АСПИРАНТИ ФАКУЛТЕТ – ҒОЛИБИ ОЗМУНИ КОРҲОИ БЕҲТАРИНИ ИННОВАТСИОНӢ

509

Ҳамасола бо дастгирии роҳбарияти ДМТ ва ташаббуси Парки технологии донишгоҳ байни устодону кормандон, донишҷӯёну унвонҷӯён, аспирантону докторантон ва хонандагони литсейи донишгоҳ барои дарёфти корҳои беҳтарини инноватсионӣ озмун эълон карда мешавад. Имсол (2020) чунин озмун дар сатҳи баланд гузаронида шуд, ки аз ҷониби иштирокчиён 22 лоиҳа пешниҳод гардид. Дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ комиссияи озмунӣ ташкил карда шуда, лоиҳаҳои пешниҳодшуда мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Лоиҳаҳои инноватсионӣ рӯзҳои 28-29 декабри соли 2020 аз ҷониби комиссия баҳогузорӣ ва ғолибон бо диплому ҷоизапулӣ сарфароз гардиданд.

Иноятулло Файзуллоев – аспиранти соли 3-юми факултети физика, ки лоиҳааш “Лазерный датчик смещения на основе полимерно-жидкокристаллических композитов” ном дошт, дар озмун сазовори ҷойи аввал, дипломи дараҷаи I ва дар ҳаҷми 2000 сомонӣ соҳиби ҷоизапулӣ гардид.