МАҲФИЛИ АСТРОНОМҲОИ ҶАВОН

21

Санаи 29.11.2024 дар доираи нақша-чорабиниҳои кафедраи астрономияи факултети физика, маҳфили «Астрономҳои ҷавон» бо роҳбарии устоди кафедра Зуҳуров Маҳмадёр баргузор гардид. Дар маҳфил Алихонов Комрон – донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 1-02050405 – астрономия, дар мавзӯи «Конструксияи омодасозии сафинаҳои кайҳони» ва Донаев Қурбонали – донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси мазкур дар мавзӯи «Таъсири шамоли офтобӣ ба сайёраҳо» баромад намуданд.Майдони магнитии сайёраҳо бо Офтоб алоқаи зич доранд. Шамоли офтобӣ, ки аз сели зарраҳои заряднок иборат аст ва хусусияти магнитӣ дорад, ба муҳити байнисайёравӣ паҳн шуда, майдони магнитии сайёраҳо бар мехӯрад ва онҳоро ба ғаллаён меоварад. Ҳар чи қадар майдони магнитии сайёра пурқувват бошад, ҳамон қадар он ба шамоли офтобӣ муқовимати сахттар мекунад. Дар натиҷаи бархӯрди шамоли офтобӣ ба майдони магнитии сайёраҳо дар сатҳи онҳо ё дар атмосфераи онҳо (сайёраҳои газӣ ё азим) фаҷрҳои қутбӣ ба амал меояд.