ТАЪЛИФОТЕ ДАР БОБИ ЯКЕ АЗ ҚИСМҲОИ ТАРКИБИИ ФАННИ ФИЗИКАИ НАЗАРИЯВӢ

91

Бо унвони “Электродинамика” китоби дарсии доктори илмҳои физикаю математика, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Солиҳзода Давлат Қуват аз чоп баромад.

Китоби мазкур вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣдар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)” омода ва нашр гардидааст.

Электродинамика яке аз қисмҳои таркибии фанҳои физикаи назариявӣ буда, ба омӯзиши назарияи майдонҳо, хосиятҳои электргузаронии муҳитҳои материалӣ ва паҳншавии мавҷҳои электромагнитӣ алоқаманд аст. Ҳодисаҳои электромагнитӣ дар табиат нақши ниҳоят муҳимро иҷро менамоянд. Алҳол чор намуди ҳамтаъсироти мутақобил – электромагнитӣ, ҷозибавӣ (гравитатсионӣ), зӯр ва суст маълум аст. Ҳамтаъсиротҳои боқимонда ба онҳо оварда мерасонанд. Масалан, қувваҳои часпакӣ ва дигарҳо дар ниҳояти кор электромагнитӣ мебошанд. Ҳамтаъсиротҳои мутақобил байни якдигар дар таносубҳои гуногун ҷой гирифтаанд. Масалан, қувваи ҷозибаи байни зарраҳои заряднок (барқнок) дар ҳамон як масофа нисбат ба қувваи электромагнитии байни онҳо хело хурд мебошад.

Китоби дарсии мазкур дар асоси лексияҳои муаллиф, ки тайи солҳои тулонӣ дар ихтисосҳои факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хондааст, мутобиқ ба барномаи таълимӣ тартиб дода шудааст.

Дар китоб маълумоти муфассал оид ба муодилаҳои Максвелл, хосиятҳои электргузаронии металлҳо, диэлектрикҳо ва газҳо, паҳншавии мавҷҳои электромагнитӣ дар муҳитҳои материалиро дар бар мегирад. Бояд тазаккур дод, ки дар китоби дарсӣ бо таҳлили васеъи истифодаи алгебраи векторӣ ва тензорӣпаҳншавии мавҷҳои электромагнитӣ ва дисперсияи онҳо дар муҳитҳои конденсӣомӯхта шудааст. Китоби дарсӣ тайи 30 соли охир бори нахуст бо забони давлатӣ нашр шудааст ва тибқи Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2024 ба нашр тавсия шудааст.

Китоби дарсӣ тибқи барномаи таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии равияи техникӣ ва табиӣ ба донишҷӯён, магистрон вакормандони илмӣ тавсия карда мешавад.