Сайёраи навкашфшуда 2017 OF201 ном дорад. Ин ҷирми осмонӣ паканасайёра буда, мадораш берун аз мадори Нептун аст.Ин паканасайёраро 21 майи соли 2025 муҳаққиқон Сихао Ченг, Сзясюан Ли ва Эритас Янг ҳангоми коркарди расмҳои бо телескопҳои дар Чили ва ИМА гирифташуда аз соли 2011 то соли 2018 ошкор ва кашф намуданд. Онҳо расмҳои гирифташудаи ин телескопҳоро ба хотири кашфи сайёраи нуҳуми Низоми офтобӣ коркард менамуданд, ки ба онҳо тасодуфан кашфи ин сайёра муяссар шуд.Андозаи ин паканасайёра аз Плутон се маротиба хурдтар буда ба ҳисоби миёна 750 км- ро ташкил медиҳад. Мадораш хеле фишурда аст. Масофаи наздиктаринаш ба Офтоб (перигелиӣ) ба 45 в.а. ( 1 в.а. = 150 млн. км) ва масофаи дуртаринаш аз Офтоб (афелиӣ) ба 1600 в.а. баробар аст. Масофаи миёнаи байни Офтобу сайёра 840 в.а. аст. Даври гардишаш дар атрофи Офтоб тақрибан ба 25 000 сол мерасад.Ин паканасайёра нуқтаи перигелиашро моҳи ноябри соли 1930 гузаштааст ва ҳоло аз Офтоб дар масофаи 90 в.а. қарор дорад.Гуфта мешавад, ки мушоҳидаи паканасайёра аз сатҳи Замин дар як давраи гардишаш танҳо 250 сол имконпазир аст.