Базми гул дар чамани Наврӯз аст,
Даври гул-гулфикани Наврӯз аст.
То ба гардун сухани Навруз аст
,Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.
Наврӯз ҷашни мардумӣ буда, аз ҳайси таърихӣ беҳамто ва аз ҷиҳати фарҳангӣ нодир аст. Дар бораи пайдоиши Наврӯз дар навиштаҳои таърихӣ ривоятҳои мухталифе омада ва сарчашмаи онро ба шоҳ Ҷамшед нисбат додаанд. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ низ ин ҷашн ба Ҷамшед мансуб гардидааст.Рӯзи аввали фарвардинмоҳ ва ё нахустин рӯзи соли нави хуршедӣ, ки ба 21-22-юми марти солшумории мелодӣ баробар аст, дар аксар мамолики қитъаи Осиё ба унвони Наврӯз ёд мешавад ва ин рӯзро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳамчун яке аз бузургтарин ва зеботарин ҷашнҳои бостонии миллӣ ва ёдгории арзишманди тамаддуни бошукӯҳи Ориёиён ҳар сол бо ҳашамати хоса ҷашн гирифта шуда ва дар таҷлили он намояндагони тамоми табақоти аҳолӣ ширкат меварзанд. Наврӯз бо номҳои «Наврӯзи оламафрӯз», «Наврӯзи дилафрӯз», «Наврӯзи хуҷастапай», «Наврӯзи ҷамшедӣ», «Наврӯзи ҷалолӣ» ва амсоли инҳо маълум аст. Ҷашни он лаҳзаи падруд бо ғамҳо, ранҷҳо, нохушиҳо ва изтироботи соли гузашта, рӯзи муборак ва рӯзи шодмониҳо, сарфарозиҳо ва самимиятҳо ба шумор меравад.Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар яке аз суханронии худ қайд намуд: «Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт, оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур то ба имрӯз расидааст». Боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст, ки соли 2010 Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид дар асоси ташаббуси Тоҷикистон ва бо пуштибонии чандин давлатҳои дигар доир ба ҷашни байналмиллалӣ эълон намудани Наврӯзи Аҷам қатънома қабул кард.Наврӯз бо умедҳо ва орзуҳои фаровон ҳамроҳ буда, инсонро ба ояндаи фараҳбахшу дилгармӣ раҳнамо сохта, шавқи ӯро нисбат ба зиндагии босаодату пурсамар ва кору фаъолиятҳои судманд афзун мегардонад.Бо фарорасии Наврӯз тамоми мардуми тоҷикро табрику муборакбод менамоем, Наврӯзатон пирӯз, ҳар рӯзатон Наврӯз бод
Аз ҳусни баҳори оламафрӯз,
Ҳар чеҳра чу гул шукуфта имрӯз.
Шуд даври фараҳфизои ғамсӯз,
Эй ҳамватанони шоду фирӯз,
Наврӯзи ҳуҷастапай муборак!
Ақдодов Д.М. – мудири кафедраи физикаиумумии факултети физикаи ДМТ.