ФИЗИКА БА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ: САҲМИ ДМТ ДАР ТАҲСИЛОТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

19

Ҳамкориҳои илмӣ ва таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо марказҳои бонуфузи таълимии хориҷӣ пайваста дар ҳоли рушд қарор доранд. Дар доираи ин раванд, бо дастгирии раёсати Донишгоҳ ва ташаббуси садорати факултети физика ба Донишкадаи омӯзгории узбекистониву финляндиягӣ, ки дар пойгоҳи Донишгоҳи давлатии Самарқанд фаъолият мекунад, 8 номгӯйи китобу дастурҳои таълимӣ аз бахшҳои гуногуни фанни физика, бо теъдоди умумии 25 нусха, ба факултети физикаи Донишкадаи мазкур, ки дар он донишҷӯён бо забони тоҷикӣ таҳсил мекунанд, ҳамчун туҳфа ирсол гардид.

Маводи таълимии мазкур аз ҷониби устодони факултети физикаи Донишкадаи мазкур бо хушнудӣ пазируфта шуд. Иқдомоти мазкур бешак ба такмили раванди таълим ва таҳкими дониши донишҷӯён дар соҳаи физика мусоидат хоҳад кард.