НУҚТАҲОИ ПАЁМ ДАР АМАЛ!

11

Имрӯз бо ибтикори раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон / Tajik National University ҳамоиши илмиву назариявӣ оиди рӯнамоии китоби профессор Солиҳзода Давлат Қувват “Электродинамика” дар раванди амалигардии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020.2040) баргузор гардид.Дар ҳақиқат, таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фанҳои дақиқу риёзӣ дар чанд соли охир, як омили муҳим дар самти саноатикунонии кишвар мебошад. Ҳамин аст, ки ин мавзӯъ дар ҳама паёмҳояшон мавқеи меҳварӣ дорад.Мусаллам аст, ки амалигардии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020.2040) маънои онро дорад, ки Тоҷикистон ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ будан мехоҳад.Дар донишгоҳи миллӣ бо дастури ректори донишгоҳ профессор Эмомалӣ Насриддинзода вобаста ба ин масъала нақшаву чорабиниҳои зиёд роҳандозӣ гардидааст. Базаи илмиву техникӣ дар соҳаи фанҳои дақиқ дар донишгоҳ устувор мебошад. Ин ҳамоиш низ як навъ натиҷагирӣ аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. __________Баъзе бардошту хулосаҳо аз ин маҳфил:ҚОДИРЗОДА ЗАФАР:Ҳазорон пешрафтҳои техникиву илмӣ дар ҷаҳон ба илми физика робита дорад.Факултети физикаи донишгоҳ дар ҷумҳурӣ аз бузургтарин марказҳои илмиву таҳқиқотӣ мебошад, ки садҳо мутахассисон хатмкардаи ин даргоҳ мебошанд. Профессор Солеҳзода Давлат дар ин радиф устоди соҳибмактаб ба шумор меравад.Заҳматҳои зиёдашон буд, ки соҳиби даҳо мукофоту ҷоизаҳо гардидааст.Устод соли равон соҳиби ҷоизаи “Ситораҳои иттиҳод” гардиданд, ки ифтихори ҳамаи мост. Солеҳзода Давлат муаллифи 160 мақолаи илмӣ, 8 китоб ва 20 дастурҳои таълимӣ мебошад.Китоби навбатии устод дар партави сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти илму маориф ва бистсолаи омӯзиш мебошад.ФАРҲОД РАҲИМӢ: Устод аз ҷумлаи олимону донишмандони пуркор аст, ки замоне ба мо низ дарс гуфтаанд. Китоби мазкур дар самти илмҳои дақиқ дастовард аст ва ин дастовардро ба ҳамагон муборак мегӯем.Чопи китоби “Электродинамика” тақозои рӯз аст ва дар давоми чандин солҳо ин китоб дар ин самт нахустин мебошад. Таълифи китоби дарсӣ кори осон нест ва заҳмати муаллиф шоистаи таҳсин мебошад.Мушкилот дар самти забон ва истилоҳоти физика то ҳол вуҷуд дорад ва он ҳамин тавр бо нашри чунин китобҳо бо гузашти вақт суфта мегардад.Физика аз илмҳои душвор аст ва баён дар он бояд сода бошад. Мафҳумҳо ва мавзӯъҳои дар ин илм нав ба нав мешаванд ва ба он бояд расидагирӣ кард.Тибқи дастуру роҳнамоии Пешвои муаззами миллат қатъи назар аз ҳама ҷузъиёт замоне фаро расидааст, ки бо истифода аз тамоми имкон илмро натиҷадор гардонем.Ин китоб дар самти физикаи назариявӣ мебошад ва бояд он дар таҳрирҳои дуюму сеюм боз ҳам такмил ёбад.Мавҷҳои электромагнитӣ дар атрофу доираи Электродинамика (манзур китоб) мечархад.Зеҳни сунъӣ дар замони имрӯза пеш рафтааст.Зеҳни сунъӣ корро хеле осон кардааст. Дар инҷо танҳо дуруст маънидод кардан шарти асосӣ мебошад.СОЛИҲЗОДА ДАВЛАТ:Бистсола ба мо – паём аз Пешвои миллат аст.Бо дастгирии мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули бистсола таккони бузург дар пешрафту манзалати илмҳои дақиқ мебошад.Назария! Зери ин мафҳум тамоми фанҳо ном доранд ва ҳар кадом татбиқи амалии худро доранд.Дар физикаи назариявӣ низ як силсила фанҳое ҳастанд, ки назарияи хоси худро доранд. Электродинамика ин динамикаи зарраҳои заряднок аст.Ин китоб бо қарори Мушовараи Вазорат маориф ва илм ба табъ расидааст. Бо шарофати истиқлолият мо аз оғози солҳои навадум ба таълифи китобҳои дарсӣ рӯ оварда будем. Китоби мазкур аз 9 боб иборат мебошад ва дар самти “Бистсолаи омӯзиш…” мувофиқ мебошад.МАҚСУДОВ БАРОТ:Ин китоб ҷолиб ва хонданӣ мебошад ва муаллиф завқу салиқаи китобнависӣ дорад.Китоб бо он арзиши баланд дорад, ки он мавзӯи илмии Солеҳзода Давлат мебошад.САФАРОВ АБДУҶАЛОЛ бошад, бо як маърӯзаи илмӣ баъзе андешаҳоро баён кард.Дар воқеъ кафолати пешрафту тараққиёти минбаъдаи иқтисодии ҷумҳурии мо ба илмҳои дақиқу риёзӣ ҳамбастагӣ дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурнамои рушди кишварро хуб дарк менамоянд ва таваҷҷӯҳашон ба инкишофи илмҳои дақиқ дар ҳамин замина аст.