САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ

258

Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем. Дар ин раванд, мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосиро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем.

Эмомалӣ Раҳмон

Яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукмати кишвар пас аз ба даст даровардани истиқлолияти давлатӣ баланд бардоштани маданияти маънавии аҳолӣ, алалхусус соҳаи маориф, илм ва фарҳанг ба ҳисоб мерафт. Барои расидан ба ин мақсади наҷиб бо вуҷуди вазъи мураккаби иқтисодию сиёсии кишвар дар он замон, Ҳукумати мамалакат тадбирҳои таъхирнопазир андешида ҷавононро барои аз худ намудани донишҳои соҳавӣ ҳидоят менамуд.

Қадами нахуст дар ин самт эълон гардидани соли 2010 «Соли фарҳанги техникӣ» мебошад, ки мутобиқи он ҷавонони мо рӯ ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ оварданд; тадриҷан ихтисосҳои нав дар илмҳои табиатшиносӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ кушода шуданд, дастгоҳҳои муосири илмӣ-таҳқиқотӣ оварда шуданд, квотаҳои Президентӣ дар илмҳои табиатшиносӣ афзун гардиданд, маҷаллаҳои илмӣ-оммавӣ ба миён омаданд ва бо ҳамин васила барои азхуд намудани илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Қадами навбатии Роҳбари давлат дар самти мазкур қабул гардидани «Барномаи давлатии рушди илмҳои табиатшиносӣ барои солҳои 2016-2020» ба ҳисоб меравад, ки дар ин давра якчанд чорабиниҳои муҳими илмӣ-таҳқиқотӣ гузаронида шуданд. Ва ниҳоят, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26-уми декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, «Бистсолаи рушди омӯзиш ва фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040»-ро пешниҳод намуданд, ки қадами ҷиддист барои густариш ёфтани илмҳои болозикр. Бо ин ибтикороти таърихӣ Сарвари давлат дар назди аҳли маориф ва ҳар як шаҳрванди кишвар вазифаҳои мушаххас гузоштанд, ки иҷрои он, бешубҳа, дар пешрафти иқтисодиёт, илм, техника ва саноат нақши ҳалкунанда мебозад.

Яке аз олимони номдори Иттиҳоди Шуравӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов, математик А.И. Арнолд гуфта буданд, ки «Страна без науки не имеет будущего» (Мамлакат бе илм оянда надорад), ки воқеан ҳам дуруст аст. Бе пешрафти илму техника, технологияи муосир ва кадрҳои баландихтисос мамлакатро дар қатори давлатҳои мутараққии ҷаҳон баровардан мушкил аст, зеро пешбаранди асосии мамлакат ҷавонони босаводу болаёқат, хусусан дар соҳаи фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ мебошанд.

Дар ин робита, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон пешниҳод намуданд, ки ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор карда шуда, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънави қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида шаванд.

Дар робита ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба 29 марти соли 2022 дар факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика бахшида ба бузургдошти Абуали ибни Сино бо ташаббуси ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. доир гардид. Дар олимпиада дар баробари донишҷӯёни тоҷик, инчунин, донишҷӯён аз ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қазоқистон, Афғонистон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд. Аз ҷониби масъулини олимпиада масъалаҳо бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода шуда, барои ҳалли масъалаҳо чор соат муайян гардид. Роҳбарияти Донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки ҳар ду сол пас дар факултетҳои табиатшиносӣ олимпиадаҳои байналмилалӣ гузаронида шаванд.

Ҷиҳати татбиқи Фармони Президенти кишвар соли дуюм аст, ки дар мамлакат озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» гузаронида мешавад, ки дар он донишҷӯёни факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштироки фаъолона менамоянд. Соли аввал ҷои якум дар даври ҷумҳуриявӣ насиби донишҷӯи факултети физика гардид. Имсол ҳам тасмим гирифтем, ки донишҷӯёни мо дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гарданд.

Дар ҳақиқат рӯ овардан ба омӯзиши илмҳои дақиқ барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва рушди соҳаи илму маориф дар роҳи расидан ба фардои босубат вазифаи муқаддаси ҳар яки мост ва ғамхориҳои Пешвои миллат барои ҷавонон ва ҷалби онҳо ба илмҳо табиатшиносӣ мебошад.

Қодирзода Зафар, декани факултети физика ДМТ, номзади илмҳои физикаю математика