Санаи 30.06.2025 дар факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеи Шурои олимон бо иштироки ҳамаи устодон ва кормандон баргузор гардид. Дар ҷаласа декани факултет дотсент Қодирзода З.А. оиди фаъолияти устодону кормандон дар соли таҳсили 2024-2025 натиҷагирӣ намуда роҳҳои беҳтар намудани онро дар ҳамаи самтҳо муайян намуд. Дар музокира професорон Солиҳзода Д., Махсудов Б., Норматов И.Ш., Абдуллоев Ҳ. ва дотсент Исломов З. баромад намуда, барои боз ҳам хубтар намудани фаъолияти факултет пешниҳодҳои ҷолиб ба миён гузоштанд.
Домой Ахбор