ОЁ САБАБИ ЗАМИНҶУНБӢ МОҲ ШУДА МЕТАВОНАД?

18

Заминҷунбӣ ин натиҷаи ҳаракати тахтасангҳо (плитаҳо) – и тектоникии Замин мебошад. Вақте, як тахтасанг ба зери тахтасанги дигар ва ё ду тахтасанг дар минтақаҳои тарқишҳо ба ҳамдигар бар мехӯранд, заминҷунбиро ба амал меоранд. Сабабҳои заминҷунбӣ гуногун шуда метавонанд. Яке аз сабабҳои заминҷунбиҳо то дараҷае таъсири сайёраҳои Низоми офтобӣ ва Моҳ шуда метавонанд. Дар ин матлаб сабаби баъзе заминҷунбиҳоро бо таъсири Моҳ дида мебароем.Моҳ таҳти таъсири ҷозибаи Замин дар атрофи он ҳаракат мекунад. Моҳ ҳангоми ҳаракати худ дар сатҳи Замин бо таъсири қувваҳои маддиаш ҳодисаи мадду ҷазрро ба амал меорад. Ҳодисаи мадду ҷазр ба мантия ва қишри Замин таъсир карда, баъзан заминҷунбиро ба амал меорад.Мувофиқи тадқиқотҳо як қатор заминҷунбиҳои шадиди сатҳи Замин ин ҳангоми дар масофаи наздиктарин ва ё дуртарин ҷойгиршавии Моҳ нисбат ба Замин рух додаанд. Масофаи наздиктарини байни Замину Моҳ аз 356 000 – 363 000 км ва дуртаринашон аз 404 000 – 406 000 км мебошад. Гап дар сари он аст, ки дар ин ҳолатҳо Замин ба Моҳ таъсир карда, барои онро дар мадор нигоҳ доштан “кӯшиш” мекунад. Аз сабаби чунин таъсирот пӯстлох ( қишр ) – и Замин ба шиддати бузурги маддӣ дучор шуда, зилзиларо ба амал меорад. Аслан чунин заминҷунбиҳое, бо таъсир Моҳ ё сайёраҳо ба амал меояд, дар чуқурии наонқадар зиёд ба амал меоянд (10- 11 км ). Имрӯз дар Тоҷикистон ва Мянма зилзилаи бо қувваи 6 дараҷа ба амал омад, ки маркази онҳо ҷуқурии на зиёда аз 10 км – ро ташкил медод. Аз ин ҷо фаҳмида мешавад, ки ин таконҳо на хусусияти дохилӣ, балки хусусияти берунӣ доранд. Зилзилаи шадиде, ки 28 марти соли 2025 дар Мянма бо қувваи 7,7 дараҷа ба амал омада буд Моҳ ба Замин дар масофаи наздиктарини 358 000 км қарор дошт.Айни замон Моҳ аз Замин дар масофаи 406 000 км қарор дорад. Ин чунин сайёраҳои Аторуд ва Зуҳра ба Замин дар як саф қарор дошта, нисбат ба Замин дар масофаҳои наздиктаринашон қарар доранд, ки сабаби заминҷунбиҳо ин ҳам шуда метавонад. Як далели дигар. Се заминҷунбии шадиде, ки дар Туркия 6 февали соли 2023, 27 августи соли 1999 ва 12 ноябри соли 1999 шуда гузаштанд маҳз дар ҳолате ба амал омаданд, ки Моҳ аз Замин дар масофаи дуртаринаш дар масофаи 406 000 км қарор дошт.