвар ба ҳукми анъана даромадааст. Аксари устодон кӯшиш менамоянд, ки барои ҷолиб ва шавқовар гардидани дарс аз усулҳои навтарин, ки боиси баланд гардидани сифати таҳсилот мегардад, истифода намоянд. Яке аз ин усулҳо усули омӯзиши проблемавӣ мебошад, ки дар раванди дарс фаъол будани устод ва шогирдонро таъмин менамояд. Ҳадафи омӯзиши проблемавӣ ин рушди зеҳнӣ, ташаккули донишҳои илмӣ, баланд бардоштани ҳавасмандии раванди таълим ва тарбияи шахсияти фаъол мебошад.      Усули омӯзиши проблемавӣ тавассути ба вуҷуд овардани вазъиятҳои проблемавӣ ва ташкили фаъолияти хонандагон дар ҳалли вазъияти бавуҷудомада, амалӣ карда мешавад. Муаллим дар баробари эҷоди вазъиятҳои проблемавӣ инчунин дар бораи  ба донишҷӯ шарҳу эзоҳ додани ин вазъиятҳои ба вуҷуд омада бояд фикр намояд. Устодоне ҳастанд, ки дар эҷоди вазъиятҳои проблемавӣ назир надоранд, вале дар шарҳу эзоҳи онҳо дар назди шогирдон душворӣ мекашанд ва шогирдонро ба дарс ҷалб карда наметавонанд.                                                                                        

    Вазъиятҳои проблемавӣ боиси афзоиши шавқу завқи донишҷӯён ба фанни физика гардида,  ҷолибияти он дар нутқи омӯзгор инъикос меёбад. Нутқи омӯзгор ва маданияти баланди суханронии ӯ боис мегардад, ки вазъияти проблемавӣ дар тасаввури шогирдон ба таври аёнӣ ҷилвагар шавад.                                                    

Маданияти сухан яке аз қисмҳои таркибии маҳорати омӯзгор мебошад, зеро муаллим инъикоскунандаи фарҳанги рафтор, гуфтор ва муошират буда, насли ояндаро дар рӯҳияи баланди фарҳангӣ тарбия менамояд.   Ҷузъҳои маданияти нутқи муаллим иборатанд аз: дикция, ифоданокӣ, интонатсия, возеҳии баён, саводнокӣ дар сохтани ҷумла, образнок будани нутқ, дуруст будани таъкид дар калима, истисно кардани калимаҳои қабеҳ, оҳанг ва суръати гуфтор, сарвати луғавӣ, мантиқи баёни фикр, донишмандӣ мебошанд.    

     Яке аз муҳимтарин омилҳои салоҳияти касбии омӯзгори фанни физика суханронии касбии ӯ мебошад, ки маҳорати фаҳмонидани вазъиятҳои проблемавӣ ва шарҳу эзоҳи он аз ҷониби омӯзгорро дар бар мегирад. Ин гуна суханронӣ  пеш аз ҳама, аз дуруст сохтани ибора ва ҷумлаҳо, пайдарпаии дурусти онҳо вобаста мебошад, ки ин ба вазъият дуруст баҳо додани донишҷӯёнро осон мегардонад.  Суханронии касбӣ муоширати байни муаллим ва донишҷӯро тақвият мебахшид ва шарти муҳими самарабахшии раванди таълим, воситаи ташаккули шахсияти донишҷӯ мегардад.            

Муоширати педагогӣ ин муоширати касбии омӯзгор бо донишҷӯён дар раванди дарс ва берун аз он мебошад, ки ба фароҳам овардани фазои мусоиди равонӣ нигаронида шудааст. Муоширати нодурусти педагогӣ боиси тарс, ноустуворӣ, суст шудани диққат, хотира, кор, вайроншавии динамикаи нутқ ва дар натиҷа пайдо шудани изҳороти стереотипии донишҷӯён гардида дар  онҳо майлу хоҳиши мустақилона фикр карданро паст мекунад.   Гуфтори шифоҳӣ воситаи асосии муоширати педагогӣ мебошад. Сухани муаллим ба ҳиссиёт ва шуури донишҷӯён бояд бевосита таъсир расонад, тафаккур ва хаёлотро ба вуҷуд оварад, зарурати фаъолияти ҷустуҷӯро ба вуҷуд оварад. Сухани муаллим дар синф ҳамеша ба донишҷӯён нигаронида мешавад. Нутқи муаллим ҳангоми пешниҳоди мавзӯи нав, ба ҷавоби донишҷӯ эродгирӣ ё ҷавоби донишҷӯро маъқул шуморидани ӯ, бояд самимӣ ва шавқу ҳаваси худ фарқ намояд.  Бо камоли камоли кордонӣ суханронии муаллим дар кори таълим муваффакиятҳои калон ба даст меоварад.            

Фаъолияти пурсамари муаллим ба дараҷаи инкишофи  нутқи ӯ  вобастагӣ дорад. Нутқи муаллими физика дар раванди дарс на танхо боиси хуб омӯхта шудани маводи таълимӣ, балки ба ташаккули малака ва маҳорати нутқи хонандагон дар раванди таълим таъсири амиқ мегузорад.             

Тафсири нутқ ҳамчун фаъолияти эҷодӣ, зеҳнӣ, ки бо ҳалли мушкилот, амалҳо дар вазъияти мушкилот алоқаманд аст, имкон медиҳад, ки сифати дигари нутқи дидактикӣ – эҷодкорӣ ҷудо карда шавад. Хусусияти эҷодии нутқи дидактикӣ дар интихоби ба мақсад мувофиқ будани воситаҳои нутқи аз тарафи муаллим зоҳир мегардад, ки ба вазъияти коммуникативию педагогии дарс мувофиқанд ва дар доираи он вазифаи коммуникативию маърифатӣ ҳал карда мешавад. Ба ибораи дигар, дар шароити нави коммуникативӣ-педагогӣомезиш ва таѓйири маводи нутқ ба маќсадњои таълим, аз як тараф, роҳи ҳалли вазифаи коммуникативї-таълимии омўзгор ва воситаи фаъолгардонии тафаккури нутқ мебошад.                                                                                                                                      

Дар маданияти касбии муошират нақши хусусиятҳои иҷтимоию психологии нутқ махсусан баланд аст. Сухан воситаи ба даст овардан, амалӣ кардан, инкишоф ва интиқол додани маҳорати касбӣ мебошад. Барои муваффақ шудан дар фаъолияти касбии муаллими физикаи замони муосир бояд малакаҳои фарҳанги гуфтор, салоҳияти забонӣ, коммуникативӣ ва рафториро дар муоширати касбӣ дошта бошад.        Барои ба ин мақсадҳо ноил гардидан, мутахассисро зарур аст, ки сифатҳои зеринро дошта бошад:                                                                                                                   

   – донистани меъёрҳои забони адабӣ ва татбиқи онҳо дар нутқ;                                                

   – қобилияти назорат кардани дурустӣ, пайвастагӣ ва ифоданокии нутқ;                           

 – донистани истилоҳоти касбӣ ва мувофиқатии байни истилоҳоту мафҳумҳо;                

 – доштани услуби суханронии касбӣ;                                                                                     

     – қобилияти муайян кардани ҳадаф ва дарки вазъияти муошират;                             

  – қобилияти ба инобат гирифтани хислатҳои фардии донишҷӯён;

– доштани малакаи ояндабинии рушди муколама;

– қобилияти эҷод ва нигоҳ доштани фазои неки муошират;

– дараҷаи баланди назорати ҳолати эмотсионалӣ ва ифодаи эҳсосот;

– қобилияти роҳбарӣ кардани муколама мувофиқи ҳадафҳои фаъолияти касбӣ;

– донистани одоб ва возеҳ будани татбиқи қоидаҳои он.                                                

     Физика ба илмҳои дақиқ тааллуқ дорад ва пеш аз ҳама аз омӯзгор ифодаи равшани фикрро талаб мекунад. Муаллим формулаҳо ва таърифҳои физикавиро ба донишҷӯён бояд тавре пешниҳод намояд, ки кулли тавсифоти онҳоро дар бар бигирад.

Масалан,

Қайд кардан ба маврид аст, ки пастшавии самаранокии омӯзиш бо норасоиҳои гуфтор: норавшании гуфтаҳо, нодуруст истифода бурдани терминҳои физикавӣ, истифодаи нодурусти ифодаҳои образнок, гузариши номуносиб аз намоиш ба проблема, фаҳмонидани бемантиқи масъала ва ғайра вобаста аст. Бинобар ин муаллимон бояд меъёри адабии забон ва тарзи дурусти таърифҳои физикавиро донанд, инчунин воҳидҳои бузургиҳои физикавиро дуруст талаффуз карда тавонанд. Таҷрибаҳои иштирок дар олимпиадаҳо нишон доданд, ки аксарияти донишҷӯён дониши физикавии хуб доранд, масъалаҳои физикавиро ҳал карда метавонанд, вале онро ба таври возеҳ баён карда наметавонанд. Баъзе устодон бошанд, дар он андешаанд, ки ҳангоми азхуд кардани ҳалли масъалаҳо, иҷрои корҳои лабораторӣ донистан ва фаҳмидани маводи назариявӣ басанда аст ва шарҳи физикавии он  ба омӯзиши фан зарурат надорад. Агар муаллими физика фанни худро надонад, пас ӯ мавзӯъро нодуруст шарҳ медиҳад. Нутқи фаннӣ  гуфта ироаи мафҳумҳои физикавӣ, қонунҳо, назария, формулаҳо ва ғайраҳоро меноманд. Нутқи фаннии дуруст ин нутқест, ки дар ҳамаи он ҳамаи меъёрҳои замони адабии муосир риоя мегарданд. Муаллими ояндаро зарур аст, ки ҳамаи меъёрҳои забони адабии тоҷикиро донад:

1. зада ва интонатсия

2. талаффуз

3. қоидаҳои истифодаи калимаҳо

4. имлои калимаҳо                                                                                                 

5. Аломатҳои китобатро .                                                                                                 

   Маданияти нутқ мафҳуми васеъ ва пурмазмуни сертаркиба аст, вале пеш аз ҳама саводи сохтани ибораҳо мебошад. Донистани қоидаҳои грамматикӣ ба муаллим имкон фароҳам меорад, ки фикрашро дуруст баён карда тавонад. Аз ҷихати имло дуруст талаффуз кардани мавод мазмун, пайдарҳамии мантиқӣ ва фаҳмо будани онро таъмин мекунад. Ҷузъи дуюми фарҳанги нутқи омӯзгор равонӣ ва возеҳии баён аст. Мавзӯъи ихтиёриро омӯзгор метавонад бо тарзҳои гуногун ба донишҷӯён фаҳмонад. Ӯ метавонад бо истифода аз ибора ва ҷумлаҳои ба донишҷӯён фаҳмо мавзӯъро баррасӣ намояд ё баръакс, ба нутқи худ  чунон ҷомаи илмӣ пӯшонад, ки донишҷӯён дар дарки он оҷиз монанд. Дар шакли содда баён намудан ва фаҳмо гардондани мавзӯъ  ба тафаккури муаллим, ба образнокӣ  ва ҳаётӣ будани мисолҳои барои шарҳ истифода гардида асос меёбад.  

          Ҷузъи сеюми фарҳанги гуфтор ифоданокӣ мебошад. Он ҳам бо интихоби дурусти калимахо ва сохти синтаксисӣ ва ҳам бо рохи фаъолона истифода бурдани ҷузъҳои асосии ифодаи нутқи шифохӣ — оҳанг, динамикаи овоз, суръат, пауза, таъкид, интонация, дикция ба даст меояд. Оњанги суханронии омўзгор бояд ором, эътимоднок, муътабар бошад. Аммо барои ин зарур аст, ки худи муаллим ором бошад, ба дурустии фармони додашуда, ба кирдораш, бахо додан ба амалу кирдори талабагон боварӣ ҳосил намояд. Оҳанги тарғибкунанда, роҳнамоӣ хеле номатлуб аст, он одатан донишҷӯёнро аз муаллим дур месозад, зеро ба худшиносии донишҷӯ ва ҳамчун шахс инкишоф ёфтани он таъсири манфӣ мерасонад. Суръати нутқ ифоданокии онро низ муайян мекунад. Суханронии хеле тез номувофиқ аст, зеро барои дарки маълумот ва «ҳазм кардани он аз тарафи донишҷӯён  вақт маҳдуд мебошад, аммо нутқи хеле суст низ ба донишҷӯён таъсири манфӣ мерасонад ва дарчс дар назари онҳо дилгиркунанда мешавад. Дуруст истифода бурдани танаффус дар байни гуфтор  имкон медиҳад, ки маънои калима ва ибораи гуфташуда беҳтар шарҳ дода шавад. Бо ёрии таваққуф маънои ҷолиби нутқи муаллим, хабари ӯ дар бораи ягон ҳодиса ва ғайраро зиёд кардан мумкин аст.            Барои муайян кардани нақши сухани омӯзгор дар раванди таълими дарсҳои проблемавӣ аз фанни физика   дар байни донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тадқиқот гузаронида шуд. Натиҷаи пурсишномаи дар байни донишҷӯён гузаронидашуда нишон дод, ки 84 фоизи донишҷӯён  маданияти гуфтор ва рафтори устодони донишгоҳро дар сатҳи олӣ арзёбӣ менамоянду 26 фоизи онҳо ба ин масъала аҳамият надодаанд. Аммо 52 фоизи пурсидашудагон қайд намуданд, ки аз суханронии устодони худ ҳаловат мебаранд ва мехоҳанд ба монанди устодони худ ғановати луғавии бой дошта бошанду, дар раванди созмондиҳии проблемаҳо ва шарҳи ҳодисаҳо , 32 фоизи онҳо  бошанд ба ин масъала таваҷҷӯҳ надоштанашонро иброз намуданд. 

Истамов Ф.Х., н.и.ф.м мудири кафедраи методикаи таълими физика

Каримов Н. н.и.ф. мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷик