ДАР МАВЗУИ РӮЗ

136

Тарбияи ватандӯстии ҷавонон раванди ташаккули муҳаббат, эҳтиром ва садоқат ба Ватан, таърих, фарҳанг, анъана ва арзишҳои он дарзамири ҷавонон мебошад. Тарбияи ватандӯстӣ ба он нигаронида шудааст, ки насли ҷавонмансубияти миллати худро дарк намояд, барои некуаҳволии он масъулият ҳис кунад ва фаъолнокии шаҳрвандӣ дошта бошад.

Ин нукта имрӯз (30.09.2024) зимни баргузории нишасти тарбиявӣ-ватандӯстӣ, ки боиштироки намояндагони ҳифзи ҳуқуқ миёни донишҷӯёни факултетҳои биология ва физика доир шуд, баён гардид.

Зикр гардид, ки ватандӯстӣ, пос доштан ва эҳтироми арзишҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Зимнан масъулин вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дастурамали либосҳои тавсиявии Донишгоҳ, истифодаи дурусти фарҳанги телефонҳои мобилӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ ибрози андеша намуданд.