МАКТАБИ ОМӮЗИШИИ ОЛИМИ НОМДОР

35

Дар факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ҳамоишҳои сатҳи гуногун баргузор карда мешаванд. Эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзи дар соҳаи илму маориф», иқдоми беназир буда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати рушди соҳаи маориф заминаи мусоид фароҳам меоварад. Аз натиҷаҳои чандсолаи баргузории бистсолаи мазкур бар меояд, ки тамоюли ҷойдошта далоил ба сӯӣ ояндаи дурахшон аст.

Дар ин замина нақши илми физика дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҷаҳони муосир хеле бузург арзёбӣ мегардад. Кашфиётҳои физикӣ ба он боис гардиданд, ки ҷамъияти муосир аз ҷамъияти асри гузашта ба куллӣ фарқ намояд. Дар ин ҷода саҳми олимони соҳаи физика назаррас буда, боиси омӯзишу пайравӣ мебошад. Яке аз олимони ин соҳа доктори илмҳои физикаю математика, профессор Ғафуров Вадуд Ғафурович мебошанд, ки ҳаёт ва фаъолияти эшон баҳри муҳаққиқону донишомӯзон манбаи ибрат аст.

Имрӯз дар факултети физика бо ташаббуси садорат ва кафедраи электроникаи физикӣ барои ёдовари аз фаъолияти пурсамар ва ибратбахши олими забардаст – доктори илмҳои физикаю математика, профессор Ғафуров Вадуд Ғафурович семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултет Қодирзода З. оғоз ёфт. Дар кори семинар устодону кормандони факултет, ҳамкасбону шогирдони устоди зиндаёд Ғафуров В.Ғ. доир ба ҳаёту фаъолият ва зиндагии устоди равоншод маърузаҳо намуданд. Қайд карда шуд, ки профессор Ғафуров В.Ғ. асосгузори кафедраҳои физикаи ҳаста ва электроникаи физикӣ мебошанд. Хизмати бузургии устод дар илм ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар он буд, ки тавонист алоқамандии илмро бо истеҳсолот таъмин намояд. Дар зери роҳбарии устод як қатор ходимони илм рисолаҳои худро дифоъ кардаанд.

Дар давраи фаъолият ва таълифи осори мондагор корҳои назараррасеро ба сомон расонидааст, ки баҳри омӯзиши муҳаққиқони ҷавон судманд мебошанд.