ЧОРАБИНИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

6

Тибқи Нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар факултети физикаи Донишгоҳ чорабинии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ – омили рушди ҷомеа» баргузор гардид.

Декани факултет, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Қодирзода Зафар чорабиниро ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният намуд. Мавсуф таъкид дошт, ки Ваҳдати миллӣ дастоварди муқаддас ва таърихии мардуми тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва сарҷамъии ҷомеа нақши калидӣ дорад. Маҳз бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, суботу оромӣ ҳукмфармо гардид ва имрӯз фазои ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар чеҳраи ҳар фарди кишвар таҷассум ёфтааст.

Сипас, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърих Шарофидинов Сӯҳроб дар мавзуи робитаи таърихии ваҳдат ва давлатдорӣ баромад намуд.

Ҳамзамон, дар чорабинӣ мудири кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Шоимов Эркин бо маърӯзаи илмӣ таҳти унвони «Ваҳдат – кафили сарҷамъӣ ва хушбахтии имрӯзу фардои давлати соҳибистиқлол» баромад кард.

Солиҳзода Д.Қ., доктори илмҳои физикаю математика, профессори кафедраи физикаи назариявӣ низ оид ба нақши суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар пешбурди илм ва таҳқиқоти муосир андешаҳои худро баён дошт.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ зикр шуд, ки Ваҳдати миллӣ на танҳо пояи давлатдории устувор, балки муҳаррики асосии рушди илм, фарҳанг ва маориф дар шароити муосир мебошад. Чорабинӣ бо муҳити гарми илмӣ, ҳамфикрӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ анҷом ёфт.