ПРОФЕССОР СОЛИҲЗОДА ДАВЛАТ БАРАНДАИ ҶОИЗАИ “СИТОРАҲОИ ИТТИҲОД” ШУД

15

Санаи 17 сентябри соли 2024 дар шаҳри Уфаи Федератсияи Русия Форуми XV зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла намояндагони Донишгоҳи миллӣ иштирок намуданд. Дар ҷараёни Форум маросими супоридани ҷоизаи байнидавлатии “Ситораҳои Иттиҳод” баргузор шуд, ки профессори кафедраи физикаи назариявии факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Солиҳзода Давлат Қувват сазовори Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» дар наминатсияи «Барои саҳмгузорӣ дар рушди илм ва дастовардҳои барҷаста дар соҳаи илму маориф дар соли 2023» гардид.

Ёдовар мешавем, ки Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» барои олимони соҳаҳои гуногун муайян шудааст. Ҷоиза аз ҷониби Шурои ҳамкориҳои башардӯстонаи ИДМ ва Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ дар соли 2009 таъсис ёфтааст. Он ҳамасола ба намояндагони давлатҳои ИДМ барои муваффақиятҳои назаррас дар соҳаҳои мухталиф, ки ба сатҳи дастовардҳои ҷаҳонӣ мувофиқ аст ва дар рушди ҳар як кишвари узви ИДМ саҳм гузоштааст, дода мешавад.

Дар давоми солҳои мавҷудияти ин ҷоиза зиёда аз 100 нафар олимон ва санъаткорони мамлакатҳои Иттиҳод сазовори он гардиданд. Соли 2022 устоди факултети механикаю математикаи Донишгоҳ, академик Мирганд Шабозов барандаи ин ҷоиза гардида буд.

Ҷоизаи байнидавлатӣ муборак!