БАРДОШТ АЗ САФАРИ КОРӢ

118

Рузҳои 20-21-уми майи соли 2024 дар шаҳри бостонии Хуҷанд дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Муаммоҳои мубрами физикаи ҳолатҳои конденсӣ» бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва 80-солагии профессор Шерматов М., 85-солагии профессор Ҷамолов М. баргузор гардид. Дар кори он як ҳайати бонуфузи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – профессорон Қ. Комилов, Д. Солиҳзода, Б.И. Махсудов, И.Ш. Норматов ва А.Қ. Зарифзода иштирок ва маърузаҳои илмӣ намуданд. Азбаски дар конференсия аз 85-солагии собиқ устоди факултети физикаи ДМТ профессор, шодравон М. Ҷамолов ва 80-солагии профессори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров профессор, шодравон М.Шерматов низ ёдрас гардид, дар ибтидо устодони факултет чун ананаи неки физикон ба аёдати собиқ устоди факултети физикаи ДМТ, профессор М. Акрамова, ки имрӯзҳо ба синни 88 расидаанд рафтанд ва аз ҳолу аҳволашон бохабар гардиданд.​Дар рӯзи аввали конференсия дар ибтидо устодон аз осорхонаи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров шиносоӣ намуда дар китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузоштанд. Кори конференсия бо сухани ифтитоҳии ректори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, профессор Усмонзода А.И. оғоз бахшида меҳмононро хайрамақдам гуфтанд. Сипас, бо маърӯзаи илмӣ профессор И.Ш. Норматов баромад намуданд. Оид ба саҳми профессор М. Ҷамолов дар рушди илми физика ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ профессор Д.Қ. Солиҳзода баромад карданд. Дар рӯзи дигар кори конференсия дар бахшҳои гуногуни он зери роҳбарии профессорон И.Ш. Норматов, С.Ф. Абдуллозода ва Б.И. Махсудов идома ёфтанд. Дар таҳкими ҳамкориҳои тарафайн конференсияи мазкур самтҳои минбаъдаи таҳқиқотҳои илмиро бори дигар нишон дод.​Азбаски яке аз мақсадҳои конференсия ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бахшида шуда буд, ҳайати профессорон бо донишҷӯён ва мутахассисони ҷавони донишгоҳ вохӯриҳои судманд анҷом доданд.​Яке аз ҳадафҳои муҳими сафар ба масъалаи омодасозии кадрҳои илиӣ-омӯзгорӣ буд ва дар ҳайати профессорон се раисони Шӯроҳои диссертатсионии самти физика (Комилов Қ., Солиҳзода Д.Қ., Абдуллозода С.Ф.) ва муовинони онҳо (Норматов И.Ш., Махсудов Б.И.) буданд, ки барои ҳалли муаммоҳои дар ин самт мавҷуда мусоидаит намуд.