ТОЗАНАШР ЭЛЕКТРОДИНАМИКА

11

Рӯзи гузашта (18.11.2024) бо дастгирии Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ташаббуси садорати факултети физика Ҳамоиши илмӣ-назариявие оид ба рӯнамоии китоби дарсии доктори илмҳои физикаву математика, профессор Солиҳзода Давлат Қуват бо номи “ЭЛКЕКТРОДИНАМИКА” баргузор гардид. Оид ба нақша ва мавқеи фанни Физика дар ҷаҳони мутамаддин ва таъсири он ба рушди саноату иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саҳми фанни таълимии Электродинамика дар омӯзиши бахшҳои мухталифи фанни физика мутахассисони варзидаи соҳа: Раҳими Фарҳод, Солиҳзода Д.Қ., Махсудов Б.И., Қодирзода З.А. ва Сафаров А. маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд.Бояд қайд намоям, ки илми физика бо илми химия ончунон дар баъзе масъалаҳо наздик аст, ки ҷудо карданаш монанди нохун аз гушт аст. Ба андешаи Ф.Энгелс: химия бо физика ҳамшафат аст, ин наздикӣ ба дараҷаест, ки бисёр бахшҳояшон якдигарашонро комилтар мекунанд. Ё ин ки дар ҷойи дигар М.В.Ломоносов гуфтааст: агар физикҳо, алалхусус химикҳо сохти дохилии моддаҳоро надонанд, ин ҷоҳилист. Аз сабаби он ки ин ду илм он ҳодисаҳое, ки дар гирду атроф ва умуман табиат рӯй медиҳад аз нуқтаи назари илмӣ шарҳ медиҳанд, бинобарин дар чандин масъалаҳо бо ҳам наздиканд, бо ҳамин сабаб ҳам инҳоро фанҳои табиатшиносӣ меноманд. Илми химия моддаҳо, таркиб, хосият ва ба якдигар табдилёбии онҳоро меомӯзад. Тамоми ҷисми физикӣ (материя) дорои сохтори муайяни пайвастаҳои химиявӣ мебошад. Бинобарин барои омӯзиши фанни химия имрӯзҳо дар факултети химияи ДМТ якчанд фанҳое ҳастанд, ки нақши сарҳадиро дар байни физикаву химия иҷро мекунад ва онҳо мавриди омӯзиш қарор доранд: химияи физикӣ, механикаи квантӣ ва химияи квантӣ, тариқаҳои физикии таҳқиқот, сохти модда, радиохимия, кристаллохимия, нанохимия, сенсорҳои химиявӣ ва ғайра.Мо бисёр олимони варзидае сатҳи ҷаҳоние дорем, ки дар рушди илми химияю физика саҳми барҷаста кардаанд: Резерфорд, М.Кюри, Содди, Астон, Жолио-Кюри, Полинг, Малликен, Хиншельвуд, Семенов, Дебай, Гейеровский, Эйген, Норриш, Портер, Гертцберг ва ғайра.Китоби дарсии “ЭЛКЕКТРОДИНАМИКА” аз он ҷиҳат ба муҳасилину муҳаққиқини фанни химия зарур аст, чунки дар он оид ба мавзӯъ ва масоили мубрам дар бораи хосиятҳои электргузаронии металлҳо, диэлектрикҳо ва газҳо, қонунҳои электродинамика, назарияи майдонҳо, паҳншавии мавҷҳои электромагнитӣ, муодилаҳои Максвел, Лаплас, Пуассон ва ғайраҳо маълумоти муфассал ва муфид оварда шудааст. Бинобарин ин изҳори сипосу миннатдории худро ба ташкилкунандагони ин Ҳамоиш, аз ҷумла ба муаллифи китоби мазкур, профессор Солиҳзода Д.Қ. ва садорати факултети физика мерасонам.

Файзуллозода Э.Ф., декани факултети химияи ДМТ