НАВРӮЗ – ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ ВА ТАБЛИҒГАРИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

207

Наврӯз -ҷашни Соли Нави мардумони эронинажод аст, ки ҳангоми баробар шудани шабу рӯз дар нахустин рӯзи баҳор ва солшумории хуршедӣ (1-уми фарвардин ё ҳамал ё 21-уми марти солшумории милодӣ) фаро мерасад. Аз ин рӯ, Наврӯзро «Ҷашни сари сол» низ меноманд. Тақрибан зиёда аз 3 ҳазор сол қабл Наврӯз марбути кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст.

Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки дар китобҳои таърих омадааст, аввалин касе ки ин идро ҷашн гирифт подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд.

Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми март шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, рӯзи киштукори деҳқон ба шумор меравад. Наврӯз бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Наврӯз ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷашн гирифта мешавад.

Калимаи “Наврӯз” маънои “Рӯзи нав”-ро дорад. Ин иди баҳор, якум рӯзи соли нав, рӯзи баробарии Баҳор, рӯзҳои асосии ид аз 20 то 22-юми март мебошад. Дар ҳар як шаҳрҳо ин идро одамон бо расму русуми гуногун ҷашн мегиранд. Ҳоло дар Тоҷикистон асосан Наврӯзро аз 21 то 24-уми март ҷашн мегиранд. Ин рӯзҳои истироҳатӣ мебошад. Қадимтарин манбаи иди Наврӯз – ин китоби муқаддаси зардуштиён “Авесто” мебошад. Решаи аниқ аз қадимтарини таърихи то 3000 сол пеш аз милод рост меояд.

Таърихи гузаштаи Наврӯз, чӣ хеле ки дар “Наврӯзнома”-и (Китоби Наврӯзӣ) Умари Хайём дар давраҳои таърихи шоҳигарии форсҳои давраи Пешдодиён дар “Шоҳнома” гузоштаи ин ид алоқа бо шоҳигарии Ҷамшед пайвастагӣ дорад. Чӣ тавре ки маълум аст дар 21 март шабу рӯз баробар шуда ба 12 соати тақсим мешавад. Вақте, ки Ҷамшед тахти тилогини худро сохт (аз рӯи достон якумин тахи дар таърихи одамизот вуҷуд дошт) дар вақти баромади офтоб дар кӯҳи баланд бардошта ва тилло дар нурҳои офтоб ҷилав дода равшанӣ мисли офтоб медод. Ин рӯзро Наврӯз номиданд, ва ҳамчун аввалин соли нав ҷашн мегирифтанд. Дар “Наврӯзнома” гуфта шудааст, ки Ҷамшед ин рӯзро Наврӯз номида ва ӯро ба расму оин дохил кард. Шоҳону одамон ин идро ҷашн мегирифтанд. Дар ин меросими халқӣ ҳамчун бузкашӣ, буҷулбозӣ, пойга, гуштингирии паҳлавонҳо, тухмзанак, арғамчинбозӣ мекунанд. Аҳамияти калон барои ороиши дастархони идона ҳатман хӯрокворӣ гузашта мешавад. Таъомҳое, ки номашон бо ҳарфҳои “С” ва “Ш” сар мешаванд гузошта мешуд. Ҳамчун қоида дар ид ду намуди дастархон оро дода мешавад: Ин “Ҳафт Син” ва “Ҳафт Шин” мебошад. Дар алифбои форсӣ “Син” ва “Шин” ҳарфҳои “С” ва “Ш” мебошад. Орзуву омоли мардум на танҳо шифоҳатан бо хондани суруду таронаҳо ва рубоиҳо, балки тавассути иҷрои амалҳои суннатӣ, расму ойинҳо ва инчунин дар сурати ашё, ҷонварон, меваю ғизоҳо, рангҳо, аносири табиат ва амсоли инҳо дар шакли рамз ё самбулҳо низ баён мегарданд. Ҳар як ҷашну маросими тоҷикон моломоли рамзу маъниҳои нуҳуфта, розҳои таърихию асотирии бостонӣ ва мазмунҳои печидаи ҳаётӣ мебошанд.

Мардуми тоҷик дар гузашта ранги сафедро ҳамчун рамзи покиву беолоишӣ, сулҳу осоиштагӣ, осмони соф ва кушоиши кор шумурда, дар интихоби ғизову ашё ва либосу ороиши хона ба он афзалият медоданд. Ниёгони тоҷикон кӯшиш менамуданд, ки ҳар чӣ бештар ин ранг дар айёми Наврӯз ба назарҳо расад. Масалан, ҳангоми таҳвили сол либосҳои сафед ба бар мекарданд. Дар руйи суфраи наврӯзӣшакар, шир ва хӯрокҳои аз ширу биринҷ таҳияшуда мегузоштанд. Аз гӯшти ҷонварон, асосан, мурғ ва моҳиро рӯи дастархон мениҳоданд, ки сафедранг ҳастанд. Дар ин суфраи идона инчунин себу сир ва санҷид ҳам ҷойгир мешуданд, ки дарунашон сафед мебошад.

Расми сафедгузинӣ ва рамзофарӣ дар замонҳои хеле қадим низ маъмул будааст. Бино ба маълумоти Мусо ибни Исо Ал-Хисравӣ, шоҳони сосонӣ пагоҳии рӯзи Наврӯз бози сафедеро парвоз медоданд ва субҳи Наврӯзро бо ошомидани шири навҷӯшида ва ё хӯрдани порае панири тоза оғоз мекарданд. Ва дар ин рӯзи Наврӯз ба шоҳ дар обгинаи нуқрагин об мебурданд. Чун Наврӯз пешонаи фасли баҳор аст, мардуми кӯҳистон асосан дар айёми Наврӯз шурӯь ба корҳои кишоварзӣ ва зироаткорӣ мекарданд. Рамзи баракату фаровонӣ дар шаклҳои мухталиф дар фарҳанги мардуми тоҷик мунъакис гаштааст. Занҳои тоҷик ҳангоми пухтани ғизои наврӯзӣ – сангчаҳоро ба дег меандозанд, ки рамзи фаровонӣ ва файзу баракат ба шумор меравад. Дар бисёр ҷойҳо ба деги суманак ба ҷои сангчаҳо 7 дона чормағз меандохтаанд.

Хӯрокҳои анъанавии наврӯзии тоҷикон аслан ғизоҳоянд, ки аз анвои ғалладона пухта мешаванд. Чунончӣ, дар ноҳияи Ҳисор аз гандуми кӯфта, нахуд, лӯбиё ва баъзе гиёҳҳои хуштаъм ба монанди райҳон, пудина, шулха, ҷаъфарӣ, пиёз ва ғайра гандумкӯча мепазанд, ки онро дар дигар минтакахо далда (Кӯлоб), кашк (Яғноб), бон (Бадахшон) гуча (дар Панҷакент) ва ғайра меноманд.

Хӯроки мазкур, ки аз хубубиёт ва гиёҳҳо таҳия мегардад, рамзи фаровонии ҳосили кишоварзи соли нав ва инчунин ғизои солимро ифода мекунад.

Рӯзи Наврӯз дар бисёр манотиқи тоҷикнишин дегҳоро пур карда, оши палав ва гандумкӯча мепухтанд ва бо ин амал онҳо орзу мекарданд, ки тамоми сол серию пурӣ ва пурфайзу баракат бошад.

Аз омадани Наврӯз пеш аз ҳама бачагон бо иҷрои маросими шодии гулгардонӣ ба дигарон хабар медиҳанд. Онҳо як-ду ҳафта қабл аз Наврӯз гурӯҳ шуда, ба кӯҳу пуштаҳо рафта гулҳои баҳорӣ: сиёҳгӯш ва гули зардакро чида ба деҳа меоранд ва хона ба хона гашта ба мардум сурудхонон муждаи омадани Наврӯзро мерасонанд. Соҳибхонаҳо гулҳоро бӯй кашидаву ба чашм мемоланд ва ба бачаҳо кулчаю қанду мавиз, дар баъзе ҷойҳо гандуму нахуд медиҳанд.

Анъанаҳои зебою пур аз ҳикмати тоҷикон дар айёми Наврӯзи навбаҳорон беҳисобанд. Аз ҷумла, ниёгони мо аз қадимулайём дар ин давра анъанаеро ба ҷо меоранд, ки дар кӯҳистон бо номи «Даҳи наврӯз» маъруф мебошад. Дар “Даҳи наврӯз мардум тамоми ҷиҳози хонаро берун бароварда, хонаро сафед намуда, аз кӯрпаву палос сар карда, ҳама лавозимоти рӯзгорро мешустанд, метаконданд ва дар берун меовехтанд, то шуълаи офтоб онҳоро безарар гардонад. Барои онҳо Наврӯз, пеш аз ҳама, поккорӣ, ба тартиб овардани манзилу кошона ва деҳу маҳаллаҳо арзёбӣ мешуд. Рамзист, ки дар ин давра бонувони хонадон дару тирезаҳои хонаро кушода мемонданд, то ба хона нурҳои тилоранги офтоб ҳар чи зиёдтар ворид гарданд ва давоми сол манзили онҳо пур аз шодию нишот бошад. Онҳо дегу табақи мисини хонаро бо регҳои обшустаи соҳил шустушӯ намуда, соиш медоданд, то ин зарфҳо ба мисли тило ҷилоноку зебо шаванд.

Зарфҳои кӯҳнаю фарсудаи хонаро мепартофтанд, то ҳама ноомадиҳои соли рафтаро ҳамроҳи онҳо аз манзилашон берун кунанд.

Ҳамасола бахти ту пирӯз бод,

Ҳама рӯзгори ту Наврӯз бод!

Файзиева М.Р-дотсенти кафедраи оптика ва спектроскопия