РУШДИ МЕТЕОРОЛОГИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН

406

23 март. Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии метеорологӣ

Мушоҳида ва омӯзиши ҳодисаҳои метеорологӣ ба воситаи асбоб ҳанӯз дар асрҳои XVI – XVII оғоз ёфта буданд. Ин асбобҳо термометр ва барометр, ки мувофиқан аз ҷониби Галилей ва Торричелли дар солҳои 1597 ва 1643 ихтироъ гардидаанд. Дар робита ба рушди мушоҳидаҳои метеорологӣ ба воситаи асбоб нақши муҳимро таъсиси шабакаҳои обуҳавосанҷӣ бозиданд. Галилей соли 1654 Академияи Флоренсияро таъсис дода, дар назди он аввалин шабакаи обуҳавосанҷиро бунёд кард. Баъдан, дар шаҳрҳои Париж, Варшава, Вена, Берлин ва ғайра пайи ҳам шабакаҳои обуҳавошиносӣ ба фаъолият оғоз намуданд.

Барои рушди метеорология дар XIX, олимони аврупоӣ, ба монанди чун А.Гумболдт, Г.Дове ва дигарон низ нақши муҳим доранд. Масалан, соли 1826 Г.Брандес нахустин харитаи обу ҳаворо мураттаб гардонид. Баъд аз ихтирои телеграф, бо ташаббуси астроном У.Леверйе дар Фаронса ва адмирал Р.Фисроя дар Англия, усулҳои синоптикии пешгӯии обу ҳаво ба роҳ монда шуд. Соли 1851 дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонии Лондон харитаи синоптикии аз рӯйи маълумотҳои 22 шабакаи обуҳавосанҷӣ мураттаб гардида, ба намоиш гузошта шуд. Дар нимаи дуюми қарни XIX, яке аз бахшҳои муҳим ва назариявии метеорология, метеорологияи динамикӣ ба вуҷуд омад. Дар рушди он саҳми В.Феррел (ИМА), Г.Гелмголтс (Олмон), В.Беркнес (Норвегия), М.Маргулес (Австрия) ва дигарон бағоят бузург аст. Комёбиҳои беназир дар ташаккули аэрология бошад, ба нимаи аввали асри XX рост меояд. Барои рушди аэрология Л. де Бор дар Фаронса, Р.Ассман дар Олмон, А.Молчанов дар ИҶШС ва ғайра дар дигар кишварҳои нақши муҳим бозиданд.

Пас аз ин фармону дастурҳои ҳаётан муҳими ҳукумати вақти ИҶШС соли 1926 дар назди комиссариати халқии шаҳри Душанбе бюрои гидромет ташкил шуд, ки он ба таъсиси Раёсати обуҳавошиносии Тоҷикистон заминаи воқеӣ гузошт. Соли 1932 дар доираи истгоҳи метеорологии шаҳри Душанбе аввалин гурӯҳи обуҳавосанҷӣ иборат аз се нафар созмон дода шуд, ки он ба оғози фаъолияти хадамоти обуҳавошиносии Тоҷикистон асос гузошт. Соли 1933 бошад нахустин Раёсати ҷумҳуриявии гидрометеорологӣ таъсис дода шуда, ҳамон сол баъди анҷоми сохтмони шабакаи гидрометеорологии пиряхи Федченко ба фаъолият оғоз намуд. Бунёдгузор ва нахустин роҳбари ин муассиса Н.С. Трухманов (1933-1941) буд. Баъд аз ӯ сарварии муассисаи мазкурро ашхоси кордоне чун Г.Ф. Гребенников (1941-1944), И.И. Абрамов (1944-1945), П.И. Никулин (1945-1953), А.А. Мороз (1953-1955), Е.П. Гончаров (1955-1968), Н.В. Мачигин (1968-1986), А.Ҳ. Шукуров (1986-1991), А.Қ. Қурбонов (1991-1992), Х.Я. Яфталов (1992-1996), Б.У. Маҳмадалиев (1996-2009), М.Т. Сафаров (2009-2014), Ҳ.Ҳ. Расулзода (2014 – 2020), Д.С. Дӯстзода (2020-2021) ва А.Қурбонзода (аз соли 2021 то имрӯз) бар дӯш гирифтанд. Солҳои аввали пайдоиши хизмати гидрометеорологӣ дар Тоҷикистон барои бунёди аввалин истгоҳҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунӣ бо ҳамроҳии Н.С. Трухманов мутахассисони варзида В.М. Прасолов, С.С. Лебедев, Н.С. Темников, С.И. Жидков, А.И. Близнюк, Е.А. Глискова ва даҳҳо нафари дигар сафарбар гардида, саҳми арзанда гузоштанд. Дар он давра бо вуҷуди нарасидани мутахассисони соҳибтаҷриба, шароити корӣ, таҷҳизоти метеорологӣ ва дигар васоити зарурӣ кормандон рӯҳафтода нашуда, нақшаҳои кории худро пеш аз муҳлат ба итмом мерасониданд. Масалан, аллакай дар ибтидои соли 1930 дар миқёси Тоҷикистон 14 истгоҳи метеорологӣ ва 17 дидбонгоҳи гидрологӣ амал мекард.

Аввалин истгоҳҳои обуҳавосанҷӣ дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон ҳанӯз дар асри XIX, яъне баъди ҳамроҳшавии Осиёи Марказӣ ба Русияи подшоҳӣ бунёд гардиданд. Нахустин истгоҳи обуҳавосанҷии Тоҷикистон шабакаи метеорологии шаҳри Хуҷанд мебошад, ки он соли 1866 таъсис ёфтааст. Роҳбари вақти ин истгоҳи обуҳавосанҷӣ В. Штраус дар китоби қайди мушоҳидаҳои метеорологӣ ҳолати боду ҳавои шаҳрро ба чунин тарз сабт менамояд: «… 1 ноября 1866 года в 7 часов утра: температура воздуха 14,4; относительная влажность по гигрометру 83%; минимальная температура +12,0; максимальная температура +35,1; показания давления 734,8 мм рт. ст.; скорость и направления ветра не определяли».

Истгоҳи обуҳавосанҷии Хуҷанд барҳақ мактаби ҳақиқии кормандони соҳа гардида, ба рӯйхати Хадамоти ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ (ХҶО), Ташкилоти умумиҷаҳонии метеорологӣ (ТУМ) ва Шабакаҳои обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) шомил аст. Баъд аз таъсиси шабакаи метеорологии Хуҷанд дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон истгоҳҳои обуҳавосанҷии дигар пайи ҳам ба фаъолият оғоз намуданд. Масалан, шабакаҳои обуҳавосанҷии Истаравшан соли 1873, Панҷакент (1879), Мурғоб (1894), Хоруғ (1898), Душанбе (1926), Деҳавз (1928), Искандаркӯл (1929), Бохтар (1929), Рашт (1930), Фархор (1930), Данғара (1931), Ховалинг (1932), Мадрушкат (1932), Ишкошим (1933) ва ғайра ба мушоҳидаҳои метеорологӣ оғоз карданд.

Ҳамин тариқ, дар остонаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон 43 истгоҳи обуҳавошиносӣ ва 54 дидбонгоҳи обченкунӣ фаъолият мекарданд. Дар рӯйхати шабакаҳои обуҳавошиносии ИДМ 16 истгоҳи обуҳавосанҷӣ ва 10 дидбонгоҳи обченкунии Тоҷикистон шомил буда, дар Системаи мушоҳидаҳои глобалии иқлим (СМГИ) бошад, ду истгоҳи обуҳавосанҷии (Бохтару Хоруғ) Тоҷикистон дохил мешаванд. Кишвари мо ба минтақаи II осиёгии ТУМ тааллуқ дошта, ба системаи Хадамоти ҷаҳонии обуҳавосанҷии ТУМ 10 истгоҳ, аз ҷумла ду истгоҳи махсуси мушоҳидаи қабатҳои баланди атмосфера шомиланд. Имрӯз шабакаҳои обуҳавошиносии Тоҷикистон дорои 57 истгоҳи обуҳавосанҷӣ ва 126 дидбонгоҳи гидрологӣ, метеорологӣ, барфу тарма, актинометрӣ, агрометеорологӣ ва мониторинги олудагии муҳити зист мебошанд. Дар шароити имрӯза талабот ба мушоҳидаҳои метеорологӣ, гидрологӣ, атмосферӣ ва умуман ҳодисоти табиати атроф афзуда, истгоҳҳои обуҳавосанҷию дидбонгоҳҳои обченкунии Тоҷикистон сол то сол бо асбобҳои метеорологӣ ва дигар лавозимоти зарурии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида мешаванд.

Омӯзиш ва пажӯҳиши ҳодисоти метеорологӣ, глятсиологӣ, гидрологӣ ва атмосферӣ дар қаламрави Тоҷикистони кунунӣ ҳанӯз солҳои 50 – уми асри XIX оғоз гардида, то ҳол олимону мутахассисон ба дастовардҳои назарасе ноил гардидаанд. Масалан, нахустин луғати (справочник) вазъи обу ҳаво, муҳит, мушоҳида ва тағйирёбии иқлим соли 1949 нашр гардида, дар он маълумоти 47 истгоҳи метеорологӣ ва 24 дидбонгоҳи гидрологӣ гирд оварда шуда буд. Соли 1968 дар шаҳри Душанбе аввалин атласи қомуси рангаи хадамоти обуҳавошиносӣ ба нашр омода гардид. Қомус бо қарори Шурои вазирон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод шуда, дар баррасии он мутахассисони идораи обуҳавошиносӣ саҳми калон гузоштанд.

Барои тайёр кардани мутахассисон ва таъмини кадрҳои соҳибмаълумоти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ аз ҳисоби ҷавонони маҳаллӣ бо дастгири ҳамаҷонибаи давлату ҳукумати соҳибистиқлоли Тоҷикистон соли 1995 дар назди факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (имрӯза ДМТ) ихтисоси нав – метеорология ба фаъолият оғоз намуд. Яке аз ташаббускорони кушодашавии ин ихтисос собиқ муовини аввали Вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ), н.и.ф.-м., дотсент А.Қурбонов, ки худ мутахассиси соҳа ва хатмкардаи Донишгоҳи давлатии гидрометеорологии Русия (ш.Санкт-Петербург) аст, мебошад. Ин пешниҳоди Вазорати ҳифзи табиат аз ҷониби Вазири маориф Б.Додхудоева, Вазири иқтисод И.Давлатов ва Президенти Академияи илмҳо У.Мирсаидов ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, ихтисоси метеорология кушода шуд. Пеш аз ҳама ташаббускори асосӣ барои таъсиси кафедраи ҷадид факултети физикаи ДМТ буд. Ихтисоси метеорология аввалан дар назди кафедраи физикаи атому ҳаста, ки мудирии онро дотсент, А.Саломов бар дӯш дошт, ба фаъолияти худ оғоз намуд. Сипас, аз ҳисоби як зумра устодони факултет барои ихтисоси мазкур кафедраи метеорология таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро солҳои 1998-2009 декани вақти факултет (1987-1998), д.и.ф.-м., узви вобастаи АМИТ, профессор Ф.Х. Ҳакимов бар уҳда дошт. Устодони аввалини кафедра Ф.Х. Ҳакимов, З. Низомов, М. Нуралиев, А. Қурбонов, ҳамкорон: М. Сафаров, Ҷ. Байдуллоева, А. Ҳамидов, О. Мирзохонов ва ассистентон: Р. Подшоев, С. Мирзохонова, З. Куканиева буданд.

Мубрамият ва ҳалталабии масоили мазкур аз мадди назари давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ дур намемонад, бинобар ин сол 2014 бо пешниҳоди садорати факултети физикаю раёсати ДМТ ва дастгирии бевоситаи Ҳукумати кишвар кафедраи номбурда аз нав бо номи кафедраи метеорология ва климатология эҳё гардид. Аз лаҳзаи боз шудани кафедра омӯзгорону устодони кафедра дар баробари таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ба омӯзиш ва тадқиқи масоили гуногуни метеорология, климатология, гидрология, глятсиология, гидрохимия ва ҳолатҳои фавқулодаи ба шароитҳои метеорологӣ алоқаманд машғул гардида, ба натиҷаҳои назарраси илмӣ ноил шуда истодаанд. Ҳоло сарварии онро д.и.к., узви вобастаи АМИТ, профессор И.Ш. Норматов ба уҳда дорад.

Дар айни замон робитаҳои илмии кормандони кафедра ба олимону мутахассисони муассисаҳои мазкур ва дигар пажӯҳишгоҳу ташкилотҳои илмию тадқиқотии хориҷи дуру наздик қавитар гардида истодааст. Дар заминаи ин фаъолиятҳои пурсамару муштараки илмию тадқиқотӣ устодони кафедраи метеорология ва климатология бо маърӯза ва мақолаҳои илмии хеш дар семинар, конфронс ва дигар чорабиниҳои илмии муассисаҳои хориҷӣ иштирок менамоянд. Ҳамзамон, аз як қатор кишварҳо, аз ҷумла Федератсияи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, ИМА, Ҳиндустон ва Зеландияи Нав олимони соҳаҳои метеорология, климатология ва захираҳои обӣ ба кафедра ташриф оварда, натиҷаи тадқиқотҳои илмии хешро маърӯза карданд ва бо устодону донишҷӯёни кафедра вохӯриҳо доир намуданд.

Натиҷаи ҳамин заҳматҳо ва ҷаҳду талошҳои пайвастаи устодони кафедра таҳти сарварии мудири он буд, ки кафедраи метеорология ва климатология боарои дастовардҳои назаррас ва комёбиҳои беназир дар озмуни «Кафедраи беҳтарин»-и ДМТ ғолиб омада, сазовари ҷоий аввал гардид. Албатта, боиси сарфарозист, ки садорати факултет ва раёсати донишгоҳ нақшаву ҳадафҳои рушди кафедраро ҳамеша ҷонибдорӣ намуда, барои пешбурди онҳо ҳам дастгирӣ менамоянд ва ҳам тадбирҳои заруриро меандешиданд.

Номвар ҚУРБОН, Ҷӯрабек ШАРИПОВ, устодони кафедраи метеорология ва климатология