Баргузории семинар дар мавзӯи “Ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026” ва эълон гардиданӣ соли 2024 «Соли маърифатӣ ҳуқуқӣ»

91

Санаи 17.05.2024 оид ба барномаи “Ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026” ва эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифатӣ ҳуқуқӣ» дар факултети физика бо иштироки декани факултет дотсент, Қодирзода З.А. устодон, донишҷуён ва устоди факултети ҳуқуқшиносӣ Шамсиддин Иброҳимзода семинар дар мавзӯи “Маърифати ҳуқуқӣ ва омилҳои асосии ҳуқуқи инсон” баргузор гардид. Қодирзода З.А. семинарро оғоз намуда қайд намуданд, ки дар Паёми имсола аз тарафи Пешвои муаззами миллат эълон гардиданӣ соли 2024 «Соли маърифатӣ ҳуқуқӣ» бояд соатҳои тарбиявӣ, семинарҳо ва мизҳои мудавввар бо иштироки олимони соҳа бештар баргузор карда шаванд.Бинобар ин садорати факултет тасмин гирифт, ки семинар дар мавзӯъи “Маърифати ҳуқуқӣ ва омилҳои асосии ҳуқуқи инсон” баргузор намояд ва риштаи суханро ба устоди факултети ҳуқуқшиносӣ Шамсиддин Иброҳимзода оиди мавзуи дар боло зикр гардида баромад намуда, қайд намуданд ки аз мафҳумҳои додашудаи ҳуқуқи инсон чунин мафҳуми ҳуқуқи инсон ба вуҷуд меояд: «Ҳуқуқи инсон ин низоми меъёрҳои миллӣ ва байналмиллалиест, ки дар онҳо унсурҳои муҳими мавҷудияти инсон муайяншуда мебошад». Дар баробари ин маҷмӯи ин унсурҳо ба шахс имкон медиҳанд, ки ҳамчун инсон зиндагӣ ва фаъолият намояд.Дар охир устодон ва донишҷуён саволҳо оиди мавзуъ пешниҳод намуданд, ба ҳар як саволи дода шуда ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Султонов С.С. – ҳамоҳангсози барнома дар факултети физика