Андозаи Аторуд ба 4879 км баробар буда, массаш 0,05 массаи заминро ташкил медиҳад. Масофаи миёнаи байни Офтобу Аторуд тақрибан ба 58 млн. км баробар аст. Масофаи наздиктаринаш (перигелӣ) нисбат ба Офтоб ба 46 млн. км ва дуртаринаш (афелӣ) ба 70 млн. км баробар аст.1. Аторуд хурдтарин сайёра дар Системаи офтобӣ ва наздиктарин сайёра ба Офтоб мебошад.2. Аторуд баъд аз Замин баландтарин зичиро дорад.3. Сарфи назар аз наздикии худ ба Офтоб, сатҳи Аторуд аз сатҳи Зӯҳра сардтар аст. Сабабаш атмосфераи хеле тунук доштани он аст.4. Аторуд аз ҳамсафари калонтарини Зуҳал – Титан (5152 км) ва аз ҳамсафари калонтарини Муштарӣ – Ганимед (5268 км) хурдтар аст.5. Ҳарорати рӯзонаи сатҳи Аторуд +427 °C (дараҷаи селсӣ) ва шабонгоҳаш ба −173°C баробар аст.6. Аторудро бо чашми оддӣ дидан мумкин аст.7. Равшании Офтоб ҳеҷ гоҳ ба танӯра (кратер) – ҳои атрофи қутбии он намерасад. Атруд зоҳиран ба Моҳ хеле монанд аст.8. Киштии кайҳонӣ, ки аз тарафи инсоният ба тарафи Аторуд сар дода шудааст, танҳо ду маротиба ба наздикии он рафтааст.9. Ҷуқурии дараҳои Аторуд то садҳо километр мерасад.10. Аторуд назар ба Замин аз Офтоб 7 маротиба зиёдтар энергияи гармӣ мегирад.11. Як соли Аторуд ба 88 шабонарӯзи заминӣ ва як шабонарӯзаш ба 58,6 шабонарӯзи заминӣ баробар аст.12. Дар сатҳи Аторуд тағйироти фаслҳои сол дида намешавад.13. Аторуд дорои думи махсуси худ аст, ки дарозии он ба 2,5 миллион км (6,5 масофаи байни Замин ва Моҳ ) баробар аст. Думи он асосан аз натрӣ иборат аст.14. Аторуд дар байни сайёраҳои Системаи офтобӣ фишурдатарин мадорро дорад.15. Аз сатҳи Аторуд Офтоб нисбат ба сатҳи Замин се маротиба калонтар менамояд.16. Атмосфераи Аторуд 42% аз оксиген 29 % аз натрӣ, 22 % аз ҳидроген 6 % аз ҳелӣ ва боқимона дигар газҳо иборат аст.17. Фишори атмосфераи Аторуд аз фишори атмосфераи Замин 500 млрд. маротиба кам аст.18. Тибқи як назария Аторуд замоне ҳамсафари Зӯҳра будааст.19. Масоҳати сатҳи Аторуд тақрибан ба масоҳати сатҳи уқёнуси ҳинд баробар аст.20. Ядрои Аторуд 75% – и андозаи онро ташкил медиҳад.