ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

3

Санаи 14-уми ноябри соли 2024 тибқи Нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултети физика ҷиҳати баргузории суҳбату вохӯриҳо бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар факултети физикаи ДМТ ҳамоиши илмию назариявӣ баргузор гардид.

Сараввал сухани муқадимавиро декани факултет,н.и.ф-м., дотсент Қодирзода З.А. оғоз намуда, ҳозиринро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз дошт, ки хизмати мондагори Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои муаззами миллат, дар он аст, ки ӯ нафақат наҷотбахши давлати тоҷикон ва эҳёи он дар давраи хеле пурпечутоби ҷомеа шинохта ва эътироф карда шуд, балки дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ ин фарзанди ватандӯсту фарзона мактаби миллии давлатдориро бунёд намуд, ки он бесобиқа мебошад. Баъдан дар кори семинар устоди факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонн.и.таъ., дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДМТ Шарофидинов Суҳроб Саломович дар мавзуи «Саҳми Пешвои миллат дар рушди давлатдории миллӣ» суханронӣ намуд.

Дар чорабинии мазкур устоду кормандон ва донишҷӯёни факултет фаъолона иштирок доштанд.