ҲАДАФ АЗ ЧОРАБИНИҲО БАЛАНД БАРДОШТАНИ ЭҲСОСИ ВАТАНДӮСТИСТ

41

Андешаҳо дар робита ба чорабинии илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия, 05.11.2024, факултети физика

Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳои муҳимме ҳастанд, ки аҳаммият ва мақоми онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати миллӣ баландтар мегардад ва мардумро ба эҳтирому ҳифзи дастовардҳо ҳидоят месозад. Ба сифати ин дастовардҳо метавон баргузор шудани Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои олӣ, дар сатҳи қонун эътироф ва барқарор гардидани падидаи президентӣ, таҳия ва қабули қонуни асосии давлат, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки заминаи рушди давлатдории миллиро дар Тоҷикистони азиз гузоштанд, эътироф намуд.

Воқеан боиси ифтихор ва сарфарозист, ки таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созандаю бунёркоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз пояҳои истиқлолияти давлатиамон таҳким ёфта, халқи Ватани азизамон, ки дорои таърихи чандинҳазорсола ва анъанаҳои фарҳангии бостонӣ мебошад, ба фардои рӯзгори худ ва ояндаи ободу осудаи кишварамон дилпурона ва бо эътимоди қавӣ назар менамояд.

Модар, Ватан ду вожаи муқаддас, ки дар дунё барои ҳар як шахси ба ору номус аз ҳама чиз азизу меҳрубонтар аст. Инсон аз вақте худро мешиносад ва ба моҳияти аслӣ пай мебарад, ҳис мекунад, ки дар вуҷуди ӯ маҷмӯи эҳсосоти мухталиф ҷойгузин шудааст. Эҳсосоти мазкур дар тули умр ҳамрадифу ҳамқадами ӯ буда, тамоми зиндагии ӯро месозаду зебоӣ мебахшад ва бо рангу бӯйи гуногун муаттар месозад. Бе шак, муқаддастарин эҳсос барои ҳар як инсон эҳсоси ватандӯстӣ аст.

Биёед, ҷавонони азиз, дар шароити кунунӣ, ки дар дунё ҳар гуна тағйиру таҳаввулот рӯй медиҳаду ақоиди тунд амал мекунад, ҷавонони асили Ватан бошем. Осори бузургонро мутолиа намуда, эҳсоси ватандӯстиро хуб фаҳмем. Ба олами илму адаб хуб назар афканему зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Ниҳоят, шукронаи оромию ободии Ватан кунему онро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Зоир Каримов,муаллими калони кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳои факултети физикаи ДМТ