Санаи (16.04.2025 с) дар синфхонаи 311-и факултет маҳфили илмӣ-оммавии “НЕРӮ” баргузор гардид. Дар кори маҳфил маърӯзаи донишҷӯи соли 1-уми ихтисоси 31040103-физика, Азизов Эраҷ дар мавзӯи “Назарияи махсуси нисбият” шунида шуд. Маҳфил дар сатҳи баланд доир гардида, дар охири маҳфил миёни маърӯзачӣ ва иштирокчиён мубоҳисаи илмӣ ба вуҷуд омад. Ҳамчунин мавзӯҳои маҳфил барои ҳафтаҳои баъдӣ ба баромадкунандагон пешниҳод карда шуд.
Котиби маҳфил: Қамарзода М.