ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК

15

Фирузи Қорирасул – докторанти Ph.D-и факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Озмуни ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” миёни донишҷуён ва магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳо дар бахши фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ дар самти физика иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардид. Аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дипломи дараҷаи дуюм сарфароз гардонида шуд.Садорати факултет, устодон ва кормандон Фирузи Қорирасул-ро барои ғолибият ба даст овардан дар озмуни мазкур табрику муборакбод менамоянд.