НАҚШИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

122

Дар замони муосир эътибори ҳамагон ба маърифати ҳуқуқӣ бештар гардидааст.Дар Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, ки бо Ⱪарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, № 565 тасдиқ шудааст, оиди эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва фарҳанги ҳуқуқи инсон, таҳия ва амалисозии барномаҳои таълимӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои ҷавонон маълумоти пурра оварда шудааст. Ҳар як узви ҷомеаи моро зарур аст, ки бо ин барнома шинос гардида, дар ҳаёти рӯзмарраи худ дар доираи он амал намояд.​Ҳар як устод ва корманд вазифадор аст, ки дар раванди тарбия ва таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва таҳкими он истифодаи муносибати умумро ба омӯзиш ва андӯхтани донишҳо тавассути муттаҳидсозии маҷмуи мақсадҳо ва мундариҷаи барномаҳо, баҳисобгирии омилҳои ҷамъиятии берун аз синфхонаҳои таълимӣ ва муассисахои таълимӣ, инчунин ба роҳ мондани робитаҳои гуногун ҳам дар дохили синфхонаҳои таълимӣ (академикӣ) ва ҳам берун аз онро ба роҳ монда, дар вуҷуди донишҷӯён ҳисси худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандустӣ, зиракии сиёсӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва амсоли инҳо барин хислатҳои хуби инсониро бедор намуда, Шиори ҳамешагии “Пайравонони пешвои мииллатем”-ро дар байни ҷавонон тарғиб ва ташвиқ намоем.​Нақшаи чорабиниҳои барои соли 2024 ҷиҳати иҷрои «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқии инсон барои солҳои 2022–2026» яке аз масъалаҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Омўзиши ҳамаҷонибаи «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқии инсон барои солҳои 2022–2026» ва тарғибу ташвиқи он миёни ҳайати устодону кормандон ва донишҷўёну магистрантон ҳатмӣ буда, бояд мунтазам дар соатҳои тарбиявӣ оиди мавҳуми ҳуқуқи инсон ва сарчашмаҳои он маълумот дода шавад.​​​ Аз тарафи дигар Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли 2024 – ро беҳуда соли «Маърифати экологӣ» эълон накардаанд. Мо бояд дар ҳамаи самтҳои дар барномаи зикргардида корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонону наврасон бештар тақвият бахшем. Чи тавре ки ба ҳамаи мо маълум аст, «Ҳуқуқи инсон сифати ахлоқии инсон аст, ки аз рӯи адолат ба ӯ имкониятҳо меофарад». Ин ҳуқуқҳо ба инсон аз лаҳзаи тавлид мансуб аст. Дар омода ва интихоб намудани мафҳумҳои асосии ҳуқуқи инсон олимони соҳаи ҳуқуқшиносӣ саҳми беандозаи худро гузоштаанд.​Дар илми ҳуқуқшиносӣ ҳуқуқи инсонро ҳамчун маҷмуи меъёрҳо доир ба имконияти рафтор ва озодии шахсон арзёбӣ менамоянд. Ин маҷмуи меъёрҳои аз ҷониби давлат ва ташкилотҳои байналхалқӣ кафолат дода мешавад. Дар маҷмуъ «Ҳуқуқи инсон ин низоми меъёрҳои миллӣ ва байналмилалиест, ки дар онҳо унсурҳои муҳими мавҷудияти инсон муайян карда шудааст». Маҷмуи ин унсурҳо ба шахс имкон медиҳанд, ки дар ҷомеа фаъолона кор ва зиндагӣ намояд.Ҳуқуқи инсон аз меъёрҳои моддӣ ва меъёрҳои мурофиавӣ иборат аст. Меъёрҳои моддӣ ба инсон имкони истифода намудан аз ҳуқуқҳои мушаххаси худро медиҳад. Ба монанди ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқи иштирок намудан дар интихобот, ҳуқуқи истироҳат, озодии сухан ва ғ. Меъёрҳои мурофиавӣ ба инсон имконияти татбиқкунии ҳуқуқҳои инсонро дар зинаҳои гуногуни мақомоти давлатӣ таъмин менамоянд. Ҳуқуқи инсон махсусияти табииро дорад ва бо лаҳзаи тавлиди кўдак пайдо мешавад, ҳуқуқи инсон дар муносибатҳои байни шахс ва давлат пайдо мешавад, ҳуқуқи инсон дар меъёрҳои миллӣ ва байналхалқӣ мустаҳкам карда шудаанд, ҳуқуқи инсон аз инсон ҷудонашаванда аст, он махсусияти универсалиро дорад; ҳуқуқи инсон ҳамчун унсури мавҷудияти инсон аст. Сарчашмаҳои ҳуқуқи инсон гуфта он санадҳои меъёрии ҳуқуқиро меноманд, ки дар онҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон эътироф, танзим ва ҳифз карда шудаанд.Дар тамоми ҷаҳон аллакай медонанд, ки миллати мо миллати тамаддунофар мебошад ва таърихи бою куҳан дорад. Бинобар ин, барои нигоҳ доштани арзишҳои милливу таърихи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззамми миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдом гирифтанд, ки аз ҳисоби фонди захиравии худ китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро ба ҳар як оила тақдим намоянд, то ин ки насли имрузу ояндаи миллат аз таъриху миллати хеш огоҳ бошанд.Бо боварии комил метавон гуфт, ки ин иқдому чорабиниҳо дар рушди маърифатии шаҳрвандон босамар хоҳад буд.

СУЛТОНОВ С., муаллими калони кафедраи методикаи таълими физикаи факултети физикаи ДМТ