Модар аз ҳама калимаи зебост, ки дилҳоро ба ҷӯш меорад. Бо шунидани ин ном вуҷуди моро эҳсоси аҷибе фаро гирифта, торҳои нозуки қалби мо маҳин-маҳин навозиш меёбад. Дили мо пур аз фараҳ ва қалби моро шодиву нишоти зиёде фаро мегирад. Дар ин ҳол ба гуши мо садои гушнавози ошно садо медиҳад. Мо дер боз ин садоро фаромӯш карда будем, зеро онро ҳангоми тифли мешунидем ва бо ин садо мехобидем. Ин садо аллаи модар аст. Бо шуниданаш дили кас гум мезанад. Ин эҳсоси ширин то абад моро тарк намекунад. Бо аллаи ҷонбахшаш модар то субҳи мурод тору пуди моро фараҳ мебахшад, то дар оянда нишоне аз ӯ боқӣ монад. Бо ин ҳама меҳру муҳаббат, бо азобу машаққат моро парваридиву роҳравонамон намудӣ, имрӯз мо ҷавонему ту худ пир гаштаи модарҷон. Шири покат нишонаи покист ва моро дар ҷодаи накукориҳо роҳнамо мебошад. Модарҷон, моро ҳамеша ба корҳои хуб ҳидоят мекардӣ, зеро бадиву кина дар дунёи беолоиши ту ҷой надорад. Модар сарчашмаи меҳр, сидқу сафо буду бақо мебошад. Модар ҳамеша бо мост. Ӯ чун офтоби тобон бар сари фарзанди инсон нури садоқат мепошад. Модар, бо меҳрат ту нахли гулшани, бо ҳуснат моҳи равшанӣ, бо ҳастият оёти сарнавиштӣ, нозу ниёзу меҳроби розӣ, бо нурат файзи Заминӣ, меҳрофаринию арши баринӣ.Гар сулҳу сафо ба хонаву дар зебад,Бар манзили мо ҳастии модар зебад.Дар дилат як олам сузу соз, меҳру вафо, ихлосу сипос, садоқату самимият ва раҳму шавқат ҷой дорад. Азизу ҳамрозӣ, модарҷон. Ту ҳастӣ, ки бо нуру сафо, файзу саховатат зиндагии мо ширину гуворо аст. Бинобар ин ҳар шахс бояд ба қадри модар бирасад ва ҳеч гоҳ ҷонашро дар хидмати модар дареғ надорад, чунки ҳеч кас ҷои модарро гирифта наметавонад. Мо аз ҳама чизи дунё сер шуда метавонем, аммо аз меҳри модар ҳеҷ гоҳ сери надорем. Аслан дар васфи модар ҳар қадар суханҳои ширин бигуем ҳам кам аст, чунки модар бо номи зебояш арзандаи ҳамаи ин гуфтаниҳост. Ноёбтарин шахс, азизтарину ягона фарди фариштачеҳра, нури ҳар як хонадон ва хонаи умеди ҳар яки мо модар аст.Ғамхору ғамшарикон аз муи сар зиёданд,Аммо ба рӯзи сахтӣ холист ҷойи модар.Идатон муборак бошад, модарону бонувон ва хоҳарони азиз!
Масрур ҲОДИЕВ мудири кафедраи оптика ва спектроскопияи факултети физикаи ДМТ